Вокуниш ба мақолаи “Оҷил: донишҷӯёни ӯзбекистонӣ тарки донишгоҳҳои Тоҷикистон мекунанд”-и оҷонсии хабарии “Sputnik” аз 08.02.2020

13-02-2020
Хеле хуб аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи журналистон нисбат ба соҳаи маориф бетараф набуда, дар ҳама ҳолат бурду бохти соҳаро рӯйи саҳифа меоранд ва бархе барои ислоҳи кор роҳи дурустро нишон додаву тавсияҳои қобили қабул пешниҳод менамоянд ва бархеи дигар аз шеваи кор интиқод мегиранд. Гурӯҳи дигар низ ҳастанд, ки аз шеваи корашон чунин ба назар мерасад, ки гӯё бо ин ё он навишта танҳо рисолати “ҳангомаэҷодкунӣ”-ро иҷро мекарда бошанду халос. Вазорати маориф ва илм низ бо ҳамагуна васоити ахбор пайваста дар ҳамкорӣ буда, нуқтаи назари эшонро дар фаъолияти рӯзмарраи худ мавриди истифода қарор медиҳад. Агар ба таври ошкоро бигӯем, Вазорати маориф ва илм ҳамеша интизори маслиҳатҳои оқилона ва андешаҳои тоза буда, интиқоди воқеиро қабул дорад, вале тоби хулоса, пешниҳодҳои беасос ва мақолаҳое, ки ба ҷуз ҳангома сохтан миёни ҷомеа чизи дигар нест, надорад.
Санаи 8-уми феврали соли ҷорӣ оҷонсии хабаргузории “Sputnik” мақолае нашр кард, ки дар зери сарлавҳаи “Оҷил: донишҷӯёни ӯзбекистонӣ тарки донишгоҳҳои Тоҷикистон мекунанд” гӯё шеваи интиқол гирифтани теъдоди зиёди донишҷуёни ӯзбекистониро ба таҳлил кашида бошад. Аслан, дар мақола ягон ҳарфи ноҷо ё таҳлилу омори нодурусте ҷой надорад, аммо гузоштани чунин сарлавҳа ва истифодаи истилоҳҳои “оҷил”-у “тарк” бештар диққатро ҷалб менамояд.
Бояд дар назар дошт, ки ҳамасола дар раванди таҳсил интиқол ёфтани донишҷӯён аз як ихтисос ба дигар ихтисос, аз як шакли таҳсил ба дигар шакли таҳсил ва аз як муассисаи таҳсилоти олӣ ба дигар муассисаи таҳсилоти олӣ кори муқаррарӣ буда, дар ин масъала ҳоҷат ба мақола навиштану ҳангома сохтан нест. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии дигар кишварҳо дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон интиқол меёбанд. Ё баръакс, донишҷӯёни дигар кишварҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил дар давраи таътили тобистона ба муассисаҳои олии кишварҳои худ интиқол мегиранд. Аз чӣ бошад, ки ин маротиб интиқол ёфтани донишҷӯёни кишвари ба мо дӯсту бародар барои бархе аз журналистони гиромӣ кори ғайримуқаррарӣ гардида бошад.
Ба таваҷҷуҳи ҳамагон мерасонем, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар низоми маорифи кишвар интиқоли донишҷӯён аз як муассиса ба муассисаи дигар баъд аз анҷоми соли таҳсил ба роҳ монда мешавад.
Инчунин, тибқи банди 11-и Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.07.2016, №2122 тасдиқ шудааст, “барқароршавии донишҷӯёне, ки дар курси якум аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудаанд ё аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ё аз як шакли таҳсил ба шакли дигари таҳсил интиқол меёбанд, баъд аз даври академии якум бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад”.
Ҳамзамон, дар банди 18-и Низомномаи мазкур гуфта шудааст: “Интиқоли донишҷӯён дар курсҳои 2-5 аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар, ки ихтисосҳои (самтҳои) дар назди онҳо амалкунада ба як гурӯҳ (кластер) мансубанд, бо розигии ректорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад”.
Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқ мушаххас намудааст, ки донишҷӯе, ки хоҳиши ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар интиқол ёфтанро дорад, бояд ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ариза пешниҳод намояд. Донишҷӯ бояд баъди гирифтани розигии хаттии ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда (дар ариза бояд имзо, мӯҳр ва розигии ӯ возеҳ бошад) ба ректори муассисаи олии касбие, ки дар он таҳсил менамояд, бо ариза ва ба он замима гардонидани нусхаи асли аризаи ба ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ирсолнамудааш муроҷиат намуда, розигии ӯро низ ба даст орад. 
Инчунин, дархости донишҷӯ ҷиҳати интиқол ёфтан дар Комиссияи барқарор ва интиқоли муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда дар асоси пешниҳод гардидани аризаҳои ӯ бо розигии ректорони ҳарду муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. 
Аз таҳлилҳо маълум гардид, ки то имрӯз на ба Вазорати маориф ва илм ва на ба раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳеҷ як нафар ба таври расмӣ барои интиқол ёфтан аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии дигар кишварҳо муроҷиат накардааст. 
Вобаста ба ин, аз журналистони гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз ин кор ҳангома насозанд ва миёни ҷомеа нофаҳмиҳои зиёдро ба миён наоранд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон