Вокуниш ба мақолаи “Шаҳар кӯчаларида сарсон талабалар (Донишҷӯёни саргардон дар кӯчаҳои шаҳр)” – и Зуҳриддин Умаров (“Халқ овози”, аз 16.09.2021, № 36)

30-09-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи мақолаи “Шаҳар кӯчаларида сарсон талабалар (Донишҷӯёни саргардон дар кӯчаҳои шаҳр)” – и Зуҳриддин Умаров, ки дар ҳафтаномаи “Халқ овози” аз 16.09.2021, № 36  нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки муаллиф ба таври умумӣ масъалаи шароит ва норасоии хобгоҳҳо, сарсонӣ ва иҷоранишинии донишҷӯён, дастрасӣ ба хобгоҳҳо ва вазъи иҷтимоии онҳоро масъалагузорӣ намудааст. 
Мавриди зикр аст, ки яке аз  омилҳои дастгирӣ намудани донишҷӯён дар шароити кунунӣ бо хобгоҳ таъмин намудани онҳо буда, ин раванд барои иштироки саривақтии онҳо ба дарс, тарбияи зебоипарастию эстетикӣ, ахлоқу одоби хуб, тозагию озодагӣ, дӯстию рафоқат ва омода шудан ба ҳаёти мустақилона замина мегузорад.  Дар баробари ин, маҳз хобгоҳи донишҷӯён ҷиҳати ба роҳ мондани машғулиятҳои тарбиявӣ дар масъалаҳои гуногун нақши бузургеро бозида, барои якдилию баробарии донишҷӯён шароит фароҳам меоварад.
Ин аст, ки сохтмон ва ба истифода додани хобгоҳҳо ва таъмиру тармими онҳо  дар чанд соли охир ҷараёни нав касб намуда, ба талаботи имрӯз мувофиқ намудани онҳо оғоз шудааст. Дар ин ҷода кори хуби Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайнӣ Тоҷикистон, Коллеҷи  техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Коллеҷи технологии Душанбе, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва дигар муассисаҳои касбӣ, ки дар онҳо хобгоҳ маҷуд аст, қайд намудан ба маврид аст.
Хобгоҳҳо вобаста ба талаботи имрӯз навсозӣ гардида, бо маблағҳои суратҳисоби муассисаҳои таълимӣ барои зиндагии шоистаи донишҷӯён бо ҳама шароити мусоид таъмин карда шудааст. 
Инчунин, дар баробари муҳайё сохтани шароит-таъмини ошхона бо таҷҳизоти хурокпазӣ, китобхона бо китобу мизу курсӣ ва ҷевонҳо, дар ҳама бинои хобгоҳҳо хонаи ёрии аввалияи тиббӣ кушода шудааст, ки дар сурати бемор шудани донишҷӯ метавонад кӯмаки аввалияро ба ӯ расонад. 
Бояд гуфт, ки ҷиҳати шароити хуби иҷтимоии донишҷӯёнро таъмин намудан бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   шурӯъ аз моҳи июли соли ҷорӣ стипендияи донишҷӯён ба андозаи 20%  боло бардошта шуда, дар доираи  дастури  Пешвои миллат ҷиҳати таъмини пурраи донишҷӯён бо хобгоҳ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. 
Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва таъмин намудани донишҷӯён бо хобгоҳҳо корҳои назаррасро анҷом дода, мушкилоти ҷойдоштаро дар кӯтоҳтарин муддат ислоҳ менамояд.
Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки агар рӯзноманигор дар мақолаи худ ба таври мушаххас аз мушкилоти як ё чанд муассисаи таълимӣ зикр мекард, то масъулини вазорат дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати рафъи онҳо чораҳои дахлдор меандешиданд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон