Вокуниш ба мақолаи “Сохтмони гӯшти уштурхӯрда”-и “Мактаби гӯшти уштурхӯрда” - и Зиёдулло Додобоев, (“Фараж”, аз 06.10.2021, №41 (775))

18-10-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Зиёдулло Додобоев, ки бо номи “Сохтмони гӯшти уштурхӯрда”-и “Мактаби гӯшти уштурхӯрда” санаи 6.10.2021, №41 (775) дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки сохтмони муассисаи таълимии №44 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда, фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад. 
Тибқи иттилои масъулин идомаи сохтмони муассисаи таълимии мазкур ба нақшаи сохтмонҳои соли 2022 ворид карда шудааст. 
Ёдовар мешавем, ки соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешбинигардида, навбати дуюми сохтмони муассисаи таълимии №24 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич ба анҷом расонида шуда, иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони бинои иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №25-и деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич идома дорад.
Илова бар ин, дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Фонди Саудии Рушд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”” сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 барои 620 ҷйи нишаст дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич идома дошта, тибқи нақша сохтмони иншоот соли 2022 ба анҷом расонида мешавад. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон