Вокуниш ба матлаби «РӮЗ(И)ноМА Бизнеси рӯзнома аз кист?», ки 24-уми апрели соли 2019 № 17 (647) дар ҳафтаномаи «Фараж», чоп шудааст

06-06-2019
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «РӮЗ(И)ноМА Бизнеси рӯзнома аз кист?», ки 24-уми апрели соли 2019 № 17 (647) дар ҳафтаномаи «Фараж», чоп шудааст мавриди омӯзиш қарор дод.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷрибаи чандинсолаи худ борҳо барои нашри китобҳои дарсӣ, рӯзнома ва дигар маводи таълимӣ иқдом намуда ва дар ин самт ба муваффақиятҳо низ расидааст. Барои мисол, аз соли 2012 инҷониб нашри ҳама гуна китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дар дохили кишвар тавассути ширкатҳои ноширии ватанӣ ба роҳ монда шуд. Солҳои аввал азбаски вазъи соҳаи полиграфияи кишвар чандон ба талаботи рӯзмарра ҷавобгӯй набуд, нашри китобҳои дарсӣ дар хориҷи кишвар ба роҳ монда мешуд. Чунин ҳолат дар ҳақиқат барои бехато ва дар сатҳи зарурӣ нашр шудани китобҳои дарсӣ чандон ҷавобгӯйи талабот набуд. Бо назардошти ин, аз соли 2012 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи полиграфияи кишвар ва аз тарафи дигар, рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ нашри китобҳои дарсиро дар дохили кишвар ба роҳ монд.  Он замон ҳам ин иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҳангома ва сару садои зиёди аҳли матбуот гардида буд. Аммо таҷриба нишон дод, ки ин иқдом боиси рушди ширкатҳои ноширии ватанӣ гардида, аз ҷониби дигар ҷойҳои зиёди корӣ ба вуҷуд омад ва ба буҷаи давлат низ аз ин ҳисоб андози зиёд ворид гардид. Ба роҳ мондани чопи рӯзнома барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар дохили кишвар низ идомаи ҳамин иқдоми Вазорати маориф ва илм аст. Давоми панҷ сол мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи чопи рӯзномаро барои муассисаҳои таълимӣ рӯйи даст гирифтааст ва ҷиҳати ба тамоми талаботи стандарти таълим ҷавобгӯ будани он ба тамоми сохторҳои дахлдор ба мувофиқа расидааст. Хонандагону омӯзгоргон ҳам ин рӯзномаҳоро ба хубӣ истиқбол намуданд. Соли ҷорӣ низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони ширкатҳои ноширӣ пешниҳод кард, ки вобаста имконият метавонанд дар мувофиқа бо вазорат чопи рӯзномаро барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ монанд. Айни замон ширкатҳои ноширии ҶДММ «Ганҷ-нашриёт», ҶДММ «Бебок», ҶДММ «Эр-граф» ва ҶДММ «Паёми ошно» барои чопи рӯзнома бо вазорат қарордод бастаанд.
Бояд гуфт, ки иқдоми Вазорати маориф ва илм зарурати воқеӣ ва як роҳи ҷилавгирӣ аз ҳама гуна бенизомиҳо дар бозори лавозимоти хониш ҳаст. Нашри рӯзнома бизнеси Вазорати маориф ва илм набуда, баръакс ин иқдом ба хотири дастгирӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ роҳандозӣ шудааст. Вазорат ба тамоми ширкатҳои ноширӣ ва истеҳсокунандагони ватанӣ имконият додааст, то ки истеҳсоли ҳама гуна ашёи хонишро дар дохили кашвар ба роҳ монанд. Дар ин замина, метавон гуфт, ки баъзе аз ширкатҳои ноширӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дафтарҳои синфиро низ бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ба фурӯш баровардаанд. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо нусхаи рӯзнома аз ҷиҳати ороиш мувофиқ ба талаботи санитариву гигиенӣ таҳия гардида, ба ширкатҳои ноширии ватанӣ пешниҳод карда мешавад. Вазорати маориф ва илм танҳо сифати коғаз, чоп ва нархи рӯзнома ва дафтарҳоро назорат мекунад, то ки истеҳсоли он дар муқоиса ба бозор қимат ва ё сифаташ паст набошад. Имрӯз дар бозор навъҳои гуногуни рӯзнома бо нархҳои гуногун аз 4 то 20 сомонӣ мавҷуданд, аммо рӯзномаҳои таҳиянамудаи вазорат бо назардошти ҳама гуна хароҷот ва қимати маводи полиграфӣ ба нархи ягонаи 5 сомонию 80 дирам ба хонандагон дастрас карда мешавад. Ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардонидани рӯзнома ва дафтарҳои синфӣ низ ба уҳдаи ширкатҳои ноширӣ дар доираи ҳамин нархи муайянгардида  вогузор шудааст. 
Айни замон Ҷуҳурии Тоҷикистон бештари маҳсулотро аз хориҷи кишвар ба даст меорад, ки суду зиёни ин ба иқтисоди кишвар зарарӣ бештар дорад. Аз ин рӯ, вақте ки дар дохили кишвар имкони истеҳсоли чунин маводро ба пуррагӣ дорем, чӣ ҳоҷат аст, ки онро аз берун ворид кунем?
Як нуктаи дигарро бояд зикр кунем, ки мувофиқи банди 46-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-26-уми январи соли 2008, №3 вазоратҳои маориф, фарҳанг, раёсати илм ва маданияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуда буданд, ки масъалаи дар сатҳи зарурӣ ба табъ расидани китобҳои дарсиро дар чопхонаҳои давлатии махсусгардонидашудаи мамлакат ҳаллу фасл намоянд. Дар сурати дар хориҷа чоп шудани китоби дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ қарори Ҳукумат «Дар бораи рушди саноати полиграфӣ дар ҷумҳурӣ» (октябри соли 2001), ки танҳо дар дохили ҷумҳурӣ чоп кардани тамоми маводи полиграфиро талаб мекунад, халалдор мешавад ва аз ҳама муҳим ин ки маблағҳои дар шароити имрӯза барои мактабу маориф ва умуман ҷумҳурӣ хеле зарурӣ ба берун бурда мешаванд. Агар мо ин корро имрӯз ба роҳ намонем ва ба маҳсулоти хориҷӣ қаноат кунем, ин метавонад дар оянда ба рушду тараққии саноати полиграфии ватанӣ, ки қишри зиёди ҷомеаро бо ҷойи кор таъмин таъсири манфи расонад.
Рӯзномаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тавсияшуда бо он ки мувофиқ ба хусусиятҳои миллӣ таҳия гардидааст, инчунин аз нигоҳи санитарию гигиенӣ, сифати коғаз ва рангнокӣ ба талаботи стандартҳои таълим ҷавобгӯ мебошад. Ин рӯзнома бо назардошти ҳаҷми ҳафта, рӯз ва соатҳои дарсӣ дар давоми як соли хониш тибқи Нақшаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия гардидааст. Аз ин рӯ, бо он ки Вазорати маориф ва илм нашри рӯзномаро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ дар дохили кишвар ба роҳ мондааст, набояд ҳангома созем, баръакс кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки истеҳсоли ҳама гуна маҳсулоти ватанӣ зиёд шавад, ки ин боиси фароҳам шудани ҷойҳои корӣ ва аз ҳама бештар рушди иқтисоди миллӣ хоҳад гашт.    
К. Исоев-директори Маркази таҳия,
нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ,
илмию методии Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон