Вокуниш  ба навиштаи Сафинаи Маъруфҷон “Ки соҳиби квота мешавад?” (“Минбари халқ”, №16 аз 27.04.2022)

14-05-2022
 
Соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳварӣ ба ҳисоб рафта,  ҷиҳати рушду нумӯъ бахшидани соҳа ва ба таҳсил фаро гирифтани хонандагону донишҷӯён корҳои шоиста анҷом медиҳад. Ҳамин аст, ки сол то сол сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил баланд гардида, дастовардҳои муҳассилини тоҷик дар озмуну олимпидаҳои бонуфузи байналмилалӣ зиёд ва таваҷҷуҳи насли ҷавон ба омӯзиш бештар гардидааст. Яке аз иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси квотаи Президентӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола теъдоди зиёди хатмкунандагон тавассути квотаи Президентӣ ба мактабҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз соли 1997 инҷониб ҳазорҳо нафар тавассути квота муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурииро хатм намуда, дар пешбурди вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар хидмати босазо анҷом дода истодаанд.   
Бо мақсади таъмини соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамасола аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи эҳтиёҷоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз 1100 то 1280 квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии 61 шаҳру ноҳия ҷудо менамояд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи талаботи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд раванди қабули довталабонро ба роҳ мемонад.
Раванди қабули озмуни довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ, ки аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи саволномаҳои тестии аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо иштироки бевоситаи волидайни довталабон баргузор мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир саволномаҳои суҳбати даври ҷумҳуриявӣ (сеюм) бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи банди 13-и “Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаи таълимии дахлдор аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва реҷаи махфият бо таъмини бехатарии иттилоот таҳия гардида, дар лифофаҳои махсус (бастаи эмин маҳкамкардашуда) барои комиссияи ҷумҳуриявӣ манзур мегардад.
Ба иттилои Шумо мерасонем, ки дар вақти кушодани лифофаҳо (саволномаҳо)-и аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида ҳам довталаб ва ҳам волидайни онҳо ҳузур дошта, аз тарафи ё довталаб ва ё волидайни онҳо лифофа кушода мешавад. Дар ин сурат оё гуфтаҳои Шумо ““квотник”-ҳо фарзандони раисони шаҳру ноҳия ва ё хешу табори кормандони шуъбаи маориф мебошанд” ва ё гуё “мехаранд” дуруст аст?
Тавсия дода мешавад, ки дар яке аз озмунҳои қабули довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ширкат варзида боварӣ ҳосил кунед, ки оё суханҳои гуфтаатон дуруст аст ва ё не.
Пеш аз он, ки ҳар як шахс дар рӯзномаю маҷалла мавод омода мекунад, як маротиба андеша кунад, ки оё навишта ва гуфтаҳояш дуруст аст. Аз сабаби он ки дар мақолаи навиштаатон ягон ваҷҳ вуҷуд надорад ва ҳамааш умумибаёнӣ аст, хоҳишмандем бо далелу аснод нависед, то мушкилоти ҷойдошта роҳи худро пайдо намояд. 
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон