Вокуниш дар бораи навори пахшгардида дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба бетартибии хонандагон

02-06-2024
Давоми чанд рӯзи охир навори бетартибии хонандагон ва ба об партофтани ду нафар аз духтарон боиси нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва аҳли ҷомеа, бахусус кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон гардидааст. Ба ин хотир, фавран гурӯҳи кории раёсати маорифи вилоят ташкил гардида, ҳолати мазкурро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд.
Дақиқ гардид, ки навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии инстаграм дар саҳифаи Parvizz.tv нашр шуда, сипас дар дигар саҳифаву гурӯҳҳо пахш гардидааст. Дар зери навор “Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус” навишта шудааст. Ҳайати гурӯҳи корӣ бо мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи вилояти Хатлон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус оид ба тааллуқ доштан ё надоштани навор ба муассисаҳои таълимӣ суҳбат намуда, маълумот гирифтанд. Роҳбарони муассисаи таълимӣ ва масъулини шуъбаи маориф тасдиқ намуданд, ки навори мазкур ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус дахл надорад ва хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳия нестанд.
Ҳамзамон, бо масъулини саҳифаи инстаграми Parvizz.tv суҳбати онлайнии масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус ороста шуд ва онҳо аз манбаи номаълум дар чунин шакл дастрас шудани наворро маълумот доданд. Яъне, онҳо низ дақиқан ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус дахл доштани навори номбурдаро тасдиқ карда натавонистанд.
Воқеан амали бетартибии хонандагоне, ки дар навор пахш гардидааст, боиси нигаронӣ мебошад ва маорифчиёни вилояти Хатлон амали хонандагони мазкурро маҳкум менамоем.

Бахши матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон