Вокуниш оид ба мақолаи «53 ҳазор муаллим рафт…»

30-05-2022
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ мақолаи «53 ҳазор муаллим рафт…»-ро, ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 19.05.2022, №20 (713) ба таъб расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод. 
Дар он омадааст, ки танҳо дар мактаби №53-и ноҳия муаллимони фанҳои технологияи иттилоотӣ, таъриху математика ва ҳатто суруд намерасад, муаллимони ҷавон қариб намондаанду омӯзгорон имрӯз ҳавасмандӣ надоранд. 
Бояд гуфт, ки омӯзгори фанни таърих баъди 2 ҳафтаи ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, ба ҷойи кори худ бозгашта, соатҳои дарсии дигар омӯзгорони фанҳои болозикр ҳамчун сарборӣ ба омӯзгорони соҳибихтисос вобаста гардид. Айни ҳол дар муассиса норасоии кадрӣ бартараф карда шудааст. 
Ҳамзамон, ба маълумоти шумо мерасонем, ки  вобаста ба иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 03.05.2006 №197 “Дар бораи  муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” дар соли хониши 2021-2022 дар асоси дархост ба омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия барои қонеъ гардонидани талабот маблағҳои имтиёзнок ба миқдори ҳар кадоме 6 ҳазор сомонӣ дода шуд. Илова бар ин, бо қарори раиси ноҳия ҳамасола барои қадрдонии омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия барои фаъолияти хуби корӣ ва дастовардҳои шогирдон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо нишони сарисинагии “Омӯзгори фахрии Восеъ” сарфароз гардонида мешаванд.
 
М. Орифзода,
мудири шуъбаи маорифи н. Восеъ