ВОКУНИШИ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳсу мунозираҳо оид ба тамдиди соли таҳсил ва манъи чорабиниҳои «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо»

11-06-2019
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба он ки тӯли чанд ҳафта ва рӯзҳои охир дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна сару садоҳо дар атрофи то 14-уми июн тамдид ёфтани муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ зиёд шуда истодааст, аз кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорон, падару модарон, хонандагону донишҷӯён, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамояд, ки аз ин тасмимоти гирифтаи вазорат ҳар гуна ҳангомаи бардурӯғ насозанд.
Нахуст, бояд ба ҳамагон маълум бошад, ки ҷиҳати тамдид намудани буҷаи вақт дар муассисаҳои таълимӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.09.2018, №484 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237 «Оид ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки дар асоси хулосаҳои вазорату кумитаҳои дахлдор, хусусан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. 
Сониян, иттилоъ дошта бошед, ки дар асоси санади мазкур қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 ва солҳои минбаъда» аз таърихи 01.10.2018, №18/39 ба тасдиқ расида, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид. Тибқи ин санад дар зинаи таҳсилоти умумӣ чун пештара чор чоряк ва таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона, баҳорӣ ва тобистона барқарор гардида, соли таҳсил аз 1 сентябр то 14 июн (барои синфи 1 то 7 июн) муқаррар карда шуд.
Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки дар асоси қарорҳои зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2018, №6493 «Дар бораи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.09.2018, №484» ба тасвиб расид. Тибқи ин фармоиш аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда шуд, ки дар ду ҳафтаи тамдидшуда дар соли таҳсили 2018-2019 аз ҳар як фанни мавҷуда аз мавзӯъҳои дар барномаҳои таълимӣ васеъбуда ё аз мавзӯъҳои барои замони муосир мубрамбуда, хусусан аз фанҳои табиию риёзӣ дарсҳои иловагӣ гузаронида шуда, омӯзгорон ҳар як фанни таълимиро ҷамъбаст намоянд. Ибтидо аз соли таҳсили 2019-2020 бошад, барномаҳои таълимии нав, инчунин маводи иловагӣ барои омӯзгорон таҳия гардида, дастраси тамоми раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ гардонида шаванд. Аз ин рӯ, андешаи он ки гӯё «дар муассисаҳо дарсҳо тибқи нақша 25-уми май ба охир расида, хонандагон дарси такрор мехонанд», асоси воқеӣ надорад. Танҳо омӯзгори бесалиқа ва ноӯҳдабаро агар дар журнали синф рӯзҳои идро қайд карда бошад, метавонад ба чунин иштибоҳ роҳ диҳад ва ба норасоии маводи таълимӣ дучор гардад. Чунонки дар поён ёдовар мегардад, вақти таълим амалан (бе рӯзҳои таътил ва ид) тахминан 34 ҳафтаро ташкил медиҳад ва китобҳои дарсии амлкунанда низ бо назардошти ҳамин миқдори соатҳо таълиф шудаанд. Вале, хушбахтона, бидонед, ки дар сафи кормандони соҳаи маорифи кишвари мо теъдоди чунин омӯзгорон кам андар кам аст.
Бояд ба Шумо маълум бошад, ки қаблан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дарс аз 1-уми сентябр оғоз гардида, 7-уми июн ба анҷом мерасид. Давомнокии таҳсил 34 ҳафтаи таълимиро (дар синфҳои якум 33 ҳафта) ташкил медод, вале бо сабаби ба рӯзҳои ид рост омадани 12 рӯзи он, амалан соли таҳсил 32 ҳафтаро фаро мегирифт. Инчунин, соли таҳсил ба ду нимсола ҷудо мегардид: нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр ва нимсолаи дуюм аз 1 феврал то 7 июн. Дар давоми соли таҳсил ба хонандагон ду маротиба – аз 1 то 31 январ таътили зимистона ва аз 7 июн (бе назардошти давраи имтиҳонот) то 31 август таътили тобистона муқаррар гардида буд, ки ба маҳдудияти истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ вобастагӣ дошт.
Дар баробари ин, ба маълумоти ҳамагон мерасонем, ки омӯзиши нақшаю барномаҳои таълимии кишварҳои мухталифи ҷаҳон собит менамояд, ки вақт ва муҳлати оғозу анҷоми таҳсил дар ҳар як давлат вобаста ба имконоту воқеияти он роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, муҳлати таҳсил дар Англия 200 рӯз, Канада 187 рӯз, Туркия 185 рӯз, Белгия 185 рӯз, Дания 205 рӯз, Тайван 205 рӯз, Ҳиндустон 185 рӯз, Индонезия 182 рӯз, ИМА 180 рӯз, Чин 180 рӯз, Испания 175 рӯз, Португалия 175 рӯз ва Фаронса 170 рӯзро ташкил дода, ба муҳити ҷуғрофӣ, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишварҳо мутобиқат дорад. Дар ин кишварҳо таътили тобистона аз 6 то 13 ҳафта идома ёфта, таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ дар ҳамаи онҳо ба нақша гирифта шудаанд ва мутаносибан аз 45 то 60 рӯз идома меёбанд. Барои қиёс метавон қайд намуд, ки дар ҷумҳурии мо соли таҳсил бе таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ (27 рӯз), инчунин рӯзҳои ид (12 рӯз) аз 1 сентябр то 14 июн ҳамагӣ 204 рӯз ё тахминан 34 ҳафтаи таълимиро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, шумо бояд донед, ки дар тамоми кишварҳо оғоз ва анҷоми дарсҳо дар вақтҳои гуногун сурат мегирад. Масалан, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Австрия 7-14 сентябр, Белгия - 1 сентябр, Дания - 11 август, Фаронса - 2 сентябр, Олмон – моҳи август, Италия - 8-17 сентябр, Нидерландия - 18-25 август, Норвегия - 14-22 август, Испания - 5-15 сентябр, Англия - 1 сентябр, Чин - 16 август, Индонезия - 3 август оғоз меёбад. Инчунин, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Австрия 1-8 июл, Белгия - 30 июн, Дания - 26 июн, Фаронса - 4 июл, Олмон – моҳи июл, Италия - 6-16 июн, Нидерландия - 10-17 июл, Норвегия - 17-23 июн, Испания - 19-23 июн, Англия - 20-22 июл, Чин - 1 июл, Индонезия - 9 июн ба охир мерасанд.
Аз тарафи дигар, шумо бояд донед, ки дар давлатҳои Аврупою Амрико вазъи демографӣ мусоид ва нуфуси аҳолӣ паст буда, ин кишварҳо имконияти пурраи истифодаи буҷаи вақти таълимиро аз ҳисоби давомнокии рӯзи таълимии муайяншуда пурра карда метавонанд, зеро дарсҳоро аз соати 8:00 то соати 15:00 ва зиёдтар аз он ба роҳ мемонанд. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфуси аҳолӣ зиёд буда, дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ соати 8:00 шурӯъ гашта, то соати 19 дар ду баст идома меёбанд. Вобаста ба вазъияти мазкур хонандаи мактаби тоҷик имконияти пурраи истифодаи буҷаи вақтро аз ҳисоби давомнокии рӯзи таълим надошта, барои самаранок истифода намудани он мушкилӣ пеш меояд. Аз ин рӯ, зарур буд, ки ин меъёр на аз ҳисоби соат дар як рӯз, балки бо тамдид намудани рӯзи таълимӣ ва мутаносибан, соли таҳсил самаранок истифода карда шавад.
Дар маҷмӯъ, пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз байн рафтани маҳдудияти истифодаи барқ, баробар шудан ба стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот, қонеъ сохтани эродҳои шарикони рушд доир ба кам будани буҷаи вақти хонандаи тоҷик (махсусан, эроди созмонҳои байнамилалии молиявӣ оид ба кам будани вақти таҳсил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои дигари ИДМ ва кишварҳои пешрафта дар ҳудуди аз 18 то 25 фоиз) зарурати таҷдиди назар намудани буҷаи вақт ва замони таҳсили хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба миён омада, акнун амри воқеӣ гардид. Ба ибораи дигар, то 36 ҳафта тамдид намудани соли таҳсил, ки аз он тақрибан 2 ҳафта ба рӯзҳои ид ва 4 ҳафта ба рӯзҳои таътил рост меояд, имкон фароҳам овард, ки хонандаи тоҷик давраи таҳсили худро ба талаботи байналмилалӣ наздик созад. 
Низоми мазкур дар муассисаҳои таълимии кишвар иҷрои самаранок ва муваффақонаи нақша ва барномаҳои таълимиро таъмин намуда, ба таҳкими сифати таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён мусоидат менамояд. Инчунин, ин реҷаи таълим барои аттестат (шаҳодатнома) гирифтани хатмкунандагон, қабули хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он, таъмиру тармим ва ба соли нави таҳсил омода сохтани муассисаҳои таълимӣ, истироҳати тобистонаи кӯдакон, рухсатии саривақтӣ ва нақшавии омӯзгорон ягон монеа эҷод намекунад ва ба манфиати хонанда, падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад. 
Ҳамзамон, ба роҳ мондани чунин муҳлати таҳсил ба хонандаи тоҷик имкон медиҳад, ки дигар баъд аз хатми муассисаи таълимӣ барои донишҷӯ шудан дар муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба гузаштан аз курси яксолаи пешаздонишгоҳӣ (подкурс) машғул нагардад. Баръакс, баъди аз худ кардани барномаи таълимӣ бо ин буҷаи вақти муайяншуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар самти табодули донишҷӯёну магистрон ва докторантон дигар монеа эҷод намегардад. Гузашта аз ин, оё вақти худро сарф кардани хонанда дар мактаб ва дониши худро такмил додани ӯ аз он ки дар кӯча ба беҳӯдагардию оворагардӣ машғул гардад, хубтар нест?  
Масъалаи дигар, ки миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро ба миён овардааст, манъи чорабиниҳои «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо» мебошад.
Хусусан, масъалаи таҷлили «Занги камолот» чанд соли охир ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш оварда, дар ин замина падару модарони хатмкунандагон барои ба танзим даровардани чорабинии мазкур ба унвонии Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳрии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳо менамуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 4-5 соли охир дар робита ба таҷлили «Занги камолот» зиёфатороиву туҳфаситонӣ, омадан бо мошинҳои шахсӣ ба муассисаи таълимӣ, ба сайру гашт ва ё тарабхона рафтани хонандагон мушоҳида мешуд, ки маблағҳои зиёдеро беҳуда талаф медод. Ҳамзамон, бо иштироки хатмкунандагон садамаҳои нақлиётӣ ба вуқӯъ меомад, ки дар натиҷа нафарони зиёде зарар медиданд ё ҳатто ҳалок мегаштанд.
Чорабинии “Занги охир”, ки акнун бо номи “Занги камолот” ном бурда шуда, тибқи фармоиши вазири маориф аз соли 2008 баргузории бодабдаба ва сарфу харҷи зиёд барои он қатъиян манъ карда шудааст, то имрӯз дар атрофи худ ин ё он ҳасрат ва ё ёдбодҳоро ангезиш медиҳад. Дақиқтараш, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои манфиатдоре ҳастанд, ки бо ҳар роҳ аз ин чорабинии ҷиҳати тарбиявӣ ва характери омӯзишӣ надошта, ёдовар шуда, эҳёи дубораи онро талаб мекунанд.
Таҷрибаҳои даҳ соли охир нишон дод, ки чорабинии “Занги камолот” ба як шеваи таҳқиромез намоиши муд, оростани дастурхону зиёфат ва маҳфили тарғиби ҳофизони кӯчагию бозорӣ шуда буд. Ва танҳо як падидаи то саҳар бедор истодану тулуи офтобро истиқбол намудан аз ҷониби хатмкунандагон, майнӯшӣ ва кӯчаю хиёбонҳоро бо кортеҷи мошинҳои бодабдаба бастани онҳо басанда буд, ки ҳамчун инсон ин чорабиниро чун падидаи нангин ва таҳқиромез маҳкум намоем. 
Ҳамзамон, агар ҳамагон мушоҳида карда бошанд, дар солҳои охир хатмкунандагон барои оро додани мӯй, либоси мувофиқи табъ (танҳо барои як рӯз) ва лентаю зангӯла маблағҳои зиёдеро сарф менамуданд, ки ин барои аксари падару модар ғайриимкон буд. Бархе бехабар аз он ҳолатҳое ҳастанд, ки хонандагон барои аз якдигар қафо намондан (дар ороиш) волидайнро ба қарзгирӣ маҷбур карда, думболи сару либос, зангӯлаву пешбандҳои сурху сафед бозор ба бозор мегаштанд. Бархи дигаре он вақт ҳам намефаҳмиданд, ки соҳибкорон дар он рӯзҳо мисли рӯзҳои ид нархи маҳсулотро чанд маротиба баланд мебардоштанд ва ашки модаронеро, ки аз маҷбурӣ ба харидории ашёи занги камолоти фарзандонашон мерехтанд, “нафаҳмида” ашки шодӣ меҳисобиданд.
Бояд таъкид намоем, ки дар сурати пешгирӣ нашудани тарзи гузаронидани чорабинӣ ва ба ихтиёри муассисаҳо, хатмкунандагон ва падару модарони онҳо вогузор намудани сенарияи гузаронидани он бенизомӣ ва бетартибиҳои бештареро метавонист дар дунбол дошта бошад. Садҳо далелҳо ва гузоришу мактубҳо аз номи падару модарон, сохторҳои қудратӣ ва мардуми баору номуси тоҷик дар он солҳо ба унвони Вазорати маориф ва илм дар робита ба бесарусомониҳои чорабинии «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо» ворид гардида буд, ки аз вайрон гаштани низоми ин чорабиниҳо, хусусан «Занги камолот» дар муассисаҳои таълимӣ шаҳодат медоданд.
Ҳадаф аз мавҷудияти соҳаи маориф дар баробари таълим, тарбия намудани насли наврас аст. Насле бояд дар муассисаҳои таълимӣ омода гардад, ки дар баробари таълими хуб гирифтан, дорои ахлоқи неки инсонӣ ва миллӣ, ҳувияти баланди инсонӣ, сариштакору оқил ва орӣ аз ҳама гуна амалҳои расмиётчигӣ бошад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки зина ба зина барои пурра аз байн бурдани чорабиниҳои номбаршуда аз тамоми имкониятҳо истифода намояд. Ҳоло ин чорабиниҳо ба пуррагӣ аз байн бурда шуда, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба ивази онҳо омодагии хонандагон ба имтиҳонҳо ва дарсҳои машваратӣ роҳандозӣ шудааст, ки ба манфиати хонанда, падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон