100 НУКТАИ МУҲИММИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ

30.12.2024

1. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

2. Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

3. Мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

4. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

5. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

6. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.

7. Дар корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад.

8. Даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.

9. Аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд.

10. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд.

11. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод.

12. Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

13. Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.

14. Дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

15. Идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.

16. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

17. Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

18. Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.

19. То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.

20. Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд.

21. Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

22. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот. Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

23. Солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

24. Дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.

25. То имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад.

26. Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.

27. Масъалаи истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав низ таҷдиди назарро талаб менамояд.

28. Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон бунёди иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат ёфта истодааст.

29. Дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.

30. Дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

31. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

32. Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

33. То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.

34. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.

35. Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.

36. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.

37. Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.

38. Дар соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шаванд.

39. Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст.

40. Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

41. Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад.

42. Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст.

43. Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст.

44. Моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.

45. Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

46. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025: – маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад; – маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад; – музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад; – ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

47. Аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

48. Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

49. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

50. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.

51. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

52. Дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

53. Мусаллам аст, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.

54. Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем.

55. Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

56. Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.

57. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.

58. Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.

59. Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд.

60. Фарҳанг ҳастии миллат аст.

61. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод.

62. Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

63. То имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем.

64. Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.

65. Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.

66. Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.

67. Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

68. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

69. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

70. Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

71. Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.

72. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст.

73. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд.

74. Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.

75. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.

76. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.

77. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.

78. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.

79. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.

80. Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем.

81. Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.

82. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

83. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

84. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

85. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

86. Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

87. Интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.

88. Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.

89. Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.

90. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд.

91. Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.

92. Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.

93. Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.

94. Мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем.

95. Масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд.

96. Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.

97. Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.

98. Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем.

99. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.

100. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам.

 

 

ЗОИРЗОДА И.С. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДБССТ

ҚУДРАТОВ Н.А. – сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ

  • 100 НУКТАИ МУҲИММИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҚАДРДОНӢ ОМИЛИ МУҲИМ ДАР ЗАФАРИ ҚАҲРАМОН Инқилоби маърифат ва ҷасорат неруест фатҳпазир ва  неъматест, ки тобиши истеъдодро  имконпазир мегардонад.   Бо ин ҳадаф санаи 30 -декабри соли равон дар театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ пирӯзии  ғолибони озмунҳои даври ниҳоӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Илм фурғӯи маърифат” ва “Тоҷикистон -Ватани азизам” дар  самти маънавӣ ва варзиш дар вазъи тантанавӣ бо тақдими  туҳфаҳои хотиравӣ дар арафаи таҷлили Соли нави  мелодӣ ва сипосномаҳо аз   ҷониби раиси вилоят муҳтарам ,Мирзонабот Алишер Худобердӣ  қадрдонӣ гардиданд.   Зимни сухани ифтитоҳӣ  муҳтарам, раис ҳозиринро  бо таманниёти нек  бо фарорасии соли нав таҳният гуфта , соли куҳанро  баҳри вилоят чун соли зафарёб арзёбӣ намуда, иброз дошт, сароғози нишоту пирӯзӣ   ободию, созандагӣ, ҳаёти босаодату фараҳбахш  маҳз аз баракати сулҳу осудагӣ  ва тақвияти қудрати заволнопазир  яъне илму маърифат вобастагии ногусастанӣ дорад, ҳамзамон   аз беҳтарин комёбӣ дар самти маънавиёт  сарфароз гаштан бо ШОҲҶОИЗА дар озмуни бонуфуз “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” арзи сипос намуд.

    11

    02.01.2025
  •  img
    ПАЁМ ВА МАОРИФ: МАСЪУЛИЯТИ УМУМИМИЛЛӢ Ҳар миллате, ки ба соҳаи маориф такя мекунад, на танҳо имрӯзи худро, балки ояндаи насли худро месозад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, боз як далели равшани он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Дар Паёми сарвари давлат рушди соҳаи маориф ҳамчун заминаи рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат баён гардид.   Дар тӯли таърихи башарият, давлатҳое, ки соҳаи маорифро арҷгузорӣ кардаанд, ба қуллаҳои тараққиёт расидаанд. Имрӯз, дар шароите, ки Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир ҳамгироии худро васеъ менамояд, таҳкими низоми маориф муҳимтарин омили расидан ба ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.   Бо чунин руҳия, Паёми Пешвои миллат ҳамчун як роҳнамо тамоми ҷомеаро даъват месозад, ки ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли ояндасози кишварҳамчун масъулияти умумимиллӣ назар намоянд.   Маориф – омили рушди ҷомеа Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат соҳаи маорифро ба сифати заминаи асосии инкишофи давлату миллат эътироф намуданд. Он замон, дар солҳои душвору ҳассоси таърихӣ, Пешвои миллат бо як дидгоҳи дурбинона соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд.   Суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём: “Ҳамаи пешравию пирӯзиҳои миллат аз мактабу маориф сарчашма мегирад”, гувоҳи равшани онанд, ки илму маориф таъминкунандаи ояндаи равшани давлату миллат мебошанд.   Таҳсилоти томактабӣ – заминаи устувори рушди шахсият Таҳсилоти томактабӣ ҳамчун марҳилаи аввалини таълиму тарбия заминаи асосии ташаккули шахсиятро фароҳам меорад. Ин марҳила на танҳо барои рушди зеҳнӣ, балки барои тарбияи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ нақши калидӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлати Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат супориш доданд, ки то панҷ соли оянда, барои фарогирии 50%-и кӯдакон 800 муассисаи томактабӣ сохта шавад. Дар баробари ин, супориши Пешвои миллат барои бунёди муассисаи томактабӣ дар ҳар маҳалле, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як иқдоми муҳимест, ки дастрасии аҳолиро ба таъдими босифат дар зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин менамояд.   Дастовардҳои таърихӣ – замина барои пешрафт Бо назар ба солҳои аввали истиқлолият, имрӯз мо мебинем, ки чӣ гуна Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба дастовардҳои бузурге ноил шудааст. Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 3229 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз ин шумора ба 4037 расидааст. Дар он давра шумораи хонандагон 1,3 миллион нафарро ташкил медод, ҳоло бошад, беш аз 2,3 миллион нафар мебошанд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 3670 муассисаи таҳсилоти умумии нав бунёд шуда, ба истифода дода шудааст. Дар ин замина бунёди литсею гимназияҳои муосир, ки ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонӣ мебошанд, гувоҳи он аст, ки соҳаи маориф бомаром ба низоми таҳсилоти навин гузашта истодааст.   Дар Паём таъкид гардид, ки дар панҷ соли оянда бояд беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумии нав бунёд гардад, то талаботи афзояндаи ҷомеа қонеъ гардонида шавад. Инчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки таҳким бахшидани сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ яке аз масъалаҳои калидии низоми таҳсилот ба шумор меравад.   Ояндаи таҳсилоти олӣ ва зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ Дар Паём Пешвои миллат ба зарурати рушди таҳсилоти олӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Имрӯз 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз ин шумора, беш аз 30% духтарон мебошанд.   Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун як ҷанбаи муҳим ва стратегӣ таъкид гардид, зеро дар ҷаҳони муосир рӯз аз рӯз талабот ба мутахассисони дорандаи забонҳои хориҷӣ афзоиш меёбад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ як василаи муҳим барои ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир мебошад. Тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд аз зинаи томактабӣ оғоз шавад, то ки насли оянда тавонад дар ҷаҳони рӯзафзун рақобатпазир бошад ва дар таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовор гузорад.   Бо ин мақсад зарур аст, ки стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ворид гардида, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон муассир ба роҳ монда шавад.   Аввалин иқдом барои татбиқи муассири омӯзиши забонҳои хориҷӣ таҳияи барномаҳо ва стандартҳои таълимии нав мебошад. Ин барномаҳо бояд бо назардошти талаботи замон ва хусусиятҳои фарҳангии кишвар омода гарданд. Онҳо бояд ҷолиб, дастрас ва ҳамзамон самарабахш бошанд, то хонандагон тавонанд на танҳо забонҳоро омӯзанд, балки аз онҳо ба таври амалӣ истифода намоянд. Илова бар ин, стандартҳои таълим бояд истифодаи усулҳои нави таълимиро фаро гиранд, ки тавассути онҳо забономӯзӣ на танҳо вазифаи яктарафа, балки як раванди фаъолона ва ҳавасмандкунанда гардад.   Рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ бе таъмини омӯзгорони соҳибтаҷриба ғайриимкон аст. Дар кишвар бояд воҳидҳои нави корӣ барои омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ҷорӣ шаванд, ки онҳо бо истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияҳои нав дарс диҳанд. Омӯзгорон бояд на танҳо дониши амиқи забонӣ, балки малакаҳои муосири омӯзишӣ дошта бошанд. Барои ин, ташкили курсҳои такмили ихтисос, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо марказҳои омӯзишии пешрафта ва дастгирии омӯзгорон аз ҷониби давлат ба манифати хоҳад буд.   Дар асри 21 технологияҳои рақамӣ воситаи тавоно барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошанд. Имрӯз мавҷудияти барномаҳои таълимӣ, вебсайтҳои интерактивӣ ва замимаҳои мобилӣ имконият медиҳад, ки раванди омӯзиши забон барои ҳар як шахс осон ва самаранок гардад.   Иқдомҳо барои рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда намешавалд ва дар ин раванд аҳли ҷомеа, бахусус волидон, бояд фаъол бошанд. Онҳо метавонанд тавассути ташвиқи фарзандон, дастрас намудани китобҳои иловагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ саҳмгузор бошанд.   Рушди маориф – масъулияти умумимиллӣ Маориф ҳамеша ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа шинохта шудааст. Ҳар як миллате, ки ба таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ояндаи худро боэътимод месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки рушди маориф танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки як масъулияти умумимиллӣ аст. Тавре таъкид гардид: “То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, миллат дастнигар ва хору зор боқӣ мемонад”. Ин нукта нишон медиҳад, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошад, зеро пешрафти миллат аз донишу маърифати мардумаш вобаста аст.   Дар ҳар давру замон, пешрафт ва қудрати давлатҳо аз низоми маорифи онҳо сарчашма гирифтааст. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ на танҳо ҷойи таълим, балки манбаи ташаккули шахсиятҳои босавод ва ватандӯст мебошанд.   Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо суръати баланд рушд мекунад, низоми маориф бояд ҷавобгӯ ба талаботи замон бошад. Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат барои рушди маориф татбиқ мешаванд. Ин барномаҳо на танҳо ба таҳкими инфрасохтори мактабҳо, балки ба беҳбудии мазмуну мундариҷаи таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва рушди кадрҳои баландихтисос равона шудаанд.   Масъулияти умумимиллӣ – заминаи рушди ҳамаҷониба Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид карданд, ки рушди соҳаи маориф масъулияти умумимиллӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки на танҳо давлат, балки тамоми табақаҳои ҷомеа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошанд: 1. Волидон: Таълиму тарбияи насли ҷавон танҳо ба муассисаҳои таълимӣ вобаста нест. Волидон бояд ба таҳсилоти фарзандони худ диққати махсус диҳанд, муҳити мусоид барои омӯзиш фароҳам оранд ва фарзандонашонро ба мутолиа ва омӯзиши доимӣ ташвиқ намоянд. 2. Омӯзгорон: Омӯзгорон ҳамчун нерӯи ҳаракатдиҳандаи низоми маориф бояд бо замона ҳамқадам бошанд, донишҳои худро такмил диҳанд ва бо муҳаббат ба касби худ муносибат кунанд. 3. Соҳибкорон: Нақши соҳибкорон дар рушди маориф низ муҳим аст. Бо сармоягузорӣ ба бунёди мактабҳо, таҳияи маводи таълимӣ ва дастгирии лоиҳаҳои таълимӣ, онҳо метавонанд дар ин раванд саҳми назаррас гузоранд. 4. Ҷомеа: Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк кунад, ки сармоягузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Кӯмак ба муассисаҳои таълимӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои таълимӣ ва ташвиқи ҷавонон ба таҳсилот метавонад муҳити омӯзишро беҳтар созад.   Рушди маориф омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати ояндаи дурахшони миллат аст. Аммо ин раванд танҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки агар ҳар як фарди ҷомеа масъулияти худро дар ин раванддарк намоянд.   Маориф на танҳо барои омода кардани насли наврас ба зиндагӣ, балки барои ташаккули шахсиятҳои ватандӯст ва соҳибандеша хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як қадаме, ки барои рушди соҳаи маориф гузошта мешавад, сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст. Маориф сутуни миллат аст ва рушди он вазифаи ҳамаи мост.   Шавкат КАРИМЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”

    30

    02.01.2025
  •  img
    АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.   2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).   3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.   4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.   5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.   6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.   7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 2 январи соли 2025 №АП-710

    22

    02.01.2025