ПАЁМ ВА МАОРИФ: МАСЪУЛИЯТИ УМУМИМИЛЛӢ

02.01.2025

Ҳар миллате, ки ба соҳаи маориф такя мекунад, на танҳо имрӯзи худро, балки ояндаи насли худро месозад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, боз як далели равшани он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Дар Паёми сарвари давлат рушди соҳаи маориф ҳамчун заминаи рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат баён гардид.

 

Дар тӯли таърихи башарият, давлатҳое, ки соҳаи маорифро арҷгузорӣ кардаанд, ба қуллаҳои тараққиёт расидаанд. Имрӯз, дар шароите, ки Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир ҳамгироии худро васеъ менамояд, таҳкими низоми маориф муҳимтарин омили расидан ба ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

 

Бо чунин руҳия, Паёми Пешвои миллат ҳамчун як роҳнамо тамоми ҷомеаро даъват месозад, ки ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли ояндасози кишварҳамчун масъулияти умумимиллӣ назар намоянд.

 

Маориф – омили рушди ҷомеа

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат соҳаи маорифро ба сифати заминаи асосии инкишофи давлату миллат эътироф намуданд. Он замон, дар солҳои душвору ҳассоси таърихӣ, Пешвои миллат бо як дидгоҳи дурбинона соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд.

 

Суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём: “Ҳамаи пешравию пирӯзиҳои миллат аз мактабу маориф сарчашма мегирад”, гувоҳи равшани онанд, ки илму маориф таъминкунандаи ояндаи равшани давлату миллат мебошанд.

 

Таҳсилоти томактабӣ – заминаи устувори рушди шахсият

Таҳсилоти томактабӣ ҳамчун марҳилаи аввалини таълиму тарбия заминаи асосии ташаккули шахсиятро фароҳам меорад. Ин марҳила на танҳо барои рушди зеҳнӣ, балки барои тарбияи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ нақши калидӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлати Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат супориш доданд, ки то панҷ соли оянда, барои фарогирии 50%-и кӯдакон 800 муассисаи томактабӣ сохта шавад. Дар баробари ин, супориши Пешвои миллат барои бунёди муассисаи томактабӣ дар ҳар маҳалле, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як иқдоми муҳимест, ки дастрасии аҳолиро ба таъдими босифат дар зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин менамояд.

 

Дастовардҳои таърихӣ – замина барои пешрафт

Бо назар ба солҳои аввали истиқлолият, имрӯз мо мебинем, ки чӣ гуна Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба дастовардҳои бузурге ноил шудааст. Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 3229 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз ин шумора ба 4037 расидааст. Дар он давра шумораи хонандагон 1,3 миллион нафарро ташкил медод, ҳоло бошад, беш аз 2,3 миллион нафар мебошанд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 3670 муассисаи таҳсилоти умумии нав бунёд шуда, ба истифода дода шудааст. Дар ин замина бунёди литсею гимназияҳои муосир, ки ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонӣ мебошанд, гувоҳи он аст, ки соҳаи маориф бомаром ба низоми таҳсилоти навин гузашта истодааст.

 

Дар Паём таъкид гардид, ки дар панҷ соли оянда бояд беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумии нав бунёд гардад, то талаботи афзояндаи ҷомеа қонеъ гардонида шавад. Инчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки таҳким бахшидани сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ яке аз масъалаҳои калидии низоми таҳсилот ба шумор меравад.

 

Ояндаи таҳсилоти олӣ ва зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Дар Паём Пешвои миллат ба зарурати рушди таҳсилоти олӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Имрӯз 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз ин шумора, беш аз 30% духтарон мебошанд.

 

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун як ҷанбаи муҳим ва стратегӣ таъкид гардид, зеро дар ҷаҳони муосир рӯз аз рӯз талабот ба мутахассисони дорандаи забонҳои хориҷӣ афзоиш меёбад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ як василаи муҳим барои ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир мебошад. Тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд аз зинаи томактабӣ оғоз шавад, то ки насли оянда тавонад дар ҷаҳони рӯзафзун рақобатпазир бошад ва дар таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовор гузорад.

 

Бо ин мақсад зарур аст, ки стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ворид гардида, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон муассир ба роҳ монда шавад.

 

Аввалин иқдом барои татбиқи муассири омӯзиши забонҳои хориҷӣ таҳияи барномаҳо ва стандартҳои таълимии нав мебошад. Ин барномаҳо бояд бо назардошти талаботи замон ва хусусиятҳои фарҳангии кишвар омода гарданд. Онҳо бояд ҷолиб, дастрас ва ҳамзамон самарабахш бошанд, то хонандагон тавонанд на танҳо забонҳоро омӯзанд, балки аз онҳо ба таври амалӣ истифода намоянд. Илова бар ин, стандартҳои таълим бояд истифодаи усулҳои нави таълимиро фаро гиранд, ки тавассути онҳо забономӯзӣ на танҳо вазифаи яктарафа, балки як раванди фаъолона ва ҳавасмандкунанда гардад.

 

Рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ бе таъмини омӯзгорони соҳибтаҷриба ғайриимкон аст. Дар кишвар бояд воҳидҳои нави корӣ барои омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ҷорӣ шаванд, ки онҳо бо истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияҳои нав дарс диҳанд. Омӯзгорон бояд на танҳо дониши амиқи забонӣ, балки малакаҳои муосири омӯзишӣ дошта бошанд. Барои ин, ташкили курсҳои такмили ихтисос, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо марказҳои омӯзишии пешрафта ва дастгирии омӯзгорон аз ҷониби давлат ба манифати хоҳад буд.

 

Дар асри 21 технологияҳои рақамӣ воситаи тавоно барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошанд. Имрӯз мавҷудияти барномаҳои таълимӣ, вебсайтҳои интерактивӣ ва замимаҳои мобилӣ имконият медиҳад, ки раванди омӯзиши забон барои ҳар як шахс осон ва самаранок гардад.

 

Иқдомҳо барои рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда намешавалд ва дар ин раванд аҳли ҷомеа, бахусус волидон, бояд фаъол бошанд. Онҳо метавонанд тавассути ташвиқи фарзандон, дастрас намудани китобҳои иловагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ саҳмгузор бошанд.

 

Рушди маориф – масъулияти умумимиллӣ

Маориф ҳамеша ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа шинохта шудааст. Ҳар як миллате, ки ба таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ояндаи худро боэътимод месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки рушди маориф танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки як масъулияти умумимиллӣ аст. Тавре таъкид гардид: “То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, миллат дастнигар ва хору зор боқӣ мемонад”. Ин нукта нишон медиҳад, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошад, зеро пешрафти миллат аз донишу маърифати мардумаш вобаста аст.

 

Дар ҳар давру замон, пешрафт ва қудрати давлатҳо аз низоми маорифи онҳо сарчашма гирифтааст. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ на танҳо ҷойи таълим, балки манбаи ташаккули шахсиятҳои босавод ва ватандӯст мебошанд.

 

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо суръати баланд рушд мекунад, низоми маориф бояд ҷавобгӯ ба талаботи замон бошад. Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат барои рушди маориф татбиқ мешаванд. Ин барномаҳо на танҳо ба таҳкими инфрасохтори мактабҳо, балки ба беҳбудии мазмуну мундариҷаи таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва рушди кадрҳои баландихтисос равона шудаанд.

 

Масъулияти умумимиллӣ – заминаи рушди ҳамаҷониба

Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид карданд, ки рушди соҳаи маориф масъулияти умумимиллӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки на танҳо давлат, балки тамоми табақаҳои ҷомеа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошанд:

1. Волидон: Таълиму тарбияи насли ҷавон танҳо ба муассисаҳои таълимӣ вобаста нест. Волидон бояд ба таҳсилоти фарзандони худ диққати махсус диҳанд, муҳити мусоид барои омӯзиш фароҳам оранд ва фарзандонашонро ба мутолиа ва омӯзиши доимӣ ташвиқ намоянд.

2. Омӯзгорон: Омӯзгорон ҳамчун нерӯи ҳаракатдиҳандаи низоми маориф бояд бо замона ҳамқадам бошанд, донишҳои худро такмил диҳанд ва бо муҳаббат ба касби худ муносибат кунанд.

3. Соҳибкорон: Нақши соҳибкорон дар рушди маориф низ муҳим аст. Бо сармоягузорӣ ба бунёди мактабҳо, таҳияи маводи таълимӣ ва дастгирии лоиҳаҳои таълимӣ, онҳо метавонанд дар ин раванд саҳми назаррас гузоранд.

4. Ҷомеа: Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк кунад, ки сармоягузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Кӯмак ба муассисаҳои таълимӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои таълимӣ ва ташвиқи ҷавонон ба таҳсилот метавонад муҳити омӯзишро беҳтар созад.

 

Рушди маориф омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати ояндаи дурахшони миллат аст. Аммо ин раванд танҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки агар ҳар як фарди ҷомеа масъулияти худро дар ин раванддарк намоянд.

 

Маориф на танҳо барои омода кардани насли наврас ба зиндагӣ, балки барои ташаккули шахсиятҳои ватандӯст ва соҳибандеша хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як қадаме, ки барои рушди соҳаи маориф гузошта мешавад, сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст. Маориф сутуни миллат аст ва рушди он вазифаи ҳамаи мост.

 

Шавкат КАРИМЗОДА,

номзади илмҳои педагогӣ, директори Муассисаи давлатии

“Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”

  • ПАЁМ ВА МАОРИФ: МАСЪУЛИЯТИ УМУМИМИЛЛӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ EMIS ДАР ШАҲРИ ҲИСОР: ДУРНАМОИ РАҚАМИСОЗИИ МАОРИФ Дар ҷаҳони муосир, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус дар маориф, нақши калидӣ мебозад. Яке аз чунин технологияҳои пешрафта Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (EMIS) мебошад, ки бо ҳадафи беҳтар намудани самаранокии идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардидааст. Дар шаҳри Ҳисор низ истифодаи ин система бо натиҷаҳои назаррас роҳандозӣ шудааст. Татбиқи EMIS дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 5, 47, 41, 36 ва Мактаби Президентӣ бори дигар нишон дод, ки рақамисозии маориф қадами муҳиме ба сӯи рушди самаранокии таълим аст.   Яке аз муҳимтарин дастовардҳои EMIS шаффофияти равандҳои маъмурӣ мебошад. Маълумоти хонандагон пурра ба шакли электронӣ ворид карда шуда, назорати ҳозирии онҳо тавассути функсияҳои хос роҳандозӣ шудааст. Ин раванд на танҳо вақти кормандонро сарфа мекунад, балки дақиқии маълумотро низ таъмин менамояд.   Тавассути EMIS, муассисаҳои таълимӣ тавонистанд захираҳои таълимиро беҳтар идора намоянд ва ҳисоботҳои таҳлилӣ бо сифати баланд омода кунанд. Шаффофият дар ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботдиҳӣ боиси самаранокии идоракунӣ гардида, қабули қарорҳо дар заминаи маълумоти дурусту дақиқ осонтар шудааст.   Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, татбиқи EMIS дар шаҳри Ҳисор бо баъзе мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Яке аз мушкилоти асосӣ нокифоя будани малакаи кормандон дар истифодаи функсияҳои пешрафтаи система мебошад. Ин норасоӣ ба самаранокии умумии фаъолияти система таъсири манфӣ мерасонад.   Илова бар ин, дар баъзе мактабҳо набудани таъминоти устувори қувваи барқ кори мунтазами системаро халалдор намудааст. Чунин мушкилот дар шароити идоракунии рақамӣ метавонанд ба коҳиши самаранокии тамоми равандҳо сабаб шаванд. Масъалаи дигари муҳим амнияти иттилоотист. Идоракунии заифи паролҳо ва набудани чораҳои кофии муҳофизатӣ хатари дастрасии нолозим ба маълумотҳои махфиро афзоиш медиҳад.   Барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва беҳтар кардани самаранокии истифодаи EMIS, чанд иқдоми зарурӣ дар рафти шиносоӣ пешниҳод гардид. Аввалан, омӯзишҳои мунтазам барои кормандони муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шаванд, то онҳо тавонанд аз тамоми функсияҳои система пурра истифода баранд. Сониян, муассисаҳо бояд бо қувваи барқ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин шаванд. Инчунин, амнияти иттилоотӣ бояд тақвият дода шавад, аз ҷумла тағйири даврии паролҳо ва маҳдуд кардани дастрасии нолозим ба маълумот.   Татбиқи системаи EMIS дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ дар маориф на танҳо имконпазир, балки зарур аст. Ин система бо таъмин намудани шаффофият, самаранокӣ ва сарфакорӣ, равандҳои маъмуриро ба сатҳи нав бардоштааст.   Бо вуҷуди баъзе мушкилоти ҷойдошта, таҷрибаи шаҳри Ҳисор нишон медиҳад, ки рақамисозии равандҳои таълимӣ бо саъю кӯшиши муштарак ва риояи тавсияҳо метавонад натиҷаҳои назаррас ба бор оварад. EMIS дар оянда метавонад ба яке аз абзорҳои асосии рушди соҳаи маориф дар саросари кишвар табдил ёбад.

    61

    03.01.2025
  •  img
    МАОРИФ - СОҲАИ КАЛИДӢ Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, дар қатори таҳлили ҳама соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ эътибори ҷиддӣ дода шуд ва нишондиҳандаҳои соҳа дар замони Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.   - Барои рушди дилхоҳ давлат соҳаи маориф соҳаи калидӣ маҳсуб мешавад. Ин соҳа заминаи асосию боэътимоди давлат барои инкишофи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.   Аз ин рӯ, дар раванди сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.   Пешвои миллат пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд. Ҳамчун роҳбари ғамхор ва Пешвои раъиятпарвару фарҳангсолор ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии бунёди донишу маърифат ба ҳисоб мераванд, ғамхорӣ зоҳир намуда, чунин иброз намуданд: «Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад».   Албатта, ҳусни таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба бунёд кардани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ танҳо дастгирии соҳаи маориф нест, балки стратегияи бузурге аст, ки дар он насли донишманд, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвар ба воя мерасанд. Дар татбиқи ин ҳадафи некбинона бояд тамоми қишри ҷомеа, ки ояндаи боз ҳам дурахшони давлату миллати тамаддунофари тоҷикро дидан мехоҳанд, бетараф набошанд. Зеро, ин тадбир бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина инкишоф додани инфрасохтори замонавӣ дар деҳоти мамлакат мусоидати фаъол хоҳад намуд. Аз ҳамин нуқтаи назар, Пешвои миллат ишора намуданд, ки «роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».   Ҳаминро бояд гуфт, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат сиёсати ояндасозу манфиатовар буда, ҳадафи асосии онро таҳкими пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона ташкил медиҳад. Дар ин замина, ба масъалаҳои қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро стратегияю барномаҳои давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боиси марҳила ба марҳила амалӣ намудани ҳадафҳои давлат дар самти рушд бо назардошти ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф мебошад. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад.   Татбиқи барномаю стратегияҳо ва ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ имкон дод, ки инфрасохтори замонавӣ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол сохта ва мавриди истифода қарор дода шавад. Муассисаҳои сохташуда шароити мусоиди замонавиро дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, беҳтар гардонидани шароити дарсгузарии омӯзгорон, муҷаҳҳаз гардонидани технологияҳои замонавӣ, китобхонаҳои нав ва аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа фароҳам оварданд. Аз тарафи дигар, дастовардҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ натиҷаи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошанд. Зеро фазои Истиқлоли давлатӣ ва суботи ҷомеа ба рушди иқтисодиёти давлат мусоидат намуда, дигаргуниҳои куллиро дар самти болоравии шумораи муассисаҳои таълимӣ ва зиёд шудани аҳолии мамлакат ба вуҷуд оварданд, ки ин тадбирҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ ва сиёсати дурандешонаю ғамхоронаи Сарвари давлат дарак медиҳанд.   Тибқи таҳлили Сарвари давлат, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.   Мавриди гуфтан аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти соҳаи маорифи мамлакат заҳмату талошҳои беандоза намудаанд. Натиҷаҳои хизматҳои Пешвои миллатро мо дар нишондиҳандаҳое мебинем, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.   Ёдоварӣ карда шуд, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Дастовардҳои дигар дар он зоҳир мегарданд, ки имрӯз дар мамлакат 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 ҳазор хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Мисоли дигар он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд.   Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.   Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи мукаммали таҳлилӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ заминаҳои мусоиди таҳқиқотӣ фароҳам меоварад. Паёмҳои Президенти Тоҷикистон мазмунан моҳияти илмӣ дошта, маҳз барои муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ки дар самтҳои муайян корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, сарчашмаҳои боэътимод маҳсуб меёбанд. Бахусус, барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Ин пешниҳод аз мо, аҳли маориф вобастагии калон дорад, зеро барои татбиқи он нақш ва мақоми муассисаҳои олии касбӣ назаррас аст. Бахусус, дар заминаи донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ таъсиси факултетҳо ва кафедраҳои дахлдор барои омода намудани мутахассисони иқтисоди рақамӣ ва инноватсия амри воқеӣ мебошад.   Аз ҳамин нуқтаи назар, дар маҷмуъ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳкушои фаъолияти устувор ва манбаи дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ буда, ояндаи пурсаодати давлатро таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат таҷассум менамояд.   Даврон САФАРЗОДА, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    112

    03.01.2025
  •  img
    ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ-КИТОБ АСТ! Хушбахтона, бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи мо рӯ ба китобу китобхонӣ овардаанд. Хонае нест, ки дар он дар бораи китобу китобхонӣ ҳарфе набошад.    Аз ин рӯ, кормандону маҳфилчиёни Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар давраи таътили зимистонаи соли 2024-2025 ба китобхонаи марказии ноҳияи Ёвон ҷалб гардиданд.   Дар китобхонаи марказӣ хонандагон бисёртар китобҳоеро меҷустанд, ки дар он шеъру ғазалҳо, қиссаҳо ва ривояту достонҳое, ки бештар дар онҳо мавзуи ватандорӣ ва ҳисси ҳуввияти миллӣ инъикос гардидааст. 

    57

    03.01.2025