23.09.2026
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода , ноҳияи Спитамен Ҷӯразода Ҷамшед ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода иштирок намуданд.
Зимни суханронии масъулин аҳаммияти сохтани чунин иншоот барои рушди соҳаи маориф ва беҳбудии шароити таҳсили хонандагон таъкид шуд.
Бинои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани ҷойҳои иловагии таҳсил барои хонандагон соли 2025 бо мабалағгузории 1 миллион сомонӣ аз ҷониби волидайни хонандагон ва сарпарастон, инчунин 81 ҳазору 660 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бунёд гардид.
Бино барои фарогирии 320 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дуошёна буда, дорои 7 адад синфхона, 1 ҳуҷраи омӯзгорӣ ва кабинетҳои фанҳои дақиқу риёзӣ мебошад.
Ба истифода додани ин бино дар остонаи соли нави таҳсил имконият фароҳам меорад, ки хонандагони деҳоти Куруш дар шароити муосир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таҳсил намоянд, ки ин саҳми муҳиме дар рушди соҳаи маориф дар ноҳияи Спитамен мебошад.
Дар ҳамин доираи сафар, дар Ҷамоати деҳоти Тағояк низ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ба истифода дода шуд. Сохтмони он соли 2024 бо маблағгузории ташкилоти байналмилалӣ ба маблағи 5 миллиону 620 ҳазору 459 сомонӣ оғоз гардида, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расид. Бинои иловагии таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, бо 18 синфхона барои 540 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои иловагии муассиса барои фарогирии 480 нафар хонанда дар ду баст тарҳрезӣ гардида, дорои 12 адад синфхона, 1 ҳуҷраи омӯзгорӣ, китобхона ва кабинетҳои фанҳои дақиқ мебошад.