12.02.2025
12-уми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, сардорону кормандони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, сардори Сарраёсати маориф ва мудирони маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар кормандони соҳаи маорифи пойтахт иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм қайд кард, ки таъмини сифати таълим ва самаранокии таҳсилот яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин, аз қабили баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба бозори меҳнат рақобатпазир равона карда шудааст.
Дар идома сардори шуъбаи сифати таҳсилоти вазорат Айниддин Холиқзода вобаста ба вазъи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт суханронӣ намуд.
Дар рафти ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани азхудкунии хонандагон, ҷобаҷогузории муназамми соатҳои дарсӣ, танзими сарбории омӯзгорон, пешниҳоди дурусти маълумоти оморӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, риояи ҳатмии сару либоси тавсиявӣ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълиму тарбия, ба танзим даровардани вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот, бартараф намудани камбудиҳо ва норасоиҳои ҷойдошта ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои ба таъмини сифати таҳсилот таъсиррасон ва муайянкунандаи дастовардҳои таълимии хонандагон, ин назорат ва иҷрои “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” ва иҷрои чанде дигар барномаҳо, нақша - чорабиниҳо, консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон