07.03.2025
Модарони азиз!
Бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Хеле хушоянду фараҳафзост, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Рӯзи модар бо шукӯҳу тантанаи хос дар нахустрӯзҳои зеботарин фасли сол - баҳори нозанину ҷаҳоноро таҷлил мешавад. Модар худ ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат ва ҳусну тароват эътироф гардидааст ва ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз меёбад. Зиндагии мо аз ҳастии модарон ва аз шафоатҳои онҳо нуру сафо мегирад, равнақу ривоҷ мепазирад.
Модаронанд, ки моро ба корҳои нек, ба иродатмандию покизагӣ ва ба фардои саодатбор ҳидояту раҳнамоӣ мекунанд ва пайваста бар он талош меварзанд, ки рӯзгори мо пурнишоту хушу хуррам бошад. Модарон олиҳаи зиндагии моянд ва мекӯшанд, ки дар дили мо, пеш аз ҳама, меҳру муҳаббат ба Ватан, ба зодбум ва ба халқу миллатро бипарваранд. Барои ҳаёти осоиштаю файзбори мо дасти дуои модарони меҳрубон ҳамеша болост:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Эҳтироми модар, хидмату арҷгузорӣ ба ӯ ва поси хотири ӯро нигоҳ доштан аз умдатарин фазилатҳои ҳар як фарзанди шоистаю асил аст.
Мо ифтихормандем, ки модари тоҷик обрую шарафи баланд дорад ва ҳамеша баҳри ободонию фаровонӣ, хайру баракат, сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат садо баланд мекунад. Модари тоҷик дар дарозои таърих ҳазорҳо абармардонеро ба дунё овардаю парвардааст, ки дар рушду такомули тамаддуни башарият ҳиссаи сазовору мондагор гузоштаанд. Даврони истиқлол барои модари тоҷик ва кулли бонувони шарафманди ин миллати фархунда имконоти фаровонеро фароҳам овард. Ҳамакнун барои фаъолияти густардаи онҳо ва амалисозии тамоми орзую амалҳои некашон ҳеҷ монеае намондааст. Аз ин ҷост, ки бонувони сарбаланду озодаю фархундаи тоҷик арсаи фаъолияти худро пайваста вусъат мебахшанд ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеаи пешравамон ҳар чи бештар устувор месозанд. Имрӯз модарону бонувони мо дар радифи иҷрои рисолати азалию ифтихории худ - тарбияи фарзанд, ҳамчунин, дар вазифаҳои масъулиятбору муҳимми давлатию ҷамъиятӣ сарбаландона ва бо камоли кордонӣ фаъолият доранд ва баҳри рушду такомулу ободонии Ватани маҳбубамон ҳиссагузорӣ мекунанд.
Мавқеъ, фаъолият ва азму иродаи неки бонувони тоҷик дар аҳди истиқлол дар асарҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хеле барҷастаю возеҳ ва бо эътиқоду эҳтироми самимӣ таҷассум ёфтааст. Гузашта аз ин, Пешвои миллат як китоби алоҳидаи худро, ки «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» ном дорад, ба ситоишу бузургдошти модарону бонувон бахшидаанд. Нақши бонувони мо, махсусан, дар соҳаи маориф хеле барҷастаю пурбаракат аст.
Онҳо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, аз кӯдакистонҳо то мактабҳои олӣ, пайваста заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар ба комёбиҳои рӯзафзун ноил гаштаанд. Бонувон дар соҳаи маориф неруи меҳварианд, 73 дарсади кормандони ин соҳаро ташкил медиҳанд ва мекӯшанд, ки насли наврас-ояндасозони миллат дар руҳияи садоқат ва муҳаббат ба халқу Ватан парвариш ёбанд, хушодобу нексиришт бошанд. Суханони саршор аз эътиқоду боварии Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) садо доданд, бори дигар ифодагари нақши бузурги занону бонувон дар ҷомеаи кунунии мо гардиданд: «Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла, сарулибос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расондани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд». Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин суханрони эътимодмандона, пеш аз ҳама, ба бонувоне, ки дар соҳаи маориф кор мекунанд, дахл доранд ва онҳоро ба фаъолияти боз ҳам фарогиртару густардатар ҳидоят мекунанд. Албатта, бонувони соҳа ҳамеша сазовор ба ин эътимоди баланд амал хоҳанд кард.
Модарон ва бонувони арҷманд!
Шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни фархунда-Рӯзи модар, ки барои ҳар як фарди ҷумҳурии маҳбубамон ҷашни писандидаву фараҳбор аст, самимона табрику таҳният мегӯям. Таманнои онро дорам, ки ҳамеша хушбахту саодатманд, тансиҳату сарбаланд ва бархурдор аз рӯзгори файзбору тинҷу осуда бошед.
Ҷашн муборак, модарону бонувони азиз!