07.03.2025
Бо мақсади шинос шудан аз раванди таълиму тарбия, давомоти донишҷӯён, омодагии омӯзгорон ба дарс, истифодаи технологияи рақамӣ дар рафти дарсҳо, сифати таълим, нақшаву барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, рафти омодакунии мутахассисон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дидан намуд.
Зимни боздид вазири маориф ва илм бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникӣ таъкид дошт, ки дар маҷмуъ дар муассисаи мазкур ихтисосҳое амал мекунанд, ки дар заминаи омӯзиш ва азхудкунии илмҳои дақиқ ба роҳ монда шудаанд. Бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст. Барои амалӣ намудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф омӯзгорони муассисаро мебояд, ба дарс ва омӯзишҳои амалӣ муносибати ҷиддӣ намуда, вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда мутахассисони ҷавобгу ба бозори меҳнатро омода намоянд. Таъкид гардид, ки бояд ба раванди амалинамоии «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар муассиса тадбирҳо амалӣ андешида шуда, кор дар ин самт ҷоннок гардад.
Вазири маориф ва илм дар рафти боздид аз давомоти донишҷӯён изҳори нигаронӣ намуда, ба роҳбарияти муассиса таъкид дошт, ки раванди таълим ва иштироки пурраи донишҷӯён дар дарс бояд зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, масъалаи мазкур пурра ҳалли худро ёбад.
Ҳамзамон, дар идома вазири маориф ва илм атрофи мавзуъҳои ихтисосҳои амалкунанда, баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса, беҳтар намудани давомоти донишҷӯён, риояи сару либоси тавсиявӣ, иштироки бештари донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии онҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, омода кардани кадрҳои баландихтисос дар самти сохтмон ва меъморӣ, омода будани омӯзгорон ба дарс, барномаҳои таълимӣ, омодагӣ ба пешвози ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, таълиф ва нашри китобҳои дарсӣ ва ғайра бо роҳбарият ва омӯзгорони муассиса суҳбат намуда, барои рафъи мушкилиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон