14.06.2025

14 июни соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи кории Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки соҳаи маориф баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаи маориф, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи шарикони рушд, сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед, муовини якум, муовинони вазир, намояндагони шарикони рушд, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, ҳадафу аҳаммияти баргузории онро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод. Вазири маориф ва илм дар суханронии худ иброз дошт, ки тибқи таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф яке аз рукнҳои асосии рушди устувори кишвар буда, тақвияти соҳа тавассути ҳамоҳангии фаъоли дохилӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ имконпазир аст.
Таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ ва дигар шарикон тавонистааст як қатор иқдомҳои муҳим, аз ҷумла, таҳияи ҳуҷҷати миёнамуҳлати Созишномаи шарикии “КОМПАКТ”-ро ба иҷро расонад.
Дар ҷаласа намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла, Муҳаммад Тариқхон, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ, Изабел Уриз, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, Артур Ван Дизен, роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва ҷаноби Адҳам Мусаллам, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, баромад ва пешниҳодҳои мушаххас карданд. Онҳо ҳамкории худро бо Вазорати маориф ва илм барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор иброз дошта, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ин ҳамкориҳо таъкид намуданд.
Дар навбати худ муовини раиси вилояти Суғд зимни баромади худ иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи рушди маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа дода, ҳамкориро бо Вазорати маориф ва илм, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар самти такмили инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва таъмини муҳити сифатноки таълим пайваста тақвият медиҳад. Гуфта шуд, ки бо талошҳои муштарак, дар вилоят имкониятҳои таълимӣ рӯз ба рӯз беҳтар гардида, замина барои таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст фароҳам гашта истодааст.
Илова бар ин, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорат ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла, Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ, шуъбаи сифати таҳсилот, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва дигар сохторҳо аз фаъолияти худ дар заминаи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои нав гузориш доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- рушди соҳаи маориф дар вилояти Суғд;
- татбиқи марҳилавии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои солҳои 2025–2027;
- ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунӣ ва таълим (Tech4Ed);
- таҳияи платформаҳои таълимӣ дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф”;
- гузариши аттестатсияи омӯзгорон ба шакли рақамӣ;
- таъсиси Гурӯҳи маорифи маҳаллии минтақавии вилояти Суғд ва таҳкими низоми ҳамоҳангии шарикони рушд (LEG/DCC).
Дар идомаи ҷаласа ба роҳбарони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҳамкориҳои босамар ва саҳмашон дар рушди маорифи кишвар "Сипоснома"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Дар охири ҷаласа натиҷаҳои муҳокимаронӣ ҷамъбаст гардида, барои идомаи раванди ислоҳот дар низоми таҳсилот ва ҷалби сармояи байналмилалӣ тавсияҳои мушаххас таҳия шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон