15.06.2025

 img

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуд.

 

Зимни боздид муовини вазир аз утоқҳои кории кормандон, утоқи мудири шуъбаи маориф, толори маҷлисгоҳ ва дигар бахшҳои асосии бино дидан намуда, бо кормандони шуъба суҳбат анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи масъулин ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб карда шуд.

 

Сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда шудааст.

 

Бинои мазкур сеошёна буда, тибқи лоиҳа бо тамоми шароити муосир ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои дигар