03.07.2025

 img

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.

 

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.

 

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.

 

Дар робита ба ин ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Саудии Рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун ва 30 миллион доллари амрикоӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

 

Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо мувофиқи мақсад дониста шуд.

 

Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.

  • Мулоқот бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад img
  • Мулоқот бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФУРСАТИ ТИЛОӢ БАРОИ ДӮСТДОРОНИ ФИЗИКА: ИШТИРОКИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ ISPHO-2025 Аз 29 июн то 8 июли соли 2025 дар шаҳри Ханти-Мансийск, Федератсияи Русия Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика «ISPhO-2025» баргузор мегардад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаи мунтахаби иборат аз 3 нафар хонанда ва 1 нафар омӯзгор муаррифӣ менамоянд.   Ин олимпиада ба афзоиши шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши амиқи физика мусоидат намуда, ба дастаҳо имконияти беназири ба даст овардани таҷрибаи арзишманд дар ҳал ва моделсозии масъалаҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ медиҳад.   Олимпиадаи ISPhO-2025 аз ду бахш назариявӣ ва таҷрибавӣ иборат буда, дар қисми назариявӣ иштирокдорон бояд 3 масъаларо ҳал кунанд. Яке аз масъалаҳои назариявӣ унсурҳои моделсозии компютерӣ ва таҳлилро дар бар мегирад. Дар бахши таҷрибавӣ бошад ба иштирокдорон супориш дода мешавад, то таҷриба гузаронанд, ки дар рафти он барои гирифтан ва коркарди маълумот компютер истифода шуда метавонад.   Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Федератсияи Русия, Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийск – Югра ва Муассисаи давлатии федералии автономии таҳсилоти олии «Донишкадаи физикаву техникаи Москва (донишгоҳи тадқиқотӣ)» гузаронида мешавад.

    15

    02.07.2025
  •  img
    Боздиди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ Рӯзи 2 июли соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Шарора»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Зимчуруд»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ намуд.   Зимни сафари корӣ муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода дар ҳузури мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои болозикр Кучарзода Ҳусния, Нуряминзода Саида ва директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муяссара Давлатзода бо ҳайати кормандони омӯзгорӣ ва истироҳаткунандагон суҳбат ороста, аз ташкили раванди истироҳатгоҳ, ҷои хоб, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, таъминот бо маводи хӯрокворӣ аз наздик шинос шуданд.    Мавриди қайд аст, ки дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Шарора» 190 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, ғолибони олимпиадаҳои фаннии даврҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, инчунин 30 нафар хонандагони мактаб-интернат ба истироҳат ҷалб карда шудаанд.   Дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар басти дуюм 250 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла 30 нафар хонандагони мактаб-интернат ва дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» 450 нафар наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.   Зимни мулоқот муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ба ҳайати кормандони истироҳатгоҳҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати омодагӣ ба басти сеюм супоришҳои мушаххас дод.

    40

    02.07.2025
  •  img
    БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА РАВШАН АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "ШАРОРА" Санаи 2 июли соли 2025, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо мақсади шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат ва барномаҳои таълимиву тарбиявии кӯдакон ва наврасон аз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.   Дар ҷараёни боздид, муовини вазир бо роҳбарияти истироҳатгоҳ, тарбиятгирандагон ва роҳбарони гурӯҳҳо вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити будубоши кӯдакон, барномаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ шинос гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони 2025 ва татбиқи сиёсати давлатии наврасону ҷавонон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат таъкидҳои зарурӣ баён карда шуданд.   Каримзода Равшан ташаббусҳои роҳбарият ва кормандони истироҳатгоҳро ҷиҳати фароҳам овардани муҳити солим ва фаъол барои истироҳати кӯдакон мусбат арзёбӣ намуда, пешниҳоди ҷорӣ намудани унсурҳои таълими экологӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳиро дар барномаҳои истироҳатӣ муҳим шуморид.   Дар анҷоми боздид, роҳбарияти истироҳатгоҳ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон минбаъд низ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.

    33

    02.07.2025