БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТ
26.12.2024
Имрӯз, 26 декабри соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар пешрафти соҳаи маориф ва илм» ҷиҳати амалисозии банди 12-и Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илм иброз намуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа маҳсуб ёфта, дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат мавқеи бунёдӣ ва такягоҳиро ишѓол намудааст. Зеро нақши илму маориф барои таълиму тарбияи насли солим, шахси фаъолу созанда ва эҷодкор бисёр бузург мебошад.
Гуфта шуд, ки раванди босуръати рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ҷомеаи муосири ҷаҳониро водор месозад, ки ҳамаи самтҳои рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба технологияи замонавӣ ҳамоҳанг карда шаванд. Зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рушди соҳаҳои мазкур аз татбиқи васеи комёбиҳои соҳаи информатика ва техникаи компютерӣ асос меёбанд. Маҳз бо ҳамин мақсад бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.
Сипас, маърузаҳои Содиқ Ятимзода – номзади илмҳои геологӣ, мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм дар мавзуи «Сохти геологии сайёраи Замин ва равандҳои табиӣ» ва Қурбоналӣ Насруллозода – мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи вазорат дар мавзуи «Саҳми мутафаккирони тоҷик дар рушди илмҳои дақиқ-риёзӣ» пешниҳоди ҳозирин гардид.
Дар охир, миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифта, изҳори умед карда шуд, ки баргузории чунин конференсияҳо метавонанд барои баланд бардоштани донишҳои илмӣ, махсусан, илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии кормандони соҳаи маориф саҳми босазо гузорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон