eDonish: омили такмилбахши таълим

27.12.2024

Замони муосирро бидуни истифодаи техника ва технологияҳои нав тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҷумла, ин омил дар муассисаҳо мавқеи барҷаста касб кардааст ва дар мактабҳо аз имконоти воситаҳои техникӣ бамаврид истифода бурда мешавад.

 

Чандест, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барномаи «eDonish» амал мекунад. Бояд қайд кард, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ (06.08. 2020, №409) «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» барномаи мазкур дар се марҳала ба роҳ монда шуд, ки марҳалаи якум 50 муассиса, марҳалаи дуюм 55 ва марҳалаи сеюм 45 муассисаро дар бар мегирад.

 

Директори Маркази таҳ­лилию иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода иброз дошт, ки айни ҳол барномаи мазкур дар 150 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба таври ройгон роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф аз татбиқи барномаи мазкур гузаштан аз низоми анъанавӣ ба низоми электронӣ мебошад. Инчунин, дар 20 мактаби шаҳри Душанбе журналҳои анъанавӣ аз байн рафта, пурра журнали электронӣ истифода мешавад, ки ин омил фаъолияти омӯзгоронро осон намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои диққатҷалбкунанда шудани «eDonish» дар соли 2025 бахши озмоишҳои виртуалӣ низ ба роҳ монда мешавад, ки омӯзгорони физикаву химия метавонанд бо истифода аз он дарсҳояшонро самарабахш ба роҳ монанд.

 

– Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз ҷиҳати техникӣ танқисӣ намекашанд ва бо компютерҳо таъмин мебошанд. Ҳамчунин, муассисаҳо бо интернет пайвастанд. Барои беҳтару хубтар ва босифат ба роҳ мондани барномаи «eDonish» аз ҷониби Шаҳри ҳушманд (Smart City) якҷоя бо Маркази таҳлилию иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мунтазам семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва маъмурони барнома гузаронида мешавад, - иброз дошт З. Муродзода.

 

Омӯзгорон доир ба фаъолияти барномаи мазкур андешаҳои гуногун доранд. Ҳангоми суҳбат бо як идда омӯзгорон маълум гашт, ки корашон дучанд шудааст. Фирӯза Солиҷонова, омӯзгори математика-информатика, ҳамчунин, маъмури «eDonish» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки омӯзгорони муассиса ҳам журнали анъанавӣ ва ҳам журнали электрониро пур мекунанд. Аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо сабаби зиёд будани шумораи хонандагон дар синфхонаҳо дар раванди машғулиятҳо бо ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ кор кардан имкон надорад.

 

Ҷамила Шоинова, муовини директор оид ба таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ зикр кард: «Яке аз хусусиятҳои хуби барномаи электронии «eDonish» дар он аст, ки ҳисоботи омориро аниқу дақиқ пешниҳод менамояд. Истифодаи барномаи мазкур барои омӯзгорон муфид хоҳад буд, агар танҳо журнали электронӣ пур кунанд. Мушкили дигаре, ки мо пайваста ба он дучор мешавем, суст будани суръати интернет аст».

 

Дар литсейи №4 барои хонандагони бо­лаёқати шаҳри Душанбе низ барномаи электронии «eDonish» роҳандозӣ гардидааст. Муовини директор оид ба таълим ва тарбияи литсейи мазкур Салоҳиддин Раҳмонов қайд кард: «Вобаста ба талаботи замон дар муассиса барномаи мазкур амал мекунад. Дар литсей журнал­ҳои анъанавӣ истифода намешаванд ва омӯзгорон пурра бо журнали электронӣ кор мекунанд. Бо сабабҳои техникӣ ҳолатҳое мешавад, ки баҳо дар журнал сабт намешавад ва омӯзгорон дар журнали муқаррарии худ сабт мекунанд. Истифодаи бахши «Face ID»-и «eDonish» ба давомоти хонандагон дар дарсҳо таъсири мусбат гузоштааст».

 

Инчунин, барномаи электронии «eDonish» ба волидон имкон медиҳад, ки рӯзномаи фарзандонашонро ба таври маҷозӣ назорат намоянд ва китобҳои заруриро дар шакли электронӣ дастрас кунанд. Аз суҳбат бо волидон мушаххас гардид, ки онҳо дар хусуси барномаи мазкур ақидаҳои гуногун доранд.

 

Сарвиноз Муҳаммедова, модари Маҳиноз ва Дилнавоз Носироваҳо, хонандагони литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, аз фаъолияти барнома қаноатманд аст.

 

– Ҳамарӯза фарзандонамро ба муассисаи таълимӣ мебарам, вале мешавад, рӯзҳое, ки аз серкорӣ наметавонам онҳоро то литсей ҳамроҳӣ намоям. Барномаи «eDonish» кори моро бисёр осон намуд, чунки кадом соат фарзандонамон ба мактаб ворид мешаванду кадом соат аз он ҷо мераванд, сари вақт огоҳ мешавем ва аз сатҳи дониши онҳо мунтазам маълумот ба даст меорем.

 

Машҳура Усмонова, модари Субҳия ва Саҷоат, хонандагони МТМУ №87-и ноҳияи Сино, қайд кард, ки «Вақте мо, волидон, ҳамаҷониба фарзандони худро таҳти назорат қарор медиҳем, боиси он мегардад, ки таваҷҷуҳашон ба хониш зиёд шавад. Дар зимн, дарсгурезии хонандагон ва ба амалҳои номатлуб даст задани онҳо низ оҳиста-оҳиста аз байн хоҳад рафт».

 

Барномаи «eDonish» дорои сомонаи худ бо номи www.edonish.tj буда, аз рубрикаҳои гуногун, аз қабили «Рейтинг», «Китобхона», «Ахбор» ва ғайра иборат аст. Бояд гуфт, ки барномаи электронии «eDonish» низоми таълими муассисаҳоро такмил мебахшад.

 

Ирода ТИЛАБОВА,

Хуршеда АЗИЗОВА,

«Омӯзгор»

  • eDonish: омили такмилбахши таълим img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУҲОКИМАИ “ЧАҲОРЧӮБАИ МИЛЛИИ РУШДИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” Имрӯз, 27-уми декабри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муҳокимаи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.   Дар муҳокимаи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини вазири маориф ва илм Сафарзода Дилшод, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат, ҳамҳангсози лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”, намояндагони Кумитаи падару модарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.   Зимни муҳокима муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро ҳамчун самти калидии пешрафти кишвар ба таври мунтазам рушд ва тавсеа мебахшад. Роҳбарияти олии кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ки тамоми сатҳҳои таҳсилот, аз боғча то мактаби олӣ таълим ба талаботи ҷаҳонӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеа мутобиқ карда шаванд. Ҳадафи асосии “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тарҳрезӣ ва татбиқ кардани як низоми таълимие мебошад, ки дастрасӣ ва сифати таҳсилотро баланд бардошта, барои омодасозии насли нав ба талаботи бозори меҳнат дар арсаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Зеро рушди устувори кишвар аз рушди соҳаи маориф вобастагии калон дорад. Инчунин дар доираи ин чаҳорчӯба бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ низ дар назар дошта шудааст.   Гуфта шуд, ки “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” самтҳои муҳимми стратегии таъмини дастрасии баробар ба таҳсилот дар муҳити фарогир ва муҷаҳҳаз, баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияи муосир ба раванди таълим ва ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад.   Дар идома як қатор иштирокчиёни чорабинӣ вобаста ба моҳияти “Чаҳорчӯбаи милли рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фикру андешаҳои худро ироа намуда, таъкид гардид, ки “Чаҳорчӯбаи милли рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадами дигаре барои рушди маориф дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани муҳити таълими созгор ба ҳар як хонандаи тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    48

    27.12.2024
  •  img
    БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ Соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри пешрафти бомароми он пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ин ҷост, ки фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он пайваста такмилу густариш ёфта, ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд.   Дар ин замина, Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2023) таъсис дода шуд, ки қадами устувор дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои солҳои 2015-2030 буда, иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати «Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таъмин мекунад. Маркази мазкур беш аз як сол мешавад, ки фаъолият дорад ва дар меҳвари он бунёди самараноки маориф, ки имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ ва стандартҳои низоми таҳсилоти пешрафтаи ҷаҳонӣ, низоми байналмилалии арзёбии сифат ва воридшавии Тоҷикистон ба Барномаи давлатӣ оид ба баҳодиҳии дастовардҳои таҳсилоти хонандагон ба ҳисоб меравад. Дар доираи фаъолияти худ марказ вазъи соҳаи маориф, зинаҳои таҳсил, ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф, сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии соҳаи маорифро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, роҳҳои самарабахши онро барои аҳли маориф пешниҳод менамояд. Дар зимн, дар ҷараёни таҳия, мувофиқа ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, нақшаҳои рушд ва кумакҳои техникии соҳаи маорифро ҳамоҳанг намуда, ба ин восита, ба вусъати ҳамкорию сармоягузориҳо ва таъмини заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.   Зимни суҳбат директори марказ Насимҷон Давлатзода қайд кард, ки Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як соли фаъолияташ таъмини иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатии соҳаро якҷоя бо раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, оид ба татбиқ намудани навгонию пешрафтҳои соҳаи маориф, гузаронидани мониторинг оид ба татбиқи лоиҳаҳо, мониторинг ва баҳодиҳии иҷрои стратегия дар соҳаи маориф ба анҷом расонидааст. Зимни таҳлил маълум гардид, ки фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ такмил ёфтааст ва имконоту шароит ҷиҳати омӯзиш ва фаро гирифтани донишҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, нақши Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ, Ҳадафҳои Рушди Устувор барои солҳои 2015-2030 ва Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 назаррас буда, дар таъмини иҷрои босифати сатратегия, барномаҳои давлатӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор хидмати арзанда анҷом медиҳад. Дар ин самт, марказ ҳамкориҳоро бо шарикону рушд вусъат бахшида, нуктаҳоеро, ки дар стратегия ва барномаҳои таълимӣ зикр гардидаанд, марҳала ба марҳала иҷро мекунад.   Шоистаи таъкид аст, ки самтҳои асосии фаъолияти марказ таъмини иҷрои корҳо вобаста ба таҳлили вазъи соҳаи маориф, таҳия, татбиқ, маблағгузорӣ ва ҳамоҳанг сохтани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, стратегия, барномаҳо ва нақшаҳои рушди соҳаи маориф, инчунин, ташкил ва баргузор намудани машваратҳои Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ ва шарикони рушд мебошад. Яке аз самтҳои тақвият­бахши фаъолияти марказ ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин самт пайваста бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ, Бонки Исломии Рушд, ЮНЕСКО ва дигар аъзои шарикони рушд вохӯриҳо баргузор намуда, сармоягузориҳои соҳаи маориф ва пешрафти бадастомадаро баррасӣ мекунанд. Аз ин рӯ, марказ дар давоми як сол фаъолияти бавусъат дошт.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо шарикони рушд, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, иҷрои бандҳои стратегия ва барномаҳои давлатӣ густариш бахшида шаванд. Дар ин самт Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) таъкид доштанд: «...бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзго­рон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақами­кунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати боса­лоҳият ба таълим эътибори аввалин­дараҷа зоҳир гардад».   Вобаста бо ҳамкориҳои байналмилалии марказ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар соҳаи маориф Н. Давлатзода зикр намуд, ки дар ин самт дар давоми як сол марказ корҳои назаррасро ба сомон расонд. Таври мисол, аз чанд чорабинии сатҳи баланд, ки ба тақвияти фаъолияти вазорат мусоидат карданд, метавон ёдовар шуд. Аз ҷумла, Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳлили муштараки соҳаи маориф 27-28 феврали соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор намуд. Дар оғози конференсия вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар ин ҳамоиш ҳамаи самтҳои «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар баробари ин, ҷиҳати амалишавии стратегияи мазкур Вазорати маориф ва илм ҳавасманд аст, ки бо ҷонибҳои гуногун ҳамкориҳоро тақвият бахшад.   Роҳбари Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) Муҳаммад Тариқ Хон, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен ва сардори бахши ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бухманн суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории ин ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар сатҳи хуб қарор дошта, дар оянда низ тақвият дода мешавад. Дар конференсияи мазкур муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ намудани таҳсилоти ба салоҳият асосёфта тибқи Созишномаи шарикии «КОМПАКТ» яке аз масоили меҳварӣ ба ҳисоб мерафт. Дар он тамоюлҳо ва дастовардҳои умумие, ки дар «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» пешбинӣ шудаанд, дар асоси ба итмом расонидани Нақшаи амали миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023 ва оғози Нақшаи миёнамуҳ­лати амал барои солҳои 2024-2026 бар­расӣ гардид. Пешниҳод намудани сохтори умумии кумаки техникӣ дар доираи Созишномаи шарикии «КОМПАКТ» ва СМРМ-2030, аз ҷумла, механизмҳои институтсионалӣ барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои ҷорӣ ва эҳтимолӣ оид ба дастгирии гузариш ба таҳсилоти фарогир, рақамӣ ва ба салоҳият асосёфта, ташаккул ва фаъ­ол кардани гурӯҳҳои кории мавзуии СМРМ-2030, аз ҷумла, сифати таҳсилот, такмили касбияти омӯзгорон, низоми миллии арзёбии омӯзиш, механизми идоракунии ахбори маориф, дастрасӣ ба таҳсилот ва идоракунӣ, маблағгузории маориф дар меҳвар қарор гирифт. Дар зимн, татбиқи ислоҳоти таҳсилоти ба салоҳият асосёфта, аз ҷумла, бозбинии барномаи таълимӣ, рушди касбии омӯз­горон ва арзёбии миллии омӯзиш дар авлавият ҳисобида шуд.   Ҳамчунин, 4-6 июни соли 2024 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбари Шурои директорони Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф Ҷокая Киквете, вазири рушд ва ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, узви Парлумони Олмон Свенжа Шултс ва ҳайати Шурои директорони созмони мазкур, вазирони маорифи мамлакатҳои аъзо, намояндагони ташкилотҳои сар­моягузорӣ, нозирон аз созмонҳои гуногун иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибистиқлол бо тамоми мамлакатҳои дунё муносибати хайр­хоҳона дошта, бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ фаъолияти мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Дар ин раванд Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) яке аз созмонҳое мебошад, ки дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурда дорад. Дар ин ҳамоиш як қатор ташаббусҳо мавриди омӯзишу мубодилаи тарафайн қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи маорифи кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Боиси ифтихор аст, ки моҳи июни соли 2025 ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон баргузор мегардад.   Инчунин, 2 июли соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2023 ва муаррифии Нақшаи миёнамуҳлати «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии То­ҷикистон барои солҳои 2024-2026» баргузор шуд. Дар он вазири маориф ва илм қайд намуд, ки мақсади асосии ин стратегия бунёди низоми самараноки соҳаи маориф, ки имконоти инклюзивӣ ва баробар, инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ (интеллектуалӣ), шуғли кор кардан ва беҳтар намудани некуаҳволии умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, маҳсуб мегардад. Стратегияи мазкур бо дарназардошти афзалиятҳои соҳаи маориф ва илм таҳия гардидааст. Дар он дастрасии таҳсилот ва иштирок дар ҷараёни таҳсилот, самаранокии дохилии соҳаи маориф, сифат ва муҳиммияти соҳаи маориф, таъмини принсипҳои баробарӣ дар соҳаи маориф ва илм, идоракунӣ ва маблағгузории буҷети соҳаи маориф баррасӣ шуд.   Бояд қайд кард, ки дар ҷаласа системаи иттилоотии идоракунии маориф ва илм - EMIS баррасӣ карда шуд. Дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёд гардидани ҳаҷми иттилоот ва маълумоти оморие, ки дар соҳаи маориф истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ ҷамъоварӣ, коркард ва мавриди таҳлил қарор дода шавад. Дар ин шароит барои соҳаи маориф истифодаи воситаю усулҳои муосири низоми иттилоотии махсусгардонидашудаи ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти ииттилооти соҳавӣ, ки ба таври худкор фаъолият менамояд, яке аз масъалаҳои калидӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад.   Бояд қайд кард, ки дигар шарикони рушд, созмонҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ҳамкор низ дар рушди соҳаи маориф саҳми арзанда мегузоранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.   Мусаллам аст, ки яке аз бахшҳои умдаи фаъолияти марказ ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим алоқаманд мебошад. Ба ин маънӣ, директори марказ иброз дошт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли маориф маҳсуб меёбад. Дар ин самт, пайваста талош карда мешавад, ки бо такмил бахшидани заминаҳои моддию техникии мактабҳо ва касбияти омӯзгорон сатҳу сифати таълим баланд бардошта шавад ва низоми маорифи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад. Таҳлилу баррасиҳои марказ дар ин самт натиҷаҳои хубро ба бор овард.   Кормандони марказ ҳангоми таҳли­лу баррасии вазъи соҳаи маориф дар кишвар ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Бинобар ин, вусъат бахшидани соҳа ва талаботи ҷаҳони имрӯза аз мо тақозо мекунад, ки мутахассисони варзидаро тарбия намоем.   Шоистаи таъкид аст, ки фаъолияти марказ марҳала ба марҳала такмилу тақвият ёфта, ба пешрафти соҳа мусоидат намуда, дар баланд гардидани сатҳу сифати таълим нақши босазо хоҳад гузошт.   Насриддин ОХУНЗОДА, «Омӯзгор»

    43

    26.12.2024
  •  img
    БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТ Имрӯз, 26 декабри соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар пешрафти соҳаи маориф ва илм» ҷиҳати амалисозии банди 12-и Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.   Дар кори конференсия муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.   Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илм иброз намуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа маҳсуб ёфта, дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат мавқеи бунёдӣ ва такягоҳиро ишѓол намудааст. Зеро нақши илму маориф барои таълиму тарбияи насли солим, шахси фаъолу созанда ва эҷодкор бисёр бузург мебошад.   Гуфта шуд, ки раванди босуръати рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ҷомеаи муосири ҷаҳониро водор месозад, ки ҳамаи самтҳои рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба технологияи замонавӣ ҳамоҳанг карда шаванд. Зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рушди соҳаҳои мазкур аз татбиқи васеи комёбиҳои соҳаи информатика ва техникаи компютерӣ асос меёбанд. Маҳз бо ҳамин мақсад бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.   Сипас, маърузаҳои Содиқ Ятимзода – номзади илмҳои геологӣ, мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм дар мавзуи «Сохти геологии сайёраи Замин ва равандҳои табиӣ» ва Қурбоналӣ Насруллозода – мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи вазорат дар мавзуи «Саҳми мутафаккирони тоҷик дар рушди илмҳои дақиқ-риёзӣ» пешниҳоди ҳозирин гардид.   Дар охир, миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифта, изҳори умед карда шуд, ки баргузории чунин конференсияҳо метавонанд барои баланд бардоштани донишҳои илмӣ, махсусан, илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии кормандони соҳаи маориф саҳми босазо гузорад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    39

    26.12.2024