20.05.2025

 img

Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалиии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, беш аз 1000 намоянда аз давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи конфронси сатҳи баланд.

 

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби беш аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.

 

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳо мебошад.

 

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории нахустин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ гузаронида шаванд.

 

Ҳамзамон иштирокдорон ва меҳмонони ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зимни сайру саёҳат ба минтақаҳо бо табиати зебою нотакрори Тоҷикистон, захира ва иқтидори бойи обию энергетикии мамлакат шинос мешаванд.

  • Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 1000 намоянда дар назар дошта шудааст img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ 22 майи соли 2025 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз раванди сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Дарвоз боздид намуд.   Зимни боздид ба муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ бо шароити муосири таълим аз 3 ошёна барои 560 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва аз 8 синфхона иборат аст. Ҳоло сохтмони муассисаи мазкур бомаром идома дошта, дар назар аст соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.   Дар идома муовини вазир бо масъулини сохтмони иншоот доир ба масъалаҳои саривақт ба итмом расонидан ва мавриди истифода қарор додани иншоот мулоқоти судманд анҷом дод.   Сипас, муовини вазир аз рафти дарси омӯзгорон, вазъи таълиму тарбия, сифати таҳсилот ва риояи сару либоси хонандагон дидан намуда, ба масъулини шуъбаи маориф ва муассисаи таълимӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва рафъи мушкилоти мавҷудбуда дастуру супоришҳои мушаххасс дод.   Боиси зикр аст, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав вусъат ёфта, заминаҳои мазкур ба баланд гаштани сатҳу сифати таҳсилот дар кишвар мусоидат намудааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    31

    22.05.2025
  •  img
    ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва мусоидат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, 22 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.   Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазорат ташкил ва баргузор карда шуд.   Ҳамоишро муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳошимзода Ҳомид оғоз бахшида, дар суханронии худ вобаста ба саҳми ҷавонон дар рушди кишвар, сиёсати ҷавонпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуд. Зикр гардид, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, таҳким бахшидани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо вазифаи муҳимми ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад.   Дар идома муовини якуми вазир аз натиҷаҳои амалигардонии барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо барои таҳсилу фаъолияти илмӣ, татбиқи ташаббусҳо ва амалисозии иқдомоти созандаи ҷавонон дар соҳаи маориф ва илм шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.   Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоӣ, фаъолсозии неруи ҷавонон, худшиносӣ ва таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ баромад намуданд.   Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо боиси таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, фаъолсозии неруи созандаи ҷавонон дар ҷомеа, афзоиши донишу малакаи сиёсиву фарҳангӣ ва саҳмгузории бештари онҳо дар раванди рушди соҳаи маориф мегардад.   Дар қисмати хотимавии ҳамоиш як қатор кормандони вазорат барои саҳми арзандаи худ дар рушди фаъолияти ҷамъиятӣ ва маърифатӣ бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    31

    22.05.2025
  •  img
    ТАҚВИЯТИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ Дар доираи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба муқовимат бо коррупсия дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.   Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорат иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози ҷаласа муовини вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ ва раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамеша дар радифи афзалиятҳои стратегии кишвар баррасӣ мешавад. Вазорати маориф ва илм низ дар асоси ин сиёсати давлатӣ мунтазам тадбирҳои мақсаднокро роҳандозӣ менамояд, ки ҳадафи он таъсиси фазои солим, шаффоф ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар тамоми зинаҳои низоми маориф мебошад.   Намояндаи агентӣ дар баромади худ ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо коррупсияро тавзеҳ дода, ба аҳаммияти маърифатнокии кормандон ва иштироки фаъоли ҷомеа дар пешгирии омилҳои хавфноки коррупсионӣ ишора намуд. Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии кормандони маориф ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ дар ин самт нақши калидӣ дорад.   Ҳамзамон дар ҷаласа таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади тақвияти заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, бо мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориро густариш дода, барои тарғиби маърифати зиддикоррупсионӣ ва риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ пайваста чораҳо меандешад.   Дар интиҳои ҷаласа изҳори умедворӣ карда шуд, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ тақвият ёфта, бо ҷалби ҳамаҷонибаи кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои тобеи вазорат заминаи боэътимоди муҳити бидуни фасодро дар низоми маориф таъмин хоҳанд кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    6

    22.05.2025