Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

08.11.2024

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6-ро мавриди истифода қарор доданд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таҳсилоти томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

 

Кӯдакистони нав дар шаҳраки Балхӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муҳлати 1 сол бунёд ёфта, барои 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои навсохти соҳаи маориф ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, парасторонро барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд.

 

Дар ин муассисаи томактабӣ 6 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.

 

Толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраи хоб, синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, дар маҷмуъ ҳамаи ин имконият фароҳам месозад, ки насли хуштолеи кишвар дар шароити хуб таҳсил намоянд ва оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.     

   

Бунёди иншооти замонавӣ ва таъмини шароити арзандаи таълим аз ҳадафҳои меҳварӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. 

 

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шафати кӯдакистон бинои нави иловагӣ барои 180 кӯдак бунёд карда мешавад.

 

Тибқи маълумоти масъулон ҳоло дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 кӯдакистон фаъолият менамояд.

  • Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ img
  • Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ img
  • Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ img
  • Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ img
  • Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ img
  • Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ img
  • Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҚАДРДОНӢ ОМИЛИ МУҲИМ ДАР ЗАФАРИ ҚАҲРАМОН Инқилоби маърифат ва ҷасорат неруест фатҳпазир ва  неъматест, ки тобиши истеъдодро  имконпазир мегардонад.   Бо ин ҳадаф санаи 30 -декабри соли равон дар театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ пирӯзии  ғолибони озмунҳои даври ниҳоӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Илм фурғӯи маърифат” ва “Тоҷикистон -Ватани азизам” дар  самти маънавӣ ва варзиш дар вазъи тантанавӣ бо тақдими  туҳфаҳои хотиравӣ дар арафаи таҷлили Соли нави  мелодӣ ва сипосномаҳо аз   ҷониби раиси вилоят муҳтарам ,Мирзонабот Алишер Худобердӣ  қадрдонӣ гардиданд.   Зимни сухани ифтитоҳӣ  муҳтарам, раис ҳозиринро  бо таманниёти нек  бо фарорасии соли нав таҳният гуфта , соли куҳанро  баҳри вилоят чун соли зафарёб арзёбӣ намуда, иброз дошт, сароғози нишоту пирӯзӣ   ободию, созандагӣ, ҳаёти босаодату фараҳбахш  маҳз аз баракати сулҳу осудагӣ  ва тақвияти қудрати заволнопазир  яъне илму маърифат вобастагии ногусастанӣ дорад, ҳамзамон   аз беҳтарин комёбӣ дар самти маънавиёт  сарфароз гаштан бо ШОҲҶОИЗА дар озмуни бонуфуз “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” арзи сипос намуд.

    22

    02.01.2025
  •  img
    ПАЁМ ВА МАОРИФ: МАСЪУЛИЯТИ УМУМИМИЛЛӢ Ҳар миллате, ки ба соҳаи маориф такя мекунад, на танҳо имрӯзи худро, балки ояндаи насли худро месозад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, боз як далели равшани он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Дар Паёми сарвари давлат рушди соҳаи маориф ҳамчун заминаи рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат баён гардид.   Дар тӯли таърихи башарият, давлатҳое, ки соҳаи маорифро арҷгузорӣ кардаанд, ба қуллаҳои тараққиёт расидаанд. Имрӯз, дар шароите, ки Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир ҳамгироии худро васеъ менамояд, таҳкими низоми маориф муҳимтарин омили расидан ба ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.   Бо чунин руҳия, Паёми Пешвои миллат ҳамчун як роҳнамо тамоми ҷомеаро даъват месозад, ки ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли ояндасози кишварҳамчун масъулияти умумимиллӣ назар намоянд.   Маориф – омили рушди ҷомеа Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат соҳаи маорифро ба сифати заминаи асосии инкишофи давлату миллат эътироф намуданд. Он замон, дар солҳои душвору ҳассоси таърихӣ, Пешвои миллат бо як дидгоҳи дурбинона соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд.   Суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём: “Ҳамаи пешравию пирӯзиҳои миллат аз мактабу маориф сарчашма мегирад”, гувоҳи равшани онанд, ки илму маориф таъминкунандаи ояндаи равшани давлату миллат мебошанд.   Таҳсилоти томактабӣ – заминаи устувори рушди шахсият Таҳсилоти томактабӣ ҳамчун марҳилаи аввалини таълиму тарбия заминаи асосии ташаккули шахсиятро фароҳам меорад. Ин марҳила на танҳо барои рушди зеҳнӣ, балки барои тарбияи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ нақши калидӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлати Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат супориш доданд, ки то панҷ соли оянда, барои фарогирии 50%-и кӯдакон 800 муассисаи томактабӣ сохта шавад. Дар баробари ин, супориши Пешвои миллат барои бунёди муассисаи томактабӣ дар ҳар маҳалле, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як иқдоми муҳимест, ки дастрасии аҳолиро ба таъдими босифат дар зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин менамояд.   Дастовардҳои таърихӣ – замина барои пешрафт Бо назар ба солҳои аввали истиқлолият, имрӯз мо мебинем, ки чӣ гуна Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба дастовардҳои бузурге ноил шудааст. Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 3229 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз ин шумора ба 4037 расидааст. Дар он давра шумораи хонандагон 1,3 миллион нафарро ташкил медод, ҳоло бошад, беш аз 2,3 миллион нафар мебошанд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 3670 муассисаи таҳсилоти умумии нав бунёд шуда, ба истифода дода шудааст. Дар ин замина бунёди литсею гимназияҳои муосир, ки ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонӣ мебошанд, гувоҳи он аст, ки соҳаи маориф бомаром ба низоми таҳсилоти навин гузашта истодааст.   Дар Паём таъкид гардид, ки дар панҷ соли оянда бояд беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумии нав бунёд гардад, то талаботи афзояндаи ҷомеа қонеъ гардонида шавад. Инчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки таҳким бахшидани сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ яке аз масъалаҳои калидии низоми таҳсилот ба шумор меравад.   Ояндаи таҳсилоти олӣ ва зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ Дар Паём Пешвои миллат ба зарурати рушди таҳсилоти олӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Имрӯз 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз ин шумора, беш аз 30% духтарон мебошанд.   Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун як ҷанбаи муҳим ва стратегӣ таъкид гардид, зеро дар ҷаҳони муосир рӯз аз рӯз талабот ба мутахассисони дорандаи забонҳои хориҷӣ афзоиш меёбад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ як василаи муҳим барои ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир мебошад. Тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд аз зинаи томактабӣ оғоз шавад, то ки насли оянда тавонад дар ҷаҳони рӯзафзун рақобатпазир бошад ва дар таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовор гузорад.   Бо ин мақсад зарур аст, ки стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ворид гардида, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон муассир ба роҳ монда шавад.   Аввалин иқдом барои татбиқи муассири омӯзиши забонҳои хориҷӣ таҳияи барномаҳо ва стандартҳои таълимии нав мебошад. Ин барномаҳо бояд бо назардошти талаботи замон ва хусусиятҳои фарҳангии кишвар омода гарданд. Онҳо бояд ҷолиб, дастрас ва ҳамзамон самарабахш бошанд, то хонандагон тавонанд на танҳо забонҳоро омӯзанд, балки аз онҳо ба таври амалӣ истифода намоянд. Илова бар ин, стандартҳои таълим бояд истифодаи усулҳои нави таълимиро фаро гиранд, ки тавассути онҳо забономӯзӣ на танҳо вазифаи яктарафа, балки як раванди фаъолона ва ҳавасмандкунанда гардад.   Рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ бе таъмини омӯзгорони соҳибтаҷриба ғайриимкон аст. Дар кишвар бояд воҳидҳои нави корӣ барои омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ҷорӣ шаванд, ки онҳо бо истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияҳои нав дарс диҳанд. Омӯзгорон бояд на танҳо дониши амиқи забонӣ, балки малакаҳои муосири омӯзишӣ дошта бошанд. Барои ин, ташкили курсҳои такмили ихтисос, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо марказҳои омӯзишии пешрафта ва дастгирии омӯзгорон аз ҷониби давлат ба манифати хоҳад буд.   Дар асри 21 технологияҳои рақамӣ воситаи тавоно барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошанд. Имрӯз мавҷудияти барномаҳои таълимӣ, вебсайтҳои интерактивӣ ва замимаҳои мобилӣ имконият медиҳад, ки раванди омӯзиши забон барои ҳар як шахс осон ва самаранок гардад.   Иқдомҳо барои рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда намешавалд ва дар ин раванд аҳли ҷомеа, бахусус волидон, бояд фаъол бошанд. Онҳо метавонанд тавассути ташвиқи фарзандон, дастрас намудани китобҳои иловагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ саҳмгузор бошанд.   Рушди маориф – масъулияти умумимиллӣ Маориф ҳамеша ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа шинохта шудааст. Ҳар як миллате, ки ба таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ояндаи худро боэътимод месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки рушди маориф танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки як масъулияти умумимиллӣ аст. Тавре таъкид гардид: “То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, миллат дастнигар ва хору зор боқӣ мемонад”. Ин нукта нишон медиҳад, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошад, зеро пешрафти миллат аз донишу маърифати мардумаш вобаста аст.   Дар ҳар давру замон, пешрафт ва қудрати давлатҳо аз низоми маорифи онҳо сарчашма гирифтааст. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ на танҳо ҷойи таълим, балки манбаи ташаккули шахсиятҳои босавод ва ватандӯст мебошанд.   Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо суръати баланд рушд мекунад, низоми маориф бояд ҷавобгӯ ба талаботи замон бошад. Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат барои рушди маориф татбиқ мешаванд. Ин барномаҳо на танҳо ба таҳкими инфрасохтори мактабҳо, балки ба беҳбудии мазмуну мундариҷаи таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва рушди кадрҳои баландихтисос равона шудаанд.   Масъулияти умумимиллӣ – заминаи рушди ҳамаҷониба Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид карданд, ки рушди соҳаи маориф масъулияти умумимиллӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки на танҳо давлат, балки тамоми табақаҳои ҷомеа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошанд: 1. Волидон: Таълиму тарбияи насли ҷавон танҳо ба муассисаҳои таълимӣ вобаста нест. Волидон бояд ба таҳсилоти фарзандони худ диққати махсус диҳанд, муҳити мусоид барои омӯзиш фароҳам оранд ва фарзандонашонро ба мутолиа ва омӯзиши доимӣ ташвиқ намоянд. 2. Омӯзгорон: Омӯзгорон ҳамчун нерӯи ҳаракатдиҳандаи низоми маориф бояд бо замона ҳамқадам бошанд, донишҳои худро такмил диҳанд ва бо муҳаббат ба касби худ муносибат кунанд. 3. Соҳибкорон: Нақши соҳибкорон дар рушди маориф низ муҳим аст. Бо сармоягузорӣ ба бунёди мактабҳо, таҳияи маводи таълимӣ ва дастгирии лоиҳаҳои таълимӣ, онҳо метавонанд дар ин раванд саҳми назаррас гузоранд. 4. Ҷомеа: Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк кунад, ки сармоягузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Кӯмак ба муассисаҳои таълимӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои таълимӣ ва ташвиқи ҷавонон ба таҳсилот метавонад муҳити омӯзишро беҳтар созад.   Рушди маориф омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати ояндаи дурахшони миллат аст. Аммо ин раванд танҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки агар ҳар як фарди ҷомеа масъулияти худро дар ин раванддарк намоянд.   Маориф на танҳо барои омода кардани насли наврас ба зиндагӣ, балки барои ташаккули шахсиятҳои ватандӯст ва соҳибандеша хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як қадаме, ки барои рушди соҳаи маориф гузошта мешавад, сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст. Маориф сутуни миллат аст ва рушди он вазифаи ҳамаи мост.   Шавкат КАРИМЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”

    37

    02.01.2025
  •  img
    АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.   2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).   3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.   4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.   5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.   6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.   7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 2 январи соли 2025 №АП-710

    30

    02.01.2025