17.05.2025

 img

17 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷамъбастии даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид.

 

Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузориии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.

 

Сипас, ғолибони олимпиада ба тариқи зайл эълон гардиданд:

ҷойи 1-ум — 16 нафар донишҷӯ;

ҷойи 2-юм — 23 нафар;

ҷрйи 3-юм — 28 нафар.

 

Ҳамчунин, 15 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.

 

Ғолибони даставӣ:

ҷойи аввал – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

ҷойи дуюм – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;

ҷойи сеюм – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ;

ҷойи ифтихорӣ – Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

 

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур бо иштироки 467 нафар донишҷӯ аз 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш — илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд.

 

Маркази матбуотии

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    УСТОДИ НАХУСТИН - ЧАРОҒИ РОҲ Субҳи якуми сентябри соли 1989-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Рӯзи аввалине, ки бо тани ларзон ва диле пур аз ҳаяҷон, ба остонаи мактаб қадам гузаштам. Дафтаре дар бағал, қаламе дар даст ва як ҷаҳон савол дар дил. Ҳама чиз бароям нав буд — рангин, ҳаяҷоновар, каме ваҳм ҳам доштам вале дилам пур аз умед. Он субҳ, дар дари синф, зане бо табассуми гарме ва нигоҳи модарона маро пешвоз гирифт. Муаллими нахустини ман — Раҳматова Ҳафиза. Ӯ аввалин шахсе буд, ки дастамро дошта, ба олами дониш равонам кард. Ӯ аввалин касе буд, ки номи маро бо меҳр гирифт ва гуфт: «Бачам…». Аз ҳамон лаҳза, ман дар муҳити нав (мактаб) дигар танҳо набудам — ман як роҳнамо доштам, як чароғ, як қалби пур аз нур.   Муаллимаи нозанину меҳрубонам ба ман на танҳо хондану навиштан ёд дод. Ӯ дар қалбам тухми меҳрубонӣ кошт, ба ман сабр омӯзонд, сухани ҳақро ёд дод. Дар ҳар ишорааш тарбия буд, дар ҳар нигоҳаш эҳтиром, дар ҳар каломаш рӯшноии умед.   Солҳо гузаштанд… Ман қад мекашидаму синну синфу сол иваз шуд, чеҳраҳо нав шуданд, роҳҳо дигар шуданд… Вале он меҳр, он садо, он оғӯши модарона, он нигоҳи муҳаббатдопр, он чашмони шашардор дар хотирам барои ҳамеша боқӣ монд.   Соле, ки синфи ёздаҳро хатм мекардам ва бояд шаҳодатномаи хатми мактабро мегирифтам... Рӯзи охирини дарс, ҳаяҷони ба зиндагии нав қадам гузоштан диламро пур карда буд. Ана дар ҳамон рӯз — як лаҳзае, ки ашки эҳсосро аз чашмам раҳо кард... Муаллимаам Раҳматова Ҳафиза маро даъват кард ва бо лабханди ширин, дафтари синфи якумамро ба дастам дод…   Он дафтари кӯчак, он хатҳои каҷу килеб, он ҳарфҳои ношиноси онрӯза — ҳамааш зинда буд. 11 сол… Ӯ онро нигоҳ дошта буд… Чӣ эҳсоси бузурге буд! Он на танҳо як коғаз-дафтар буд — он порчаи дил буд, як гӯшаи нури хотирот буд.   Аз худ пурсидам: кадом устод метавонад 11 сол дафтари як шогирдро нигоҳ дорад? Фақат он муаллим, ки бо дилу ҷон таълим медиҳад. Фақат он муаллим, ки ҳар шогирдашро порае аз вуҷуди худ меҳисобад.   Имрӯз, агар ба ҷое расида бошам, агар суханам таъсир дорад, агар баён дораму қалам дар дастам, бовар кунед, ин ҳама аз ҳамон субҳи якуми сентябри соли 1989 сарчашма гирифтааст. Аз он дасти гарм, аз он қалби бузург, аз он муҳаббати модаронаи муаллимаам.   Муаллимаи ман — Раҳматова Ҳафиза — на танҳо аввалин муаллим буд. Ӯ аввалин шахсе буд, ки ба ман бовар кард ва ман ҳам як умр ӯро дар қалбам нигоҳ медорам. Ҳар ҷо равам, ҳар кӣ шавам, ҳар лаҳза номи ӯ бо эҳтиром, бо муҳаббат ва бо шукр дар забонам хоҳад монд, зеро ҳар роҳе, ҳар қуллае, ҳар комёбӣ — аз як қадами нахустин сар мешавад ва он қадамро дар зери сояи муаллим гузоштам.   Ман то абад шогирди шумоям муаллимаи гиромӣ, модари меҳрубон, роҳнамои беминнат - Раҳматова Ҳафиза!   Амируллозода Беҳрӯз, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

    10

    18.05.2025
  •  img
    ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН Имрӯз, 18 майи соли 2025 дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор мегардад.   Дар қатори дигар сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ширкат варзиданд.   Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.   Дави миллӣ маъраки умумимиллӣ буда, мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    18

    18.05.2025
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН-ҚАДАМИ УСТУВОР БА САМТИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ Санаи 16 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025”, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон, тақсимоти хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ барои соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.   Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулозода Шамсуддин, сармутахассиси ҳамин раёсат Сафарзода Садафмоҳ, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобоев Бахтовар, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, инчунин хатмкунандагон-мутахассисони ҷавон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни ҷаласаи тақсимот масъулин оид ба муҳимияти иҷрои вазифаҳои касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хатмкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ, вазифаи ҳар як мутахассиси ҷавон аст, ки роҳхатҳои додашударо сари вақт амалӣ намуда, ба муассисаҳои таълимие, ки ба онҳо тақсим шудаанд, ҳозир шаванд.   Дар анҷом, барои рушан намудани баъзе масъалаҳои марбут ба раванди тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон, миёни мутахассисони ҷавон ва намояндагони Вазорати маорифу илм саволу ҷавоб сурат гирифт.   Чунин ҳамоишҳо ба таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ниҳодҳои марбута ва таъмини кадрҳои баландихтисос мусоидат намуда, ҷиҳати рушди соҳа заминаи устувор фароҳам месозад.   Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

    5

    16.05.2025