05.08.2026
Имрӯз, 5 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо доктор Ҳориб Муҳаммад Саид Ал-Ҷабрӣ, намояндаи Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, сафари ҳайати Давлати Қатарро нишонаи муносибатҳои дӯстона ва таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва илм арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қатар бар асоси эҳтироми мутақобил, ҳусни тафоҳум ва иродаи сиёсии роҳбарони олии ду давлат пайваста рушд намуда, ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи маориф ва илм дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ мебошанд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, ки моҳи феврали соли 2017 ба имзо расидааст, барои табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи таҳқиқоти муштараки илмӣ, иштирок дар конференсияву ҳамоишҳои байналмилалӣ, омӯзиши технологияҳои муосири таълимӣ ва мубодилаи маводи илмию таълимӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.
Муовини якуми вазири маориф ва илм аз ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилӣ аз ҷониби Давлати Қатар барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зиёд намудани шумораи чунин бурсияҳоро аз рӯйи ихтисосҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, иқтисод ва дигар самтҳои барои иқтисоди миллӣ афзалиятнок муҳим арзёбӣ кард.
Дар идома қайд гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дорои имкониятҳои муносиби таълимӣ, кадрӣ ва инфрасохторӣ буда, метавонанд масъалаи қабули донишҷӯёни қатариро аз рӯйи ихтисосҳои мувофиқ баррасӣ намоянд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо пешниҳоди таъсиси Маркази омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ дар шаҳри Душанбе, рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди «Маориф аз ҳама боло»-ро ҷиҳати бунёд ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда, роҳандозии ташаббусҳои нави муштарак ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва илм изҳор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон