05.07.2026

 img

Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.

 

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ масъалаи таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти ҷаҳонӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Тағйироти босуръати низоми ҷаҳонӣ, афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва таҳдидҳои экологӣ собит месозанд, ки сулҳ асоси муҳимтарини рушди устувори ҷомеаи башарӣ мебошад. Дар чунин шароит Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ниҳоди асосии байналмилалӣ барои ҳифзи сулҳу амнияти ҷаҳон нақши калидӣ дошта, тавассути қабули қатъномаҳо ва татбиқи барномаҳои гуногун ба густариши ҳамкории байни давлатҳо мусоидат менамояд.

 

Дар ин раванд нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ баъд аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 нишон дод, ки танҳо тавассути муколама, созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон суботи сиёсӣ ва рушди устуворро таъмин кард. Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат кишвар тавонист аз буҳрони шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ раҳо ёбад ва ба марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардад.

 

Маҳз ҳамин таҷрибаи нодир боис гардид, ки Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор эътироф шавад.

 

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири Тоҷикистон қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” мебошад, ки 25-уми июни соли 2026 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули ин санади муҳим нишонаи эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ ва далели эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати сулҳпарваронаи кишвари мо ба ҳисоб меравад.

 

Моҳияти асосии қатъномаи мазкур ба ташаккули фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди муколама байни давлатҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид равона гардидааст. Ин ҳадафҳо нишон медиҳанд, ки сулҳ дар шароити имрӯза танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки заминаи асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии давлатҳо мебошад. Бе сулҳу субот ноил шудан ба пешрафти устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ ғайриимкон аст.

 

Дар ин замина, қатъномаи мазкур инчунин ба баланд бардоштани нақши маориф, илм ва фарҳанг дар ташаккули ҷомеаи сулҳпарвар аҳаммияти махсус медиҳад. Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи масъулияти иҷтимоӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирии ихтилофҳо мебошад.

 

Аз ин рӯ, барои татбиқи самараноки ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» на танҳо нақши давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, балки фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф низ аҳаммияти махсус дорад. Аз ҷумла сохторҳое, ки ба таҳия ва омодасозии адабиёти таълимӣ машғуланд, метавонанд дар тарбияи насли нав дар руҳияи сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳми назаррас гузоранд.

 

Дар ин самт омӯзгорон дар раванди таълим бояд на танҳо мазмуни китобҳои дарсиро шарҳ диҳанд, балки муҳити синфро ба фазои муколама, эҳтироми фикри дигарон ва ҳамкории созанда табдил диҳанд. Онҳо метавонанд тавассути дарсҳои тарбиявӣ, муҳокимаҳо ва лоиҳаҳои гурӯҳӣ арзишҳои сулҳ ва ҳамзистии осоиштаро дар шуури хонандагон таҳким бахшанд.

 

Дар ин раванд нақши ҷавонон низ басо муҳим мебошад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа метавонанд дар тарғиби арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ саҳми арзанда гузоранд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо ва истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ метавонад дар пешгирии ифротгароӣ мусоидат намояд.

 

Бо дарназардошти таҳаввулоти муосири ҷаҳонӣ метавон гуфт, ки қабули ин қатънома яке аз рӯйдодҳои муҳимми дипломатияи байналмилалӣ ва дастоварди назарраси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Амалӣ гардидани ҳадафҳои он барои таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти бузург дорад.

 

Комилшо ИСОЗОДА,

директори Муассисаи нашриявии “Маориф”

  • НАҚШИ ҚАТЪНОМАИ СММ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА: ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН БА ХОТИРИ ФАРДОИ БАШАРИЯТ Дар ҷаҳони мураккаби имрӯз, ки инсоният бо ҷангу низоъҳо, таҳдидҳои амниятӣ, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои умумиҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мебошад, таҳкими сулҳ ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки заминаи асосии рушди устувор, таълиму тарбия, пешрафти илм, иқтисод ва зиндагии шоистаи ҳар як инсон мебошад.   Маҳз бо чунин диди ояндабинона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”-ро пешниҳод намуданд. Ин иқдоми муҳимми байналмилалӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи фаъол ва созанда дорад.   Тоҷикистон таҷрибаи нодири сулҳу ваҳдати миллиро аз сар гузаронидааст. Таҷрибаи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки бо иродаи сиёсӣ, гуфтугӯ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллӣ метавон ҳатто душвортарин мушкилотро ҳал кард. Имрӯз маҳз ҳамин таҷрибаи нодир ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз минбарҳои байналмилалӣ ба хотири таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои муҳим пешниҳод намояд.   Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда даъватест ба ҳамаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, то дар тарбияи насли оянда ба арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Зеро ояндаи башарият аз он вобаста аст, ки имрӯз мо чӣ гуна инсонро тарбия мекунем.   Дар ин раванд нақши соҳаи маориф беназир аст. Муассиса ҷойест, ки дар он дар баробари дониш, ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва фарҳанги шаҳрвандӣ низ ташаккул меёбад. Омӯзгор шахсест, ки метавонад дар қалби хонанда эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ, фарҳанги муколама ва муҳаббат ба Ватанро ҷой диҳад. Аз ҳамин хотир, таҳкими сулҳи пойдор пеш аз ҳама аз синфхона оғоз меёбад.   Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ вазифаи низоми маориф боз ҳам муҳимтар мегардад. Имрӯз ҷавонон қисми зиёди иттилоотро аз фазои рақамӣ дарёфт мекунанд. Аз ин рӯ, рушди саводи рақамӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ, истифодаи оқилонаи технологияҳо ва муқовимат ба иттилооти бардурӯғ аз омилҳои муҳимми ҳифзи суботи ҷомеа мебошанд. Ҷомеаи рақамӣ танҳо дар сурате метавонад пешрафта бошад, ки бар пояи сулҳ, эътимод ва масъулият бунёд гардад.   Имрӯз инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба дониш, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад. Технология метавонад масофаҳоро кӯтоҳ намояд, аммо танҳо фарҳанги сулҳ метавонад дилҳоро ба ҳам наздик созад. Илм метавонад имкониятҳои нав офарад, вале танҳо сулҳ шароити истифодаи самараноки онҳоро таъмин мекунад.   Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯз ва барои даҳсолаҳои оянда аҳаммияти стратегӣ дорад. Он ҷомеаи ҷаҳониро ба масъулияти муштарак дар назди наслҳои оянда даъват намуда, бори дигар нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият мебахшад.   Хулоса, эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ба хотири насли оянда далели равшани нуфузу эътибори рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдоми таърихӣ муваффақияти дипломатияи Тоҷикистон, саҳми арзандаи миллати тоҷик дар роҳи таҳкими сулҳ, суботи пойдор ва бунёди ояндаи осоишта барои башарият аст.   Сулҳ арзишест, ки онро наметавон танҳо бо санадҳо ҳифз кард. Он дар оила тарбия меёбад, дар муассиса ташаккул пайдо мекунад, дар ҷомеа устувор мегардад ва бо ҳамдигарфаҳмӣ, маърифат ва масъулияти ҳар як инсон пойдор мемонад. Аз ин рӯ, рисолати ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сулҳро ҳамчун арзиши волои инсонӣ ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.   Ҷамшед САФАРЗОДА, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамии назди ВМИҶТ

    40

    05.07.2026
  •  img
    НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ҶАҲОНӢ Сулҳ яке аз муқаддастарин ва волотарин арзишҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Аз замонҳои қадим то имрӯз тамоми пешрафти инсоният маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳар куҷо сулҳ ҳукмфармо бошад, илму фарҳанг, иқтисод рушд мекунад ва инсон метавонад арзишҳои маънавии худро такмил диҳад. Дар илми сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ сулҳ ҳамчун низоми муносибатҳои одилона, эҳтироми ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, ҳамкории созанда ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо маънидод мегардад.   Хиради мардуми тоҷик низ аз қадимулайём бар ҳамин арзиш устувор гардидааст. Дар фарҳанги сиёсӣ, адабӣ ва ахлоқии тоҷикон сулҳ ҳамчун рамзи адолат, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва саодати ҷомеа тавсиф ёфтааст. Мутафаккирон ва адибони тоҷику форс сулҳро пояи бақои давлат ва хушбахтии инсон донистаанд. Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дӯстиро асоси зиндагии инсон ва шарти хушбахтии ҷомеа меҳисобад: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон.   Ифодаи «ҳеҷ шодӣ нест» таъкид бар он аст, ки ҳеҷ сарват, мансаб ё қудрате наметавонад ҷойгузини оромӣ ва муносибатҳои неки инсонӣ гардад. Калимаи «ҷаҳон» тамоми ҳаёти инсон ва арзишҳои моддию маънавиро фаро мегирад. Аз ин рӯ, устод Рӯдакӣ дӯстиро пояи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта медонад. Шоир ба хулоса мерасад, ки инсон дар муҳити сулҳ, дӯстӣ ва амният метавонад хушбахтии ҳақиқиро эҳсос намояд.   Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» адолатро асоси сулҳ ва бақои давлат мешуморад: Зи неруи дод аст кишвар ба пой, Зи бедодӣ ояд ба кишвар газой.   Дар ин байт калимаи «дод» маҷмуи инсоф, қонун, ҳуқуқ ва масъулияти ҳокимиятро нисбат ба мардум ифода мекунад. Ибораи «кишвар ба пой» рамзи устувории давлат, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ мебошад. Дар муқобил, «бедодӣ» рамзи зулм, худкомагӣ ва поймолшавии ҳуқуқ аст, ки оқибати он «газой», яъне, таназзул ва вайронии давлат мебошад.   Саъдии Шерозӣ ваҳдати инсониятро асоси сулҳи ҷаҳонӣ медонад: Банӣ одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.   Ҷалолиддини Балхӣ муҳаббатро сарчашмаи сулҳ ва воситаи дигаргунсозии ҷомеа мешуморад: Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад, Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.   Муҳаббат рамзи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ибораи «талхҳо ширин шавад» ба он ишора мекунад, ки муҳаббат метавонад душманиро ба дӯстӣ ва ихтилофро ба оштӣ табдил диҳад.   Таҳлили осори мутафаккирон нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷикон аз ибтидо бар арзишҳои сулҳ, адолат, дӯстӣ, инсондӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтааст. Маҳз ҳамин ҷаҳонбинии сулҳпарварона дар тӯли ҳазорсолаҳо ба қисми ҷудонашавандаи фарҳанги давлатдории тоҷикон табдил ёфтааст.   Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва дип­ломатияи бисёрҷониба ташаккул дод. Ин сиёсат идомаи мантиқии арзишҳои давлатдории таърихии тоҷикон буда, ҳадафи асосии он таҳкими субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.   Пас аз барқарор гардидани Ваҳдати миллӣ дар соли 1997 таҷ­рибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳо мавриди омӯзиши ҷо­меаи байналмилалӣ қарор гирифт. Дар асоси ҳамин таҷриба Тоҷикис­тон тадриҷан ба яке аз давлатҳои ташаб­бускори масъалаҳои глобалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфт.   Дар солҳои охир бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Дар ҳамин замина, қабули Қатъномаи СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Ташаббуси мазкур ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколамаи байни тамаддунҳо, иштироки ҷавонон дар таҳкими сулҳ ва пешгирии низоъҳо равона гардидааст. Бо пешниҳоди ин ташаб­бус Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори дип­ломатияи сулҳ, ҳамкории созанда ва масъулияти муштарак дар ҳифзи амнияти байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид.   Аҳаммияти ин ташаббус ба ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳкими муколамаи байни давлатҳо ва тамаддунҳо, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар пешгирии низоъҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва таҳкими масъулияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини амният ва рушди устувор нигаронида шудааст. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави сиёсӣ, геополитикӣ, иқтисодӣ ва экологӣ рӯ ба рӯ мебошад, чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими эътимоди байналмилалӣ ва густариши ҳамкории созанда такони ҷиддӣ бахшанд.   Ҳамин тариқ, «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» таҷассумгари идомаи анъанаҳои сулҳпарварии халқи тоҷик буда, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид боз ҳам тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, татбиқи самараноки ҳадафҳои ин даҳсола метавонад ба таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани ояндаи амну осоишта барои наслҳои имрӯзу фардо мусоидат намояд.   Баҳром ИСМОИЛЗОДА, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

    34

    05.07.2026
  •  img
    ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ДАЪВАТ БА МАСЪУЛИЯТИ ҶАҲОНӢ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи сулҳ беш аз ҳар вақти дигар ба яке аз мавзуъҳои меҳварии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсоният табдил ёфтааст. Пешрафти босуръати илм, технология, равандҳои ҷаҳонишавӣ, густариши иқтисоди рақамӣ ва афзоиши робитаҳои байнидавлатӣ аз як тараф имкониятҳои нави рушдро фароҳам оварда бошанд, аз ҷониби дигар, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, буҳронҳои экологӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои фаромиллӣ масъалаи ҳифзи сулҳро ба зарурати умумии башарӣ табдил додаанд.   Дар чунин вазъият сулҳ дигар танҳо ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ё ҳолати набудани ҷанг фаҳмида намешавад. Он арзиши бунёдии тамаддуни инсонӣ, шарти асосии рушди устувор, заминаи таҳкими давлатдорӣ, кафолати пешрафти маорифу илм ва муҳимтар аз ҳама, амонати маънавӣ барои наслҳои оянда мебошад.   Аз ҳамин нуқтаи назар ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» дорои аҳаммияти бузурги сиёсӣ, фалсафӣ ва тамаддунӣ мебошад. Ин ташаббус паёми равшани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки сулҳ бояд на танҳо ҳамчун натиҷаи созишҳои сиёсӣ, балки ҳамчун фарҳанг, маърифат, масъулият ва арзиши устувори ҳаёти инсонӣ ҳифз ва тақвият дода шавад.   Моҳияти ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки сулҳ бояд ба қисми ҷудонашавандаи тафаккури ҷамъиятӣ ва сиёсати байналмилалӣ табдил ёбад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба дарки нави сулҳ ниёз дорад: сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки мавҷудияти адолат, эҳтиром, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва масъулияти муштарак нисбат ба сарнавишти инсоният мебошад.   Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки арзиши сулҳ пеш аз ҳама дар амал ва дар лаҳзаҳои сангини таърих дарк мегардад. Мардуми тоҷик дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ оқибатҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд. Ин таҷрибаи талх нишон дод, ки вайрон шудани сулҳу субот метавонад дар муддати кӯтоҳ ба ҳаёти ҷомеа, иқтисод, фарҳанг, маориф ва рӯҳияи мардум зарбаи ҷиддӣ расонад. Аммо барқарор намудани сулҳ, эътимод ва ваҳдати миллӣ иродаи қавии сиёсӣ, хиради давлатӣ, ҳамдигарфаҳмии ҷомеа ва заҳмати тӯлониро талаб мекунад.   Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути сиёсати сулҳпарварона, муколама, созиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон тавонист аз марҳалаи буҳрони сиёсӣ гузашта, ба давраи субот, рушд ва созандагӣ ворид гардад. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муҳими сулҳофарӣ, ҳамдигарбахшӣ ва ҳалли осоиштаи низоъҳо арзёбӣ мегардад.   Сулҳ дар маънои васеъ танҳо оромии сарҳадҳо ё қатъи ҷанг нест. Сулҳ оромии ҷомеа, иттиҳоди мардум, фаъолияти босамари муассисаҳои таълимӣ, рушди илм, пешрафти иқтисод, амнияти оила, тарбияи солими фарзандон ва боварии шаҳрвандон ба фардо мебошад. Дар ҷомеае, ки сулҳ вуҷуд надорад, низоми маориф рисолати худро пурра иҷро карда наметавонад, иқтисод устувор рушд намекунад, илм ва фарҳанг пеш намераванд ва инсон имкони пурраи амалӣ намудани қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии худро аз даст медиҳад.   Аз ин рӯ, сулҳро метавон сармояи бузурги маънавии давлат ва миллат номид. Ҳар гуна дастоварди иқтисодӣ, илмӣ ва технологӣ танҳо дар муҳити сулҳу субот самараи воқеӣ медиҳад. Агар сулҳ набошад, неруи инсонӣ ба ҷойи созандагӣ ба рафъи оқибатҳои буҳрон равона мегардад. Агар сулҳ устувор бошад, ҷомеа ба пешрафт, навсозӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва рушди устувор ноил мегардад.   Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ташаббуси мазкур мафҳуми масъулияти байнинаслӣ мебошад. Ҳар як насл дар назди наслҳои баъдӣ масъулият дорад. Мо на танҳо истифодабарандаи дастовардҳои гузашта, балки амонатдори оянда низ ҳастем. Қарорҳое, ки имрӯз дар соҳаҳои сулҳ, амният, маориф, муҳити зист, иқтисод ва фарҳанг қабул мешаванд, ба сифати зиндагии наслҳои оянда таъсири мустақим мерасонанд.   Ҷангҳо ва низоъҳо танҳо мушкили як давра нестанд. Онҳо метавонанд пайомадҳои вазнини худро барои даҳсолаҳо боқӣ гузоранд: харобии иқтисодӣ, заифшавии маориф, муҳоҷирати маҷбурӣ, аз даст рафтани сармояи инсонӣ, нобоварӣ дар ҷомеа ва осебҳои амиқи равонӣ. Баръакс, сулҳу субот ба наслҳои оянда имконият медиҳад, ки дар муҳити ором таҳсил кунанд, касб омӯзанд, эҷод намоянд ва дар рушди ҷомеаи худ саҳм гузоранд.   Дар ин раванд маориф нақши калидӣ дорад. Сулҳ аз тарбия оғоз мешавад. Фарҳанги сулҳ дар мактаб, дар оила, дар муҳити омӯзиш, дар муносибати омӯзгор бо хонанда ва дар ҷаҳонбинии насли ҷавон ташаккул меёбад. Агар кӯдак аз хурдсолӣ бо арзишҳои эҳтиром, таҳаммулгароӣ, ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ тарбия ёбад, дар оянда ӯ ҳамчун шахси созанда, масъул ва сулҳпарвар ба камол мерасад.   Маориф танҳо интиқоли дониш нест. Маориф ташаккули инсон аст. Ҷомеае, ки мехоҳад сулҳи пойдор дошта бошад, бояд ба тарбияи маънавӣ, ҷаҳонбинии солим, саводнокии ҳуқуқӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ ва тафаккури интиқодии ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳад. Зеро нодонӣ, таассуб, бетафовутӣ ва паст будани маърифати иҷтимоӣ метавонад заминаи ихтилоф, ифротгароӣ ва нофаҳмиро ба вуҷуд оварад.   Дар замони муосир масъалаи фарҳанги сулҳ бо фазои рақамӣ низ робитаи мустақим пайдо кардааст. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои иттилоотӣ ва воситаҳои рақамӣ ба муҳити асосии муошират, омӯзиш ва таъсиррасонӣ табдил ёфтаанд. Ин фазо метавонад воситаи густариши дониш, ҳамкорӣ ва муколама бошад, аммо дар сурати истифодаи нодуруст метавонад ба паҳншавии иттилооти бардурӯғ, суханони нафратангез, иғво ва нофаҳмӣ мусоидат намояд.   Аз ин рӯ, фарҳанги сулҳ дар асри рақамӣ бояд бо саводнокии иттилоотӣ ва масъулияти рақамӣ пайваст бошад. Шаҳрванди муосир бояд тавонад иттилоотро таҳлил кунад, манбаъҳоро санҷад, ба андешаи дигарон эҳтиром гузорад ва аз паҳн намудани маълумоти носанҷида ё сухани таҳқиромез худдорӣ намояд. Фарҳанги муоширати рақамӣ имрӯз ҷузъи муҳими фарҳанги сулҳ мебошад.   Сулҳ ҳамчунин бо адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон робитаи ногусастанӣ дорад. Ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи инсон, имкониятҳои баробар, эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ таъмин мегардад, аз лиҳози иҷтимоӣ устувортар мебошад. Сулҳи воқеӣ танҳо дар сурате пойдор мемонад, ки он бар эътимод, адолат, ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобил асос ёбад.   Дар таърихи афкори фалсафӣ низ сулҳ ҳамеша ҳамчун яке аз арзишҳои олӣ маънидод гардидааст. Мутафаккирони Шарқу Ғарб сулҳро бо ақл, адолат, ахлоқ, маърифат ва камолоти инсон пайваст медонанд. Дар анъанаи фалсафии Шарқ сулҳ пеш аз ҳама натиҷаи тарбияи ахлоқӣ, покии ботин, эҳтиром ба инсон ва ҳамоҳангии ҷомеа дониста шудааст. Дар фалсафаи Ғарб бошад, сулҳ бештар бо волоияти ҳуқуқ, муколамаи сиёсӣ ва масъулияти давлатҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ алоқаманд аст.   Ин умумияти арзишӣ нишон медиҳад, ки сулҳ хоси як миллат ё як фарҳанг нест. Сулҳ арзиши умумибашарист. Он забон, дин, нажод, сарҳад ва манфиатҳои маҳдудро фаро гирифта, ҳамчун пояи зиндагии муштараки инсонҳо хизмат мекунад.   Ташаббуси Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» маҳз ба ҳамин фаҳмиши васеи сулҳ такя мекунад. Ин ташаббус ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамояд, ки сулҳро ҳамчун масъулияти муштарак, ҳамчун шарти рушди устувор ва ҳамчун амонати маънавии наслҳо ҳифз намояд.   Дар шароити ҷаҳонишавӣ ягон давлат наметавонад масъалаҳои амният, сулҳ, иқлим, муҳоҷират, ифротгароӣ ва рушди устуворро танҳо ҳал намояд. Ин масъалаҳо ҳамкории байналмилалӣ, эътимоди мутақобил, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва муколамаи доимиро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон аҳаммияти васеи байналмилалӣ дорад ва метавонад ба таҳкими ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои илмӣ-маърифатӣ мусоидат намояд.   Миллати тоҷик аз қадим сулҳро пояи ободӣ ва зиндагии шоиста донистааст. Дар фарҳанги мардумии мо сулҳ бо баракат, осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҷомеа пайванд дорад. Ин ҷаҳонбинӣ имрӯз низ аҳаммияти худро гум накардааст. Баръакс, дар шароити таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ он мазмуни бештар пайдо мекунад.   Ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи давлатҳо нест. Ин масъулияти ҳар як инсон аст. Ҳар як сухани нек, ҳар як амали созанда, ҳар як муносибати эҳтиромона, ҳар як кӯшиши фаҳмидани дигарон метавонад ба таҳкими сулҳ мусоидат намояд. Сулҳ аз муносибати инсон ба инсон оғоз мешавад ва дар сатҳи ҷомеа, давлат ва ҷаҳон густариш меёбад.   Ҳамин тариқ, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» даъвати амиқи маънавӣ ва тамаддунӣ мебошад. Он моро водор месозад, ки ба сулҳ ҳамчун арзиши олӣ, ба оянда ҳамчун масъулият ва ба наслҳои баъдӣ ҳамчун амонат нигоҳ кунем.   Дар ҷаҳоне, ки бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯст, чунин ташаббус аҳаммияти хоса дорад. Зеро ояндаи инсоният танҳо бо технология, иқтисод ва қудрати сиёсӣ таъмин намешавад. Ояндаи инсоният пеш аз ҳама ба сулҳ, маърифат, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак вобаста аст.   Далер АЛИЗОДА, директори Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    19

    05.07.2026