05.07.2026
Сулҳ яке аз муқаддастарин ва волотарин арзишҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Аз замонҳои қадим то имрӯз тамоми пешрафти инсоният маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳар куҷо сулҳ ҳукмфармо бошад, илму фарҳанг, иқтисод рушд мекунад ва инсон метавонад арзишҳои маънавии худро такмил диҳад. Дар илми сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ сулҳ ҳамчун низоми муносибатҳои одилона, эҳтироми ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, ҳамкории созанда ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо маънидод мегардад.
Хиради мардуми тоҷик низ аз қадимулайём бар ҳамин арзиш устувор гардидааст. Дар фарҳанги сиёсӣ, адабӣ ва ахлоқии тоҷикон сулҳ ҳамчун рамзи адолат, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва саодати ҷомеа тавсиф ёфтааст. Мутафаккирон ва адибони тоҷику форс сулҳро пояи бақои давлат ва хушбахтии инсон донистаанд. Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дӯстиро асоси зиндагии инсон ва шарти хушбахтии ҷомеа меҳисобад:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ифодаи «ҳеҷ шодӣ нест» таъкид бар он аст, ки ҳеҷ сарват, мансаб ё қудрате наметавонад ҷойгузини оромӣ ва муносибатҳои неки инсонӣ гардад. Калимаи «ҷаҳон» тамоми ҳаёти инсон ва арзишҳои моддию маънавиро фаро мегирад. Аз ин рӯ, устод Рӯдакӣ дӯстиро пояи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта медонад. Шоир ба хулоса мерасад, ки инсон дар муҳити сулҳ, дӯстӣ ва амният метавонад хушбахтии ҳақиқиро эҳсос намояд.
Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» адолатро асоси сулҳ ва бақои давлат мешуморад:
Зи неруи дод аст кишвар ба пой,
Зи бедодӣ ояд ба кишвар газой.
Дар ин байт калимаи «дод» маҷмуи инсоф, қонун, ҳуқуқ ва масъулияти ҳокимиятро нисбат ба мардум ифода мекунад. Ибораи «кишвар ба пой» рамзи устувории давлат, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ мебошад. Дар муқобил, «бедодӣ» рамзи зулм, худкомагӣ ва поймолшавии ҳуқуқ аст, ки оқибати он «газой», яъне, таназзул ва вайронии давлат мебошад.
Саъдии Шерозӣ ваҳдати инсониятро асоси сулҳи ҷаҳонӣ медонад:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ҷалолиддини Балхӣ муҳаббатро сарчашмаи сулҳ ва воситаи дигаргунсозии ҷомеа мешуморад:
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.
Муҳаббат рамзи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ибораи «талхҳо ширин шавад» ба он ишора мекунад, ки муҳаббат метавонад душманиро ба дӯстӣ ва ихтилофро ба оштӣ табдил диҳад.
Таҳлили осори мутафаккирон нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷикон аз ибтидо бар арзишҳои сулҳ, адолат, дӯстӣ, инсондӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтааст. Маҳз ҳамин ҷаҳонбинии сулҳпарварона дар тӯли ҳазорсолаҳо ба қисми ҷудонашавандаи фарҳанги давлатдории тоҷикон табдил ёфтааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва дипломатияи бисёрҷониба ташаккул дод. Ин сиёсат идомаи мантиқии арзишҳои давлатдории таърихии тоҷикон буда, ҳадафи асосии он таҳкими субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Пас аз барқарор гардидани Ваҳдати миллӣ дар соли 1997 таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳо мавриди омӯзиши ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт. Дар асоси ҳамин таҷриба Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз давлатҳои ташаббускори масъалаҳои глобалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфт.
Дар солҳои охир бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Дар ҳамин замина, қабули Қатъномаи СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Ташаббуси мазкур ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколамаи байни тамаддунҳо, иштироки ҷавонон дар таҳкими сулҳ ва пешгирии низоъҳо равона гардидааст. Бо пешниҳоди ин ташаббус Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори дипломатияи сулҳ, ҳамкории созанда ва масъулияти муштарак дар ҳифзи амнияти байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид.
Аҳаммияти ин ташаббус ба ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳкими муколамаи байни давлатҳо ва тамаддунҳо, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар пешгирии низоъҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва таҳкими масъулияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини амният ва рушди устувор нигаронида шудааст. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави сиёсӣ, геополитикӣ, иқтисодӣ ва экологӣ рӯ ба рӯ мебошад, чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими эътимоди байналмилалӣ ва густариши ҳамкории созанда такони ҷиддӣ бахшанд.
Ҳамин тариқ, «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» таҷассумгари идомаи анъанаҳои сулҳпарварии халқи тоҷик буда, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид боз ҳам тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, татбиқи самараноки ҳадафҳои ин даҳсола метавонад ба таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани ояндаи амну осоишта барои наслҳои имрӯзу фардо мусоидат намояд.
Баҳром ИСМОИЛЗОДА,
сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе