ПЕШГИРИИ КИРДОРҲОИ КОРРУПСИОНӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ТАЪМИНИ САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО
04.12.2024
Таҳти чунин унвон 4-уми декабри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва Рӯзи байналмилалии муқовимат ба коррупсия табрику шодбош намуда, иброз намуд, ки пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ яке аз василаҳои асосии таъмин ҳуқуқи инсон ва идоракунии самаранок ба ҳисоб меравад. Мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини касби Истиқлоли давлатӣ баҳри эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тадбирҳои муҳимро анҷом дода, дар сатҳи конститутсионӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуд. Ҳазмамон, таъқид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муқовимат ба коррупсия даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, ки онҳо имконият фароҳам меоранд то низоми самараноки идоракунӣ дар кишвар таъмин гашта, ҳуқуқ ва манфиатҳои халқи тоҷик дар амал риоя гарданд.
Сипас, дар асоси барномаи конференсияи байналмилалӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимон аз кишварҳои Латвия, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирѓизистон ва Туркманистон, олимони маъруфи ватанӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ баромад намуда, масъалаҳои мухталифи ҳуқуқи инсон ва роҳҳои муқовимат ба коррупсияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия зиёда аз 15 маърӯза дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳуқуқи инсон; плюрализм ҳамчун ҷавҳари рушди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд; нақши мақомоти судӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; қонунгузории миллӣ ва нақши он дар муқовимат ба коррупсия; ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои гурезагон дар замони муосир; сиёсати зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муқовимат ба коррупсия; алоқамандии санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ѓайра пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия кори худро дар панҷ бахш, давоми ду рӯз ба роҳ монда, дар он зиёда аз 100 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли бевосита ва ѓоибона пешниҳод гардиданд. Маърӯзаҳои мавриди баррасӣ қароргирифта фарогири масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон буданд.
Зимни баррасии мавзуъҳои зикргардида аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва муқовимат ба коррупсия ироа гардиданд.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатҳи баландро нишон аз Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрӣ аст.
Дар фарҷоми конференсияи байналмилалӣ иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас карда мешаванд.
Изҳори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирии амалҳои коррупсионӣ нақши арзандаи худро хоҳад гузошт.