16.09.2025

Санаи 16-уми сентябри соли 2025 дар толори маҷлисии литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ барои ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Семинар бо ташаббуси Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он мусоидат ба омодагии довталабон барои иштироки шоиста дар даври ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дар кори семинар 54 нафар ғолибони даври вилоятӣ, ки аз ҳисоби хонандагон мебошанд, ширкат варзиданд. Ҳамчунин, устодони ғолибон, китобдорон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф низ ҳузур доштанд. Ёдовар мешавем, ки аз даври вилоятӣ 90 нафар довталаб ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, ки 54 нафари онҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Нахуст, сардори Раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода оид ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва рушди фарҳанги китобхонӣ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки “ҳадафи асосии ташкили озмуни ҷумҳуриявии ‘Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст’ баланд бардоштани савияи маърифатӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ мебошад.”
Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки ҳамасола шумораи ғолибони даври ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагон ва омӯзгорони вилояти Хатлон бештар мегардад. Дастоварди хонандагони солҳои охир, ки чандин маротиба Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овардаанд, далели равшани пешравии хонандагони вилоят мебошад.
Дар ҷараёни семинар бо ҳар як ғолиби озмун суҳбати инфиродӣ сурат гирифт. Аз сатҳи омодагӣ, шароити омӯзиш дар хона ва китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ пурсон шуда, ба мудирони бахшу шуъбаҳои маориф, директорони мактабҳо, китобдорон ва падару модарон дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо ба довталабон кӯмак расонанд.
Сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода ҳамчунин хотиррасон намуд, ки бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст. Дар ин замина фаъолияти китобхонаҳо беҳтар шуда, маҳфилҳои дӯстдорони китоб ва бахши “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ шудаанд.
Дар қисмати дигари семинар суолу ҷавоби озод бо ғолибон баргузор гардид, ки дар он мушкилиҳо ва норасоиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷом, ғолибони солҳои қаблӣ, ки имсол шогирдонашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, бо Сипосномаи Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон