30.05.2026
30 майи соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷараёни баргузории озмуни Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дидан намуда, бо шароити ташкил ва раванди гузаронидани озмун аз наздик шинос гардид.
Зимни шиносоӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббусҳои муҳимми иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои фароҳам овардани имкониятҳои баробари таҳсил ба ҷавонони лаёқатманд аз минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакат нақши муассир дорад.
Қайд гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола шумораи зиёди ҷавонон тавассути ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳ ёфта, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм мегузоранд.
Вазири маориф ва илм бо иштирокчиёни озмун суҳбат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи дониш, азхуд намудани технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида ҳидоят намуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дастгирии ҷавонони боистеъдод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва маориф ба ҳисоб меравад.
Дар идома вазир бо фаъолияти комиссияҳои имтиҳонӣ ва шароити ташкили озмун шинос шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати таъмини шаффофият, риояи меъёрҳои муқарраргардида, пешгирии ҳама гуна омилҳои субъективӣ ва баргузор намудани озмуни мазкур дар сатҳи баланд дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид карда шуд, ки шаффофият, адолат ва баробарии имкониятҳо бояд принсипҳои асосии баргузории озмуни Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, то ҳар як довталаби арзанда тавонад аз рӯйи дониш ва қобилияти худ ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Ҳамзамон, вазири маориф ва илм бо падару модарони довталабон мулоқот намуда, барои саҳмашон дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандон изҳори миннатдорӣ кард. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонони худогоҳ, ватандӯст ва донишманд пеш аз ҳама аз оила ва масъулияти падару модар вобаста мебошад. Вазир ба волидон тавсия дод, ки ба донишандӯзӣ, рушди қобилият ва интихоби дурусти касби фарзандонашон диққати бештар диҳанд. Таъкид шуд, ки танҳо ҷавонони соҳибилм ва соҳиби тахассус метавонанд дар пешрафти ҷомеа саҳм гузошта, барои ободиву шукуфоии Ватан хизмат намоянд.
Бояд зикр намуд, ки озмуни Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат баргузор гардида, барои таҳкими дастрасӣ ба таҳсилоти олӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон