07.06.2025

 img

 

7 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид карда, бо омӯзгорони муассиса суҳбату вохӯрӣ намуд.

 

Зимни боздид вазир бо омӯзгорон ва роҳбарияти муассиса суҳбат ороста, ба масъалаҳои муҳимми соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалби омӯзгорони ихтисосманд, дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҷалб накардани омӯзгорон ба обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, манъи ҷамъи маблағ барои таъмиру дигар эҳтиёҷоти муассиса ва дигар корҳо мавриди таъкид қарор гирифтанд.

 

Ҳамчунин, вазир вобаста ба мутобиқати ҷараёни имтиҳонҳои хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, сатҳи омодагии хонандагон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар имтиҳонҳо суҳбат намуд.

 

Вазир омӯзгоронро ташвиқ намуд, ки дар мавсими таътили тобистона хонандагонро ба китобхонӣ ва такрори донишҳои андӯхта ҷалб намоянд. Тавсия дода шуд, ки дар баробари истироҳат, кӯдакон вақти худро самаранок истифода баранд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолона ширкат варзанд.

 

Дар охир вазири маориф ва илм омӯзгоронеро, ки бо шогирдонашон дар озмуни олимпиадаҳо дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи намудаанд, қадрдонӣ намуд.

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ img
  • СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №68-И НОҲИЯИ РАШТ   Дар доираи сафари кории ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Рашт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 ноҳияи Рашт боздид ба амал оварданд.   Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат, фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистонӣ, яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Гуфта шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 айни замон аз ду бино иборат мебошад, ки яке аз онҳо бинои кӯҳнаи солҳои пеш, бинобар ҳолати номусоид ва фарсудагӣ, аз истифодаи минбаъда берун бароварда шудааст. Бинои нави муассиса дорои 5 синфхона буда, ҳоло дар он 90 нафар хонанда таҳсил намуда, 9 омӯзгор фаъолият доранд. Бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва эҳтиёҷоти воқеӣ ба ҷойи нишаст, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва бо риояи талаботи фанниву меъёрҳои муҳандисӣ дар марҳилаи фаъол қарор дорад.   Муовини Сарвазир ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро мавриди таҳлил қарор дода, бо масъулини сохтмон, роҳбарияти муассиса ва мақомоти маҳаллӣ мулоқот анҷом дода, ҷиҳати таъмини сифати баланди сохтмон, истифодаи оқилонаи захираҳо ва анҷоми саривақтии корҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дод.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    31

    11.06.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАҲОИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ ВА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ   Имрӯз, 10 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назди муовини вазири маориф ва илм вобаста ба омӯзиши фаъолияти донишкадаҳои омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Панҷакент доир гардид.   Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти таҳлили фарогири фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ, хусусан дар минтақаҳо ва зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро таъкид кард.   Зимни ҷаласа муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм Хуршед Амирхонзода оид ба вазъи умумии фаъолияти донишкадаҳои мазкур суханронӣ намуда, натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои массисаҳои зикршударо муаррифӣ кард.   Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, донишкадаҳои омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Панҷакент дар айни замон аз рӯйи 21 ихтисос мутахассис омода менамоянд ва дар асоси талаботи бозори меҳнат дар соли оянда ихтисосҳо зиёд мегардад.   Дар масъалаи ҳайати омӯзгорӣ, дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 132 нафар омӯзгор ва дар Донишкади омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 142 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Дар доираи баррасии сатҳи кадрҳои илмӣ зикр гардид, ки дар Рашт 24 нафар омӯзгори унвондор ва дар Панҷакент 65 нафар унвондор фаъолият мекунанд.   Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур, қайд намуд, ки дар баробари дастовардҳо дар донишкадаҳои мазкур камбудиҳои сатҳӣ низ дида мешавад ва роҳбарияти муассисаҳои мазкурро мебояд, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.   Теъдоди донишҷӯён дар донишкадаи омӯзгории Рашт 3070 нафар ва дар Панҷакент 2399 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ нишондиҳандаҳо тамоюли афзоиш доранд.   Гуфта шуд, ки Донишкадаи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дорои 6 факултет ва 13 кафедра ва донишкадаи шаҳри Панҷакент дорои 7 факултет ва 13 кафедра мебошад.   Дар интиҳои ҷаласа масъалаҳои марбут ба мукаммалсозии заминаи моддиву техникӣ, боло бурдани сатҳи касбии омӯзгорон ва ҳавасмандсозии донишҷӯёни лаёқатманд низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    31

    10.06.2025
  •  img
    ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ   9 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон вохӯрӣ доир намуд.   Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ташрифи меҳмононро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои густурдаи вазорат бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар самтҳои дастрасӣ ба таҳсилот, муҳити бехатар ва мусоиди омӯзиш, сифати таҳсилот ва рушди малакаҳо ҷараён дошта, дар заминаи се гранти муҳимми байналмилалӣ мавриди татбиқ қарор доранд.   Вазири маориф ва илм зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тавонмандсозии омӯзгорон мебошад. Зимни суханронӣ инчунин вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, таҳким бахшидани сифати таҳсилот, таҳсилоти фарогир ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ишора шуд.   Дар навбати худ, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон бо изҳори миннатдорӣ барои пазироии самимона, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти маориф намунаи ибрат буда, таҷриба ва пешрафтҳо дар ин бахш шоистаи омӯзиш ва таблиғ мебошанд. Ӯ афзуд, ки GPE омодааст, минбаъд низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувори соҳа ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.   Дар охир вазир барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин вохӯрӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    96

    09.06.2025