Таъиноти кадрӣ
07.01.2025
7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва чанде аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Нуробод аз ҳисоби кадрҳои ҷавону дар хизмати давлатӣ варзида таъин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаб интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Муовини якум ва Муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои навтаъсиси илмию тадқиқотии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба фаъолияти содиқонаю софдилона дар роҳи хизмат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, наздик будан бо аҳолӣ, риояи фарҳанги волои муомилаю муошират, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ривоҷ додани корҳои созандагию ободонии кишвар ҳидоят намуданд.
Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳое, ки акнун ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ менамоянд, дастур дода шуд, ки корҳои созандагиву бунёдкориро ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъат бахшида, бо ҷалби соҳибкорону ашхоси саховатманд бунёди иншооти таъиноти иҷтимоиро дар минтақаҳо суръати тоза бахшанд.
Вобаста ба мубориза бар зидди ҳама гуна қонунвайронкуниҳо, бахусус дар масъалаи замин ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хабарҳои дигар
-
42
08.01.2025 -
27
08.01.2025 -
24
08.01.2025