БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси байналмилалии WALS-2024 баргузор гардид. Аз 24 то 26 сентябри соли 2024, дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси байналмилалии WALS-2024 (Асотсиатсияи ҷаҳонии омузиши дарс) баргузор гардид. Дар конфронс ректори Донишкадаи такмили ихтисос Наврӯз Мирзозода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода иштирок карданд. Чаҳорчӯби WALS аҳамияти банақшагирии муштараки дарс, мушоҳида ва такмилро ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим таъкид мекунад. Мисолҳои амалӣ аз Ҷопон, Малайзия ва Қазоқистон таъсири мусбатии омузиши дарсро (LS-ро) ба рушди омӯзгорон ва фаъолияти донишҷӯён нишон доданд. Мақсади иштирок дар чорабинии мазкур мутобиқ кардан ва амалӣ намудани таҷрибаҳои WALS ва омузиши дарс (LS) дар Тоҷикистон барои рушди касбии муаллимон, беҳтар кардани натиҷаҳои дарсҳо ва баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим.
89
27.09.2024
-
Озмоиши системаи баҳогузории 10-холӣ дар 140 мактаб бо дастгирии лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо оғоз гардид. Озмоиши системаи баҳогузории 10-холӣ дар 140 мактаб бо дастгирии лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо оғоз гардид. Бо дастгирии лоиҳаи «Иттиҳоди Аврупо аз соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар 140 мактаб дар саросари Тоҷикистон озмоиши системаи баҳодиҳии 10-холаро шурӯъ кардаанд. Ин система арзёбии муфассалтар ва дақиқитари фаъолияти донишҷуёнро таъмин намуда, дар муқоиса бо ҷадвали 5-хола эътирофи бештар ба саъю кӯшиш ва пешрафти донишҷу фароҳам меорад. Озмоиш давоми соли хониш идома медиҳад ва баъд аз он Вазорати маориф ва илм самаранокии онро барои татбиқи эҳтимолӣ дар саросари кишвар арзёбӣ мекунад. Ин ташаббус қадами муҳим дар самти баланд бардоштани стандартҳои таҳсил дар Тоҷикистон мебошад.
83
18.09.2024
-
Таҷрибаи пешқадами рушди фрилансинг ва шуғли фосилавӣ Аз 13 то 23 август намоянди лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Тоҷикистон» ба шаҳри Остона сафар карданд! Мақсади сафар омӯхтани таҷрибаи пешқадами рушди фрилансинг ва шуғли фосилавӣ буд. Ин дониш ба мо кӯмак мекунад, ки механизмҳои муассир ҷорӣ кунем ва шароити кори фрилансерҳоро дар Тоҷикистон беҳтар кунем. Ҳайат аз Маркази рушди меҳнат, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин аз Маркази шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии Остона ташриф доданд. Қайдҳои муҳим: -- Шуғои платформавӣ инкишоф меёбад. Дар кодекси нави ичтимой андози даромад 1 фоиз кабул карда шудааст. -- www.enbek.kz - биржаи электронии меҳнат 95% аҳолии фаъоли Қазоқистонро фаро мегирад. Муносибатхои мехнатй хеле содда карда шудаанд. -- Талабот ба хизматрасонии маркази шуғли аҳолӣ дар Остона хеле зиёд аст. Барномаҳои мувофиқ самараи баланд нишон медиханд. -- Резидентҳои Astana Hub ҳар сол ба маблағи то як миллиард маҳсулот ва хизматрасонӣ содир мекунанд. Резидентҳо аз ҳама гуна андозҳо озод мебошанд, ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ, ки 5% андоз аз даромад месупоранд. -- Платформаҳо ба монанди Upwork баланд писанд ҳастанд.
6891
06.09.2024
Эълон
Бештар-
20.12.2024
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ. ПРОЕКТ СРЕДА ОБУЧЕНИЯ ОСНОВА КАЧЕСТВЕННОГО ОБРАЗОВАНИЯ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ. ПРОЕКТ СРЕДА ОБУЧЕНИЯ ОСНОВА КАЧЕСТВЕННОГО ОБРАЗОВАНИЯ Бештар -
19.12.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. INDIVIDUAL CONSULTANT ON SUPPORTING IN DEVELOPING THE CAPACITY-BUILDING TRAINING PACKAGE FOR PROJECT LEARN
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. INDIVIDUAL CONSULTANT ON SUPPORTING IN DEVELOPING THE CAPACITY-BUILDING TRAINING PACKAGE FOR PROJECT LEARN Бештар -
18.12.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. SECRETARY-TRANSLATOR
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. SECRETARY-TRANSLATOR Бештар
Ҳамаи элонҳо