ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон 26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин, ба хотири пазироии самимии меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари кишвари дӯст барномаи дилнишини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.44
26.11.2025
-
СЕМИНАР-МОНИТОРИНГИ ЛОИҲАИ STEM БАРГУЗОР ГАРДИД 25 ноябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Румӣ” семинар-мониторинг оид ба баррасии ҷараёни татбиқ ва дурнамои лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ (STEM) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд. Чорабинӣ бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО, мутахассисони соҳа ва дигар шарикони рушд доир гардида, ҷараёни иҷрои фаъолиятҳои лоиҳа ва механизми устуворсозии натиҷаҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз гардида, таъкид намуд, ки татбиқи лоиҳаи STEM яке аз ташаббусҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияҳои муосир ба раванди омӯзиш ва таҳкими салоҳияти омӯзгорон ба шумор меравад. Зикр гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори соҳа ва таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба таҳсилоти босифат равона шуда, дар ин замина рушди ҳамкории муассир бо шарикони рушд аҳаммияти махсус дорад. Дар ҷараёни семинар гуфта шуд, ки тибқи стандартҳои навшуда барои фанҳои химия, биология ва физика барои синфҳои 7-11 таҳия ва бознигарии барномаҳои таълимӣ анҷом ёфта, раванди таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва маводи таълимӣ идома дорад. Қисме аз китобҳо, аз ҷумла, химияи синфҳои 9-10, физикаи синфҳои 9-10 ва биологияи синфҳои 8-9 пурра омода шуда, 14 роҳнамо ва 14 воситаи арзёбии омӯзгорон таҳия гардидааст. Дар семинар зарурати ба нашр супурдани якбораи ҳамаи китобҳо барои фароҳам овардани дастрасии баробар ба муассисаҳои таълимӣ таъкид гардид. Дар самти такмили ихтисос 15 модул ва 15 дастури методӣ барои тренерони миллӣ омода ва барои тасдиқ пешниҳод шуда, 18 омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба омӯзишҳои махсус ҷалб гардидаанд. Дар давраи омӯзишӣ 284 омӯзгор ва мутахассиси соҳа фаро гирифта шуда, ду барномаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, низоми “Омӯзгор pro”, таҳия ва тасдиқ шудаанд. Тибқи талаботи лоиҳа, донишкада вазифадор шуд, ки барои фарогирии ҳадди ақали 1520 омӯзгор тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намояд. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи касбӣ-техникӣ ва 6 филиали донишкада бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, тахтаҳои интерактивӣ, планшетҳо, компютерҳо ва таҷҳизоти лабораторӣ таъмин шудаанд. Иштирокчиёни семинар дар музокироти гурӯҳӣ масъалаҳои марбут ба воридсозӣ ва татбиқи умумимиллии китобҳои нави STEM, истифодаи низоми рақамии идоракунии таълим, дастгирии минбаъдаи омӯзгорон ва механизмҳои устувории таҷҳизоти техникиро баррасӣ намуда, барои соли 2026 харитаи роҳ ва нақшаи устувории лоиҳаро мувофиқа карданд. Таъкид гардид, ки зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм бояд барои идомаи татбиқи барномаҳо ва истифодаи пурраи маводи таҳияшуда масъулияти мустақим дошта бошанд ва минбаъд ин раванд аз ҳисоби буҷети давлатӣ идома дода шавад.54
25.11.2025
-
Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада ҳамкориро густариш медиҳанд Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада Созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Созишнома дар Гренада зимни мулоқоти муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин ва президенти Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада Мариос Лукас ба имзо расид. Санади имзошуда фарогири якчанд имконияти нав барои донишҷӯёни тоҷик буда, роҳҳои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбиро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфуз боз менамояд. Тибқи мувофиқаи тарафайн, донишҷӯёни тоҷик аз тахфифҳои махсуси таҳсил, имкони гузаронидани коромӯзӣ ва резидентура, инчунин қабули бевосита ба зинаи бакалаврият бе расмиёти иловагӣ бархурдор мегарданд. Донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар се давлат- Гренада, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳанд. Ин имконият барои роҳ кушодани барномаҳои байналмилалӣ ва афзоиши дастрасии донишҷӯён ба таҳсилоти босифат мусоидат мекунад. Дар доираи ин созишнома Донишгоҳи Сент-Ҷорҷ бояд барои ҷавонони тоҷик теъдоди ҷойи қабулро зиёд кунад. Илова бар ин, донишҷӯён имкони дарёфти раводид бо маблағгузории донишгоҳ, ҳамчунин суғуртаи тиббии ройгон хоҳанд дошт. Дар ҷараёни музокирот таъкид шуд, ки васеъ шудани чунин имконият барои ҷавонони тоҷик дар рушди кадрҳои баландихтисоси байналмилалӣ саҳми муҳим мегузорад.46
25.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор