БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II
- 
                            
                                Оғози омӯзиш барои таҳкими таҳсилоти касбии фарогир Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи Дастгирии Буҷет расман оғози даври аввалини омӯзишҳои такмили ихтисосро эълон намуда, ҳадафи он дастгирии ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва ба соҳа мувофиқ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон мебошад. Ин омӯзишҳо бо нишондиҳандаҳои асосии Барномаи дастгирии буҷет ҳамоҳанг буда, ба таъмини таҳсилоти босифат, дастрас ва фарогир нигаронида шудаанд. Ин даври омӯзишҳо се мавзӯи муҳимро дар бар мегирад: • Методологияи истифодаи маводи рақамии модулӣ ва ба салоҳият асосёфта дар раванди таълим • Таҳсилоти касбии дастрас ва фарогир • Методологияи татбиқи барномаҳои модулӣ ва ба салоҳият асосёфта, аз ҷумла барномаҳои кӯтоҳмуддат Аввалин омӯзиш дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он омӯзгорон, методистон ва инчунин мутахассисони минтақаҳои ҳамсоя иштирок намуданд. Ҳадафи ташаббус — баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, татбиқи усулҳои нави таълим ва такмили сифати умумии раванди таълими касбӣ мебошад. Бо фароҳам овардани шароит барои омӯзгорон ҷиҳати истифодаи усулҳои пешрафтаи таълимӣ ва воситаҳои методӣ, Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи Дастгирии Буҷет ӯҳдадории худро дар самти дастгирии нерӯи корие, ки барои бозори меҳнати рӯ ба рушд омода аст, идома медиҳад ва таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти касбиро барои тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ, аз ҷумла шахсони осебпазир, таъмин менамояд.168
24.10.2025
 - 
                            
                                Дурнамои малакаҳо, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор Дар доираи лоиҳаи Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ниҳоӣ оид ба Дурнамои малакаҳо, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор баргузор шуд. Мақсади асосии вохӯрӣ: • Муаррифии натиҷаҳои таҳлили дурнамои малакаҳо барои бахшҳои сохтмон, нассоҷӣ ва сайёҳӣ; • Пешниҳоди дастурамали методологӣ барои ташкили машқҳои дурнамоӣ; • Мусоидат ба таҳия ва муҳокимаи сиёсатҳо ва стратегияҳои рушди соҳаҳо. Дар семинар намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин сохторҳои дахлдори давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо суханронии ифтитоҳии намояндагони вазоратҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ оғоз гардида, сипас иштирокдорон дар бахши панелӣ натиҷаҳо ва роҳҳои расидан ба сенарияи дилхоҳро баррасӣ намуданд109
14.10.2025
 - 
                            
                                Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо малакаҳои мутахассисони соҳаи маорифро тақвият мебахшад Дар доираи татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тренинги омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. Мақсади асосии тренинг тақвият додани қобилиятҳои мутахассисон дар самти идоракунии самараноки барномаҳои таълимӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯъбаҳои минтақавӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф мебошад.497
07.10.2025