БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II

Компоненти 3

Беҳтар кардани идоракунии соҳаи маориф. Рушди нақшаҳои нави маблағгузорӣ, такмили қонунгузорӣ, мониторинг ва арзёбӣ (M&E) ва таъсиси механизмҳои ҳамоҳангсозӣ байни ҷонибҳои манфиатдор.

 

Таҳкими иқтидор

Таҳкими иқтидор дар чор самти муҳим равона шудаст:

Маблағгузории сарикасӣ (PCF): Модели маблағгузории сарикасӣ такмил дода шуда, то тақсими баробари захираҳо дар байни мактабҳо таъмин гардад, нобаробарии минтақавӣ бартараф шавад ва фарогирии донишҷӯёни дорои эҳтиёҷоти махсус дар таълим беҳтар гардад.

Механизми маблағгузории таҳсилоти касбӣ-техникӣ (ТКТ): Пешниҳоди модели маблағгузории сарикасӣ бо назардошти фарқиятҳои минтақавӣ, хароҷотҳои мушаххаси соҳаҳо бо назардошти инфлятсия, ки тавассути машварат бо ҷонибҳои манфиатдор тасдиқ гардид.

Системаи Моииторинг ва Арзёбӣ: Тавассути семинарҳо ва сессияҳои хурди омӯзиш мустаҳкам карда шуд, ки як консепсияи чаҳорсолаи пешнавис барои итифодиа амалияҳо ва муқаррар намудани афзалиятҳо барои беҳбудии устувор таҳия гардид.

Нақшаи рушди стратегӣ: Нақшаи рушди стратегӣ барои Кумитаи ТКТ (2024–2030) ва Стратегияи Донишкадаи такмили ихтисоси ва бозомузии кормандони соҳаи маориф (2030) таҳия шуданд, ки идоракунӣ ва навсозиро бо афзалиятҳои миллӣ мутобиқ мекунанд.