ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ! Ҳамаи шумо, инчунин, собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсия самимона табрик мегӯям. Ҷашни касбии кормандони милитсия дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи беш аз се даҳсола дар ҷодаи пешрафту тараққиёт ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд. Кормандони милитсия, хусусан, дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддиву техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд. Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд. Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд. Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки барои таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус дода шавад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Кормандони милитсияи тоҷик бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромиву осоиштагии диёри азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон нафар сарсупурдагони роҳи истиқлолу озодӣ ба даст омадааст. Таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад. Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба давлату миллат, сарзамини муқаддас ва Ватани аҷдодӣ итминони комил дорам. Бовар дорам, ки шумо ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонед, вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худро минбаъд низ содиқонаву сарбаландона иҷро мекунед. Бори дигар тамоми кормандони милитсияи тоҷик ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям. Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!59
10.11.2025
-
ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИ КАСБӢ 8 ноябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони дастгоҳи марказии вазорат, ректорон, директорон ва муовинони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд. Ҷаласа бо ҳадафи баррасии иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳлили масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф баргузор гардид. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои омода намудани омӯзгорони баландихтисос дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, таҳияи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026–2030, таҳкими идеологияи миллӣ дар ҷомеа ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои аъзои ИДМ ва роҳандозии ҳамкорӣ бо ширкати «Электа» (Британияи Кабир) оид ба омӯзиши забони англисӣ тавассути технологияҳои маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар поёни ҷаласа, ба ҳозирин аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм бо мақсади тақвияти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар супоришҳои мушаххас дода шуд.74
08.11.2025
-
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “KHIMIO-2025” Имрӯз, 8 ноябри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни баргузории Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO–2025” дидан намуд. Дар рафти боздид вазири маориф ва илм бо шароити ташкилии баргузории олимпиада, сатҳи иштироки хонандагон ва муҳити баргузорӣ аз наздик шинос гардид. Зимни боздид вазир изҳори қаноатмандӣ кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ имконият медиҳад, то хонандагони болаёқат таҷрибаи арзанда андӯхта, зеҳн ва маҳоратҳои илмии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон диҳанд. Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо василаи тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни давлатҳои дӯст, балки қадами муҳим дар муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузи илму маорифи миллӣ ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии “KhIMIO-2025 бо иштироки хонандагон аз кишварҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Белорус баргузор гардида истодааст.67
08.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор