35 медали хонандагони тоҷик аз олимпиадаи “GeniusKids-2018”

07-11-2018
Шоми 6-уми ноябри соли ҷорӣ иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ-“GeniusKids-2018”, ки аз 2-юм то 5-уми моҳи ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гашт, ба ватан баргаштанд. Дар олимпиадаи мазкур, ки 400 нафар хонанда аз 12 давлати дунё иштирок доштанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 40 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар намояндагӣ карданд. Ба хонандагони тоҷик муяссар гардид, ки 35 медал (8-медали тилло, 11-медали нуқра ва 16-медали биринҷӣ)-ро соҳибӣ намоянд. Аз байни 400 нафар иштирокчӣ Шоҳҷоизаи озмуни “GeniusKids-2018” насиби Исломзода Абубакр – хонандаи синфи 8 литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе гардид.
Бояд қайд кард, ки аз аввали соли 2018 хонандагони кишвар дар 19 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Белорус, Ветнам, Италия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чехия, Словакия, Португалия, Япония ва Хитой баргузор гардиданд, иштирок намуда, 248 медал (58 медали тилло, 86 медали нуқра ва 107 медали биринҷӣ)-ро ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 медал (28 медали тилло, 43 медали нуқра ва 44 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.
А.МАСЪУД-корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм