
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ ГУРӮҲИ МАОРИФИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СОҲАИ МАОРИФ 14 июни соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи кории Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки соҳаи маориф баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаи маориф, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи шарикони рушд, сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед, муовини якум, муовинони вазир, намояндагони шарикони рушд, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояти Суғд иштирок намуданд. Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, ҳадафу аҳаммияти баргузории онро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод. Вазири маориф ва илм дар суханронии худ иброз дошт, ки тибқи таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф яке аз рукнҳои асосии рушди устувори кишвар буда, тақвияти соҳа тавассути ҳамоҳангии фаъоли дохилӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ имконпазир аст. Таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ ва дигар шарикон тавонистааст як қатор иқдомҳои муҳим, аз ҷумла, таҳияи ҳуҷҷати миёнамуҳлати Созишномаи шарикии “КОМПАКТ”-ро ба иҷро расонад. Дар ҷаласа намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла, Муҳаммад Тариқхон, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ, Изабел Уриз, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, Артур Ван Дизен, роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва ҷаноби Адҳам Мусаллам, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, баромад ва пешниҳодҳои мушаххас карданд. Онҳо ҳамкории худро бо Вазорати маориф ва илм барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор иброз дошта, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ин ҳамкориҳо таъкид намуданд. Дар навбати худ муовини раиси вилояти Суғд зимни баромади худ иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи рушди маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа дода, ҳамкориро бо Вазорати маориф ва илм, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар самти такмили инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва таъмини муҳити сифатноки таълим пайваста тақвият медиҳад. Гуфта шуд, ки бо талошҳои муштарак, дар вилоят имкониятҳои таълимӣ рӯз ба рӯз беҳтар гардида, замина барои таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст фароҳам гашта истодааст. Илова бар ин, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорат ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла, Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ, шуъбаи сифати таҳсилот, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва дигар сохторҳо аз фаъолияти худ дар заминаи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои нав гузориш доданд. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: - рушди соҳаи маориф дар вилояти Суғд; - татбиқи марҳилавии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои солҳои 2025–2027; - ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунӣ ва таълим (Tech4Ed); - таҳияи платформаҳои таълимӣ дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф”; - гузариши аттестатсияи омӯзгорон ба шакли рақамӣ; - таъсиси Гурӯҳи маорифи маҳаллии минтақавии вилояти Суғд ва таҳкими низоми ҳамоҳангии шарикони рушд (LEG/DCC). Дар идомаи ҷаласа ба роҳбарони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҳамкориҳои босамар ва саҳмашон дар рушди маорифи кишвар "Сипоснома"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Дар охири ҷаласа натиҷаҳои муҳокимаронӣ ҷамъбаст гардида, барои идомаи раванди ислоҳот дар низоми таҳсилот ва ҷалби сармояи байналмилалӣ тавсияҳои мушаххас таҳия шуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
36
14.06.2025
-
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД Имрӯз, 14 июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо устодон, кормандон ва ҳайати роҳбарияти донишгоҳ баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ, вазири маориф ва илм ҳозиринро бо фарорасии ҷашни пуршукуҳи Ваҳдати миллӣ, яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ваҳдати саросарии мо бо талошу фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Таъкид шуд, ки маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи рушди устувори соҳаҳои муҳимми ҳаёти кишвар, аз ҷумла, маориф ва илмро фароҳам овардааст. Зимни суханронӣ вазир ба масъалаҳои муҳимми соҳа дахл намуда, ба таъмини шаффофияти имтиҳонҳои хатм, ҷилавгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ, тақсимоти сарбории омӯзгорон, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил ва тақвияти омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Вазири маориф ва илм ҳамзамон иброз дошт, ки дар партави таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити муосир таҳкими равандҳои рақамикунонӣ дар иқтисод, илм ва маориф талаботи замон аст. Дар ин замина, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар соҳаи иқтисоди рақамӣ муҳим арзёбӣ гардид. Дар идомаи мулоқот, вазир ба роҳбарияти донишгоҳ дастур дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хатмкунандагон ва тақвияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, шумораи гурӯҳҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро афзун намоянд. Ҳамчунин гузариши пурраи ҳуҷҷатгузории дохилидонишгоҳӣ ба низоми электрониро як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти таълимӣ номид. Дар анҷом, вазир таъкид кард, ки масъулияти рушди соҳаи маориф имрӯз бар дӯши ҳар як корманди соҳа аст. Мо бояд, бо дарки ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, бо дили соф ва эҳсоси баланди масъулият, барои тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, махсусан дар соҳаи омӯзгорӣ, тамоми кӯшишу имкониятҳои худро равона намоем. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
48
14.06.2025
-
СУҲБАТИ САМИМӢ БО ОМӮЗГОРОН 14 июни соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон вохӯрии судманду самимии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот вазири маориф ва илм бо омӯзгорон перомуни як қатор масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф суҳбат анҷом дод. Аз ҷумла, ҷонибдории пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди соҳаи маориф, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар дар самти беҳсозии шароити омӯзишу таълим ва дастгирии доимии омӯзгорон дар меҳвари суҳбат қарор дошт. Вазир таъкид намуд, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа дар сатҳи баланди сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳидоят ва босавод намудани насли наврас бевосита аз фидокорӣ ва садоқати онҳо вобаста аст. Ҳамзамон, вазир ба масъалаи муҳимми омода намудани хонандагон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омӯзгоронро ба истифодаи равишҳои муосири таълим ва тақвияти қобилияти зеҳнии шогирдон даъват кард. Дар навбати худ омӯзгорон миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаи маориф иброз доштанд. Дар ҷамъбасти мулоқот вазир ба зарурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва дӯст доштани муҳассилин таъкид карда, изҳор дошт, ки омӯзгор дар баробари ба шогирдон илму дониш омӯзонидан, бояд роҳбалади маънавии онҳо низ бошад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
22
14.06.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
11.06.2025
Disbursement Specialist
Disbursement Specialist Бештар -
09.06.2025
Специальное уведомление о закупках
Название контракта: Пакет 1: Лот1 - Строительство нового образовательного учреждения в селе Захматобод, школа №7 район Восе. Лот2 - Строительство здания нового общеобразовательного учреждения № 26 в селе Корез, джамоата Корез, Дангаринского района Бештар -
28.05.2025
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор