Қадрдонии кормандони «ТВЕА»

10-10-2018
10-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм маросими супоридани нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон» ба кормандони ширкати «ТВЕА»- и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гашт. Дар ҳамоиши мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазир Ф. Усмонзода, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ширкат намуданд. Дар оғоз вазир Нуриддин Саид қайд кард, ки  тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ширкати «ТВЕА»- и Ҷумҳурии Мардумии Чин то имрӯз муассисаи таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе, муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат ва муассисаи таълимии №59 барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Рӯдакӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара пурра ба анҷом расид. Илова бар ин, лоиҳакашии сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 барои 1200 ҷойи нишаст дар ноҳияи Файзобод ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат идома дошта, корҳои сохтмонӣ соли равон оғоз мегардад.
Директори ширкати   «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син аз пазироии самимона ва ҳамкориҳои судманд изҳори хушнудӣ намуд.
Ҳамин тариқ, ба кормандони ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син, Ли Биан Чю, Ван Джан, Чжао Ванг Шен нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон» супорида шуд.
Дар охир маросими супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ду ҷониб сурат гирифт.
   

                                                                                                                                                       Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО-корманди 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм