Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ихтисосҳои нав ба роҳ мемонад

06-02-2018
Дар иртибот ба Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар донишкада таҳти унвони «Рушди сайёҳии байналмилалӣ»  ихтисоси нав ҷорӣ намояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ  ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Шукрулло  Хайрзода  посух дод.
Мавсуф зикр кард, ки  дар  Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон   аз рӯи 37 ихтисос, ки самташон ба бахши иқтисод ва молия нигаронида шудаанд, барои бозори меҳнат мутахассисон  омода гардонида мешаванд.
Ҳоло дар Донишкадаи  молия ва иқтисоди Тоҷикистон   наздик ба 7 ҳазор донишҷӯ  дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1654 нафар  тариқи буҷавӣ, 5281 нафар тариқи шартномавӣ  ва 28 нафар донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ  таҳсил менамоянд.
АМИТ Ховар