Натиҷаҳо хурсандибахшанд, вале мушкилот низ зиёд аст

20-09-2017
Гузориш аз конфронси миллии таҳлили якҷояи соҳаи маориф,ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва шарикони рушд аз созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси миллии таҳлили якҷояи соҳаи маориф бо иштироки созмонҳои ҷаҳонии рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, намояндагони дигар вазорату ташкилотҳо ва  сардорони раёсати маорифи вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории конфронс таҳлилу баррасии корҳои дар давоми се соли охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм анҷомдода ва бардошту натиҷагирӣ аз он ба шумор мерафт.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили якҷояи соҳаи маориф яке аз рукнҳои банақшагирии стратегӣ ва миёнамуҳлати соҳа маҳсуб меёбад. Нақшаи фаъолияти соҳаи маориф барои солҳои 2015-2017 имсол ҷамъбаст мешавад ва нақшаи миёнамуҳлати  оянда барои солҳои 2018-2020 таҳия хоҳад шуд. Дар ин муддат якчанд нақшаи стратегӣ татбиқ шуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифат дар зинаҳои гуногуни таҳсилот замина гузошта шудаанд. Аз ҷумла, стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ мувофиқи талаботи муносибати босалоҳият ба таълим барои зинаҳои дигари таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва татбиқ шуда истодаанд. Илова бар ин, таҳия ва нашри китобҳои дарсии насли нав, ки ба ташаккули салоҳиятмандии хонандагон мусоидат менамояд. ба роҳ монда шудааст. Тайи се соли охир зиёда аз 80 номгӯйкитобҳои дарсӣ ба миқдори 6207062 нусха чоп ва дастраси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гаштаанд.
Вазир, ҳамчунин дар хусуси дастоварду муваффақиятҳо дар бахши бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҳия ва  нашри асноди ҳуқуқиву меъёрӣ барои муассисаҳои томактабӣ, ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, рушди таҳсилоти олии касбӣ ва мутобиқ сохтани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ сухан гуфта изҳори умедворӣ намуд, ки тамоми самтҳои ислоҳотии дар Стратегияи миллии рушди маориф муқарраргардида тадриҷан амалӣ хоҳанд гашт. Сардори намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси кумитаи ҳамоҳангсозии фаъолияти  донорон дар соҳаи маориф Микелле Кримелла дар мавзӯи «Таҷрибаи беҳтарин дар таҳияи барномаи таълимӣ» баромад карда, қайд намуд, ки барномаи  таълимии ҷавобгӯи талаботи асри XXI бояд дорои хусусиятҳои зерин бошад: мутобиқ ба ҳаёти рӯзмарра ва бозори корӣ,ба таълимоте, ки дар он эҳтиёҷоти хонандагон ва корфармоён асос ёфтааст, мусоидат намояд, ҳосил гардидани натиҷаҳои тафриқавие, ки дар онҳо муваффақиятҳои фардӣ вобаста ба тамоми қобилиятҳо назаррасанд ва ғайра. Татбиқи барномаи номбурда танҳо тавассути таҳсилоти босифат муяссар мегардад. Мо ба барномаи миллии рушди таҳсилот дар ҷумҳурӣ такя мекунем. Дар роҳандозии барнома усулҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла, усули изуалӣ, аудиалӣ ва кинестикӣ истифода бурда мешавад. Ҳамзамон, ба донишомӯзон имкони муҳокима, баҳсу мунозира ва ҳамкорӣ фароҳам оварда мешавад.
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Фатҳиддин Усмонзода зимни суханронии хеш гуфт, мо бо шарикони рушд ҳанӯз соли 2012 нақшаи амалӣ намудани Стратегияи рушди миллии маорифро кор карда баромада будем, ки он марҳала ба марҳала то соли 2020 идома хоҳад ёфт. Маълум аст, ки аз  ҷониби Ҳукумати кишвар Стратегияи  рушди ҷумҳурӣ то соли 2030 таҳияю омода гардидааст. Дар заминаи ҳуҷҷати зикршуда Стратегияи  миллии рушди маориф барои соли 2020 коркард ва пешниҳод  шудааст. Албатта, дар самти татбиқи стратегияи  номбурда корҳои зиёдеро ба анҷом расондан лозим меояд. Аввалтар аз ҳама, базаи мукаммали ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани  кӯдакон ва ҷалби  мутахассисони ҳирфаиро ба вуҷуд овардан лозим аст. Ба ин мақсад, таҷрибаи кишварҳои мутараққии Аврупо омӯхта шуда, дар низоми муассисаҳои томактабӣ бояд татбиқ  карда шавад. Гузаштан ба низоми таҳсили 12-сола аз масъалаи дигари соҳаи маориф ба шумор меравад. Ҳамзамон, ислоҳоти муҳим ин ислоҳоти мазмуни таҳсилот маҳсуб ёфта, гузаштан ба низоми таълими босалоҳият асоси онро ташкил медиҳад. Мушовири Лоиҳаи дастгирии таҳсилоти босифати ИА Шуҳрат Мирзоев дар бораи  вазъи бозори меҳнат, маблағгузории давлат ба соҳаи  маориф мақсаду мундариҷаи барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ, системаи сезинагии ташкилотҳои буҷетӣ, маблағгузорӣ ба сари ҳар як нафар хонанда ва монанди ин ба тафсил ҳарф зада, аз боби дастоварду пешравиҳо дар соҳа изҳори қаноатмандӣ намуд.
Мушовири лоиҳаи ГПО-4 Асрор Алиев маърӯзаи худро  ба мавзӯи «Раванди таҳия ва татбиқи стандартҳои фаннӣ мувофиқи муносибати босалоҳият ба таълим: сабақҳои омӯхта ва қадамҳои минбаъда» бахшида, қайд кард, ки дар 55 муассисаи таълимӣ 463 омӯзгор дар раванди озмоиши муносибати босалоҳият ба таълим иштирок намуданд. Соли таҳсили 2015-2016 озмоиш баргузор гардид. Баҳри татбиқи низоми нави таълим 30 адад роҳнамо, стандартҳои фаннӣ аз 8 фан ва 11адад замима ба китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр гардиданд. Дар умум, 4000 нусха стандарти фаннӣ, 290000 нусха роҳнамо ва 530000 нусха замима ба китобҳои дарсӣ чоп ва дастраси устодону омӯзгорон гардонда шуданд. 
Файзиддин Ниёзов дар масъалаи таҳлили вазъи арзёбии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди дарс дар асоси таҳлили  SABEP баромад карда, изҳор дошт, ки SABEP муносибати системавӣ барои натиҷаҳои таълимии босифат дар  заминаи барномаи илман асоснок шудаи Бонки ҷаҳонӣ буда, ба мамлакатҳо барои ба таври муназзам арзёбӣ ва мустаҳкам  гардондани натиҷаҳои таълими системаи маориф ёрӣ мерасонад. Арзёбии дониши хонандагон –SABEP яке аз самтҳои Барномаи муносибати системавӣ барои натиҷаҳои таълимии хуб буда. мақсади асосии он муайян намудани арзёбии дониши хонандагон дар мамлакатҳои рушдёфта ва рӯ ба инкишоф ба шумор меравад. Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки барои  такмил додани низоми самараноки арзёбии хонандагон ёрӣ расонад. Арзёбӣ дар раванди дарс аз имтиҳонот, арзёбии калонҳаҷми сатҳи миллӣ ва арзёбии калонҳаҷми сатҳи байналмилалӣ иборат мебошад. 
Корманди ДТИБКСМ дар ВМКБ Ғ.Султоншоев перомуни истифодаи технологияи иттилоотӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон сухан ронда, воситаҳои коммуникатсионӣ, аз қабили почтаи электронӣ, форумҳои электронӣ ва папкаи электронӣ ва папкаи электрониро дар раванли таҳсилот муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, почтаи электронӣ баҳри дастрасӣ ба хидматрасониҳои лозимӣ, додугирифти мактубҳои  электронӣ ва огоҳӣ аз навигариҳо нақши бузург мебозад. Гурӯҳи электронӣ бошад, ташкили баҳсу мунозираҳоро вобаста ба фан, дарёфти ҷавобҳои мушаххас барои саволҳои матраҳшуда, ҳалли масъалаҳои душворфаҳм дар муддати кӯтоҳ ва мубодилаи донишу маҳоратҳоро байни омӯзгорон дарбар мегирад. Папкаи электронӣ дарёфти ҳуҷчатҳои заруриро дар синфҳои ибтидоӣ, фанҳои таърих ва ҳуқуқ,физика, забони тоҷикӣ, математика, информатика, забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин менамояд. Номбурда аз дастовардҳои барнома сухан карда,хотирнишон намуд, ки дар вилоят 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба интернет пайваст шуданд. Кормандони донишкада (18 нафар), шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят (6 нафар) ва омӯзгорони 25 таълимгоҳ оид ба воситаҳои системаи фосилавии дастгирии такмили маҳорати касбӣ  омӯзонда шуданд. Омӯзгорони мактабҳои дурдаст ба таври пайваста бо мушовирони  филиали донишкада оид ба гирифтани маслиҳат ва тавсияҳои методӣ датрасӣ пайдо  намуданд. Муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва  илми ҷумҳурӣ Қутбиддин Муҳиддинов дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ маълумот дода, афзуд, ки масъалаи асосии ислоҳоти зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар Стратегияи  миллии рушди маориф муқаррар шудааст, таҷдиди мундариҷаи таълим ва гузариш ба муносибати  босалоҳият ба таълим ба шумор меравад. Самтҳои асосии ислоҳот маводи таълимию методӣ (стандартҳои фаннӣ, роҳнамои омӯзгор, китобҳои  дарсӣ, омода  намудани омӯзгорон (такмили ихтисоси омӯзгорон,таҷдиди барномаҳои таълимии коллеҷу донишгоҳҳои омӯзгорӣ), мутобиқ сохтани системаи арзёбии натиҷаҳои таълимии хонандагон ва омода намудани  хадамоти  ёрии методӣ ва назорати сифат  мебошад. Қ.Муҳиддинов  муваффақиятҳоро дар ин боб рақамзанӣ карда, таҳия ва озмоиши барномаҳои таълимиро барои кӯдаконе, ки аз таҳсил дур мондаанд, таҳияи барнома ва дастурамалҳои методӣ оид ба ташаккули малакаҳои хондани хонандагони синфҳои ибтидоӣ, сохта ба истифода дода шудани  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо назардошти фарогирии хонандагони талаботи махсусдошта, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ мувофиқи стандартҳои  навро аз дастовардҳои муҳим ҳисобид.
Ҳамчунин, номбурда барои бомуваффақият ва самаранок ба роҳ  мондани ислоҳот ва ноил гардидан ба  ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маориф якчанд тадбирро зарур шуморид. Аз ҷумла, дар сатҳи омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳияи қолаби ягонаи куррикулуми миллӣ, тартиб додани нақшаи мушаххаси таҳия ва татбиқи стандарту барномаҳои нави таълимӣ, таҳияи дастурамал барои таҳияи маҷмӯи маводи таълимию методӣ бо назардошти муносибати босалоҳият ба таълимро муқаддаму асосӣ арзёбӣ намуд.Муовини сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  Нозимҷон Сиддиқов вазъият дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбиро таҳлил ва баррасӣ намуда, қайд кард, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 14 самт ва 96 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ мутахассис тайёр менамояд. Дар се соли охир 37 барномаи таълимӣ, 20 тавсияи методӣ, дастурамалҳо таҳия ва 11 адад китоби дарсии фанҳои  тахассусӣ ба забони давлатӣ тарҷума ва чоп карда шудаанд. Тайи солҳои 2015-2017 зиёда аз 2000 нафар кормандони соҳаи ТИК, аз ҷумла, директорон, муовинони директор, сарустоҳо, омӯзгорон, устоҳои таълимии истеҳсолӣ, сармуҳосибон, нозирони шуъбаи кадрҳо, мушовирон  ва китобдорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаронда шуданд. Маълумоти умумӣ оид ба таҳсилоти олии касбиро  муовини сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣва баъди дипломии Вазорати маориф ва илми кишвар Маҳмудхон Шоев пешниҳоди ҳозирон намуд. Ӯ дар боби  самтҳои ислоҳот  дар зинаи мазкур сухан ронда, зикр кард, ки дар асоси низоми модулию кредитӣ ва дараҷаи баланди мустақилияти таълим ташкил намудани фаъолияти нави таълим, такмили заминаи моддию техникӣ бо мақсади баланд бардоштани сифатҳои таҳсилот мувофиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ, таъсиси бозори  барномаҳои таҳсилоти касбӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат,равонасозии мундариҷаи таҳсилоти касбӣ ҷиҳати тайёр намудани ба кор дар шароити рушди инноватсионии иқтисоди бозаргонӣ, тарҳрезӣ ваба истифодадиҳии шабакаи муносиби муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мутобиқи таҳсилоти ҳудудии истеҳсолот, қувваи корӣ ва  имконияти рушди иқтисодиёт роҳандозӣ хоҳад гардид. Мавсуф дар хусуси муваффақиятҳо ҳарф зада, гуфт, дар соли таҳсили 2016-2017 ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба низоми кредитии таълим гузаштанд. Бо фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  ҳамаи донишгоҳҳои кишвар стандартҳои  давлатии таълимии ихтисосро бо дарназардошти муносибати босалоҳият ба таълим таҳия карда истодаанд. Айни замон 273 Стандарти давлатии таълимии ихтисос таҳия гардидааст.  Сардори  раёсати иқтисодиёт ва банақшагирии Вазорати маориф ва  илми кишвар Икромҷон Донахоновдар мавриди масоили маблағгузориҳои соҳа, гузаштан ба низомҳои нави молиявӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сухан ронд. 
Дар рӯзи дуюми кори конфронс иштирокчиёни он ба чор гурӯҳи алоҳида ҷудо шуда, баҳри муайян намудани афзалиятҳои асосӣ, барномаҳо ва тавсияҳо барои нақшаи татбиқи  миёнамуҳлат дар солҳои 2018-2020 андешаву пешниҳодоти худро иброз намуданд. Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ таҳти раёсати  муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳти роҳбарии сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорат Абдуҷаббор Алиев, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳти сарварии муовини вазири маориф ва илм Бозоралӣ Одиназода, таҳсилоти олии касбӣ таҳти раёсати  муовини аввали вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев муҳокимаи масоили пешниҳодшуда сурат гирифт.
Ҳамин тавр, иштирокчиёни конфронс раванд ва тартиби таҳлили якҷояи соҳа ва банақшагирии миёнамуҳлатро барои солҳои 2015-2017 баррасӣ намуда, баҳри тарҳрезии нақшаи миёнамуҳлати солҳои 2018-2020 тавсияҳо ва пешниҳодоти худро ироа намуданд.