Номгӯи мавзӯъҳои намунавӣ барои бахшҳои машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10-06-2017

Масъалаҳои муҳими рушди маориф 

1.Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар.

2. Муносибат  ба таълими салоҳият-нокӣ моҳият, дастовард ва мушкилиҳо.

3. Мавқеи оила, муассисаи таълимӣ ва нақши АВО дар тарбияи хонандагон (тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Насли наврас») дар ташаккули шахсияти кӯдак.

4. Ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот.

5. Меъёрҳои нави баҳогузорӣ дар таълим. (рейтинг, бисёрхола) ҳарфӣ ва ғайра)

6.  Менеҷменти молиявӣ дар такомули идоракунии мактабу маориф.

Мудир ва мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф

1. Гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим, дастовард ва мушкилот. 

2. Банақшагирии мавзӯъҳои семинар - машваратҳои дастурдиҳӣ барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар кабинети методии шуъбаи маориф.

3. Таҳлили ҷанбаҳои асосии методикаи таълими фанҳо дар таълими босалоҳият.

4. Асосҳои назариявӣ ва методии санҷишҳои нозирӣ.

5. Самтҳои асосии омӯзиш, ҷамъбаст ва тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон.

6. Таҳлил ва таҳияи воситаҳои арзёбӣ дар таълим.

7. Истифодаи  методҳои  интерактивӣ (усулҳои ҳамкорӣ), суҳбат, мубоҳиса ва  нақшофарӣ дар ҷараёни  таълим.

8.Талаботи рӯз нисбат ба такмили ихтисос ва бозомӯзии соҳаи маориф.

Директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

1. Гузариш ба муносибати таълими салоҳиятнокӣ, дастовард ва мушкилот. 

2. Тарзи ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони маориф ва кадрҳои роҳбарикунанда.

3. Мактаб дар замони муосир. Идораи мактаб дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Дар амал татбиқ намудани стандарт, нақша ва барномаҳои таълимии фанҳо.

5. Фаъолияти муназзами хадамоти методӣ - омили асосии суботи раванди таълим.

6. Омӯзиши роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс (аз таҷриба).

7. Истифодаи технологияи нави таълим дар раванди машғулиятҳои таълимӣ. 

8.  Дастгирии педагогӣ дар омодасозии муҳити мувофиқ барои татбиқи усулҳои ҳамкорӣ дар таълим.

9. Мақомоти худидора; роҳ ва усулҳои самарабахш гузаронидани Шӯрои педагогӣ ва дигар ҷаласаҳо.

10. Истифодаи мақсадноки соатҳои қисми иловагии нақшаи таълимӣ - омили асосии рушди сифати таълим ва ғанӣ гардидани буҷаи муассисаҳои таълимӣ

11. Идоракунӣ ва нақши директори муассисаи таҳсилоти умумӣ дар муҳайё намудани муҳити мусоиди корӣ, дар ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳавасмандии кормандон.

12. Нақши Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон дар рушди муассисаҳои таълимӣ.

13. Манбаъҳои ғайрибуҷавӣ. Истифодаи лоиҳаҳои хурд барои дастгирии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.

Муовинони директор оид ба корҳои таълим

1. Нақши муовини директор оид ба таълим ва талаботи илмию методӣ чиҳати мураттаб намудани ҷадвали дарсӣ (аз таҷриба).

2. Роҳу усулҳои корбарӣ бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва    ҳамкорӣ бо падару модарони онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

3. Назорати дохилимактабӣ – омили асосии такмили раванди таълиму тарбия.

4. Афзалияти таълими басалоҳият дар низоми маорифи миллӣ.

5. Истифодаи усули ҳамкорӣ дар таълими салоҳиятнокӣ.

6. Кабинети методӣ ва нақши он дар пешбурди таҳсилот.

7. Нақши Шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон.

8. Нақши кабинети методӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнию ақлонии хонандагон.

9. Тарзи бо усули тестӣ ташкил ва гузаронидани натиҷагирӣ аз дониш, малака ва самаранокии таълим.

10. Тартиби таҳлил ва баҳогузорӣ ба сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ. 

Муовинони директор оид ба корҳои тарбия

1. Мавқеи оила ва муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак.

2. Корҳои тарбиявӣ дар баланд  бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон.

3. Роҳҳои ташаккули сифатҳои худбаҳодиҳии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ.

4. Мафҳум, мақсад ва заминаҳои тарбияи худогоҳӣ дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Мавқеъ, вазифаи роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва роҳбари синф дар тарбияи хонандагон дар асоси нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» .

6. Нақши муовини директор оид ба корҳои тарбия дар самти ҷалби хонандагон ба интихоби касб.

7. Роҳу усулҳои омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами роҳбари синф (аз таҷриба).

8. Тарзи гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва аҳамияти онҳо дар рушди ҷаҳонбинию ахлоқии хонандагон. 

9. Ҳамкории педагогии муовини директор оид ба корҳои тарбия бо падару модарон - омили асосии тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон.

Равоншиносони муассисаҳои таълимӣ

1. Саҳми психологи мактаб дар ташаккули протсесҳои маърифатии хонандагон.

2. Асосҳои психологии муътадилгардонии муносибатҳои байниҳам - дигарии хонандагон ва коллективи педагогӣ.

3. Заминаҳои психологӣ ва педагогии рушди тафаккури инноватсионии наврасону ҷавонон дар таълим.

4. Нақши  психологи  мактаб дар инкишофи тафаккури зеҳнии хонандагон.

5. Роҳ ва усулҳои пешгирии қонунвайронкунӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон.

6. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли хурди мактабӣ ва роҳҳои таълиму тарбияи онҳо.

7. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли миёнаи мактабӣ ва усулҳои таълиму тарбияи онҳо.

8. Нақши машварати психологӣ дар муътадилгардонии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ.

9. Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагон дар раванди таълим.

10. Истифодаи роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни таълим.

Педагогикаи инклюзивӣ

1. Фаъолияти корбарӣ бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва    ҳамкорӣ бо падару модарони онҳо дар марказҳои инкишофи кӯдак .

2.Заминаҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва педагогии ташкили таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Фаъолгардонии бачагони камшунаво дар раванди кори таълимӣ.

5. Ба касбомӯзӣҷалб намудани бачагони имконияташон маҳдуд.

6.Ташаккули шуури ахлоқии бачагони дорои имконияташон маҳдуд дар раванди таълим.

7. Заминаҳои педагогӣ – иҷтимоии тарбияи кӯдакони имконияти маҳдуддошта дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ . 

8. Хусусиятҳои таълими савод дар синфҳои 1 - уми мактабҳои ёрирасон (кӯдакони узви биноиашон осебдида). 

9. Мушкилоти тарбия ва таъмин намудани омодагии бачагони имконияти маҳдуддошта ба ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзанд.

Роҳбарони синф

1. Нақши роҳбари синф дар ташаккули шахсияти хонандагон.

2. Мавқеи оила ва муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак.

3. Ваколатҳои роҳбари синф дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ.

4. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба падару модар ва омӯзгорон.

5. Мавқеи созмонҳои талабагӣ дар ташаккули шахсияти хонандагон.

6.Асосҳои роҳбарии педагогӣ ба низоми худидораи созмони талабагӣ дар самти дидбонҳо (постҳо) - и назоратӣ.

7. Омилҳои асосии низоъ дар байни наврасон ва роҳҳои пешгирии он.

8. Ҳамкориҳои педагогии роҳбари синф ва муовини директор оид ба корҳои тарбия бо падару модарон - омили асосии тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон.

9. Омилҳои асосии ташаккулдиҳии қобилияти зеҳнии хонандагон дар натиҷаи истифода аз технологияи муосири таълим.

10. Ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии наврасону ҷавонон.

11. Роҳҳои амалисозии «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2017».

Забон ва адабиёти тоҷик

1. Ҷанбаи хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ дар асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо дар раванди дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.

2. Бедор намудани рағбати хонандагон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ - роҳи асосии афзун гардонидани ҷаҳонбинии хонандагон.

3. Кор бо луғат - яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони модарӣ.

4. Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.

5. Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ аз фанҳои забону адабиёт ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон.

6. Роҳу усулҳои бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо. 

7. Истифодаи усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ) – василаи шавқманд  гардонии хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.

8. Фаъолгардонии қобилияти дарккунии хонандагон дар дарсҳо тавассути истифодаи технологияи муосири таълим.

9. Корҳои беруназсинфӣ аз фанни адабиёт ва нақши меҳварии онҳо дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон.

10. Риояи меъёрҳои баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон.

11. Фаъолгардонии қобилияти зеҳнии хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик. 

Ӯзбек тили ва адабиёт.

1.Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида тинчлик ва миллий бирдамлик асосчиси - Миллат пешвоси, Тожикистон Жумҳурияти Президенти Эмомалӣ Раҳмон асарларидан ӯзликни англаш, миллий маданият, ватанпарварлик каби туйғуларни ӯрганиш усуллари тажрибасидан.

2. Бадиий асарларни ӯқишда ӯқувчилар интилишини кучайтириш — улар дунёқарашини кенгайтиришнинг асосий манбаси.

3. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида тест усулидан фойдаланиш.

4. Адабиёт дарсларида луғат ӯрганиш ва унинг аҳамияти.

5. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида техника воситаларидан фойдаланиш тажрибасидан.

6. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида ҳамкорлик (интерактив) усулларидан фойдаланиш тажрибасидан.

7. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида ӯқувчиларнинг оғзаки ва ёзма  нутқини баҳолаш мезонлари.

Русский язык и литература

1. Актуализация содержания внеурочной работы в общеобразовательных учреждениях.

2. Значение и роль русского языка в современном обществе.

3. Повышение читательской и речевой культуры школьников.

4. Усиление речевой направленности курса русского языка.

5. Читательские интересы школьников и проблема формирования культуры чтения.

6. Использование современных педагогических технологий на уроках русского языка и литературы.

7. Критерии оценки уровня подготовки выпускников основное и среднее обшеобразовательного учреждения по русскому языку и литературе.

8. Использование технических средств обучения на уроках русского языка.

9. Проблемы повышения грамотности школьников в современных условиях. 

10. Опыт преподавания русского языка в условиях нерусской среды.

11. Профессиональное развитие педагога. Участие в конкурсах как условие повышения квалификации учителя.

12. Новые подходы к организации и содержанию традиционных и инновационных форм методической работы по русскому языку и литературе.

13. Мониторинг качество знаний учащихся - основа систематизации знаний по русскому языку и литературе.

14. Кабинет русского языка и литературы в школе как средство повышения познавательного интереса к обучению школьников.

15. Комплектация кабинета русского языка и возможности его в учебном процессе.

16. Методика работы с одарёнными детьми, подготовка к предметной олимпиаде.

Забони англисӣ

1. Роҳҳои муосири баланд бардоштани нутқи шифоҳии хонандагон аз фанни забони англисӣ.

2. Кор бо луғат - яке аз усулҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони англисӣ.

3. Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар раванди дарсҳои забони англисӣ.

4. Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон.

5. Роҳу усулҳои бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо. 

6. Тарзу услҳои таълими замонҳои феъл дар дарси забони англисӣ. 

7. Аҳамияти луғат дар ташаккули захираи луғавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

8. Аҳамияти истифодаи тестҳо дар раванди дарсҳои забони англисӣ.

9. Роҳҳои амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020.

10.Усулҳои баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар ҷараёни таълим.

Забонҳои олмонӣ ва франсавӣ

1. Роҳ ва усулҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон.

2. Кор бо луғат омили асосии ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони хориҷӣ.

3. Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои забонҳои олмонӣ ва франсавӣ.

4. Ташаккули малакаҳои фикрронӣ дар дарсҳои забони хориҷӣ.

5. Муҳимияти таълими интерактивӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ.

6. Роҳу усулҳои бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо. 

7. Истифодаи роҳу усулҳои нави таълим дар раванди дарс (аз таҷриба).

8. Меъёри баҳогузорӣ ба корҳои хаттӣ ва шифоҳии хонандагон.

9. Кор бо ғалатҳои хонандагон – омили рушди саводнокии онҳо.

10. Истифодаи бозиҳои шавқовар ва таъмини мустақилияти хонандагон дар дарсҳои забони хориҷӣ.

                      Забони давлатӣ

1. Ҷанбаи хештаншиносӣ, гуманистӣ ва ватанпарастӣ дар асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо дар ҷараёни дарсҳои забони давлатӣ.

2. Риояи меъёри «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар дарсҳои забони давлатӣ.

3.Роҳҳои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии хонандагон тавассути мутолиаи китобҳои бадеӣ.

4.Роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони давлатӣ бо роҳи луғатомӯзӣ.

5. Роҳҳои пешгирӣ намудани ғалатҳои имлоии хонандагон дар раванди дарсҳои забони давлатӣ.

6. Ташаккули қобилияти фикрронии хонандагон дар дарсҳои забони давлатӣ.

7. Истифодаи усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ) – и таълим дар дарсҳои забони давлатӣ.

8. Тавассути эссе, иншо ва нақли хаттӣ тақвият додани малакаи эҷодии хонандагон.

Таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ

1. Истифодаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.12.2016 дар дарсҳои таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон.

2. Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, маҳорату малакаи хонандагон аз фанҳои таърихи халқи тоҷик ва ҳуқуқи инсон (аз таҷриба)

3. Мавқеи иттиҳодияи методии фанҳои таърих ва ҳуқуқ дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон.

4.Роҳҳои омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарсҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон (аз таҷриба).

5. Тарбияи ифтихори худшиносии миллӣ дар ҷараёни таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ.

6. Истифодаи китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» дар дарсҳои таъриху ҳуқуқ

7. Инкишофи малакаи корҳои мустақилонаи хонандагон дар дарсҳои таърих ва ҳуқуқ бо истифодаи аз харита, таблитса, китоб ва дигар маводи таълимӣ.

8. Нақши корҳои беруназсинфӣ аз фанҳои таъриху ҳуқуқ дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон.

9. Такрор, санҷиш ва баҳисобгирии сатҳи дониши хонандагон дар дарсҳои таърих ва ҳуқуқи инсон

10.  Истифодаи ҳуҷҷатҳои расмӣ дар дарсҳои таърих ва ҳуқуқ (аз таҷриба)

11. Истифодаи методи интерактивӣ дар дарсҳои таърих ва ҳуқуқ (аз таҷриба)

Математика (алгебра ва геометрия)

1. Ташкили дарсҳои такрор дар синфи 9 ҳангоми омодагӣ ба аттестатсияи хатм.

2. Тарзҳои гуногуни ҳалли нобаробариҳои нишондиҳандагӣ ва логарифмӣ дар синфи 11 ( аз таҷриба)

3. Усулҳои самараноки санҷиши дониши хонандагон аз фанни алгебра ( аз таҷриба).

4.Чорабиниҳои беруназсинфӣ аз фанни математика ва самаранокии онҳо дар ҷараёни таълим.

5. Ташаккули системаи фикрронии хонандагон дар зинаҳои таълими математика.

6. Методикаи ҳалли масъалаҳои матнӣ аз фанни математика дар синфҳои 5 - 6 (аз таҷриба).

7. Методикаи ҳалли муодилаҳои нишондиҳандагӣ ва логарифмӣ.

8. Татбиқи интеграл дар ҳалли масъалаҳои геометрӣ ва физикӣ.

9. Тарз ва усулҳои ҳалли муодилаҳои параметрдор дар синфҳои 8 - 11.

10.Истифодаи самараноки маводи дидактикӣҳангоми санҷиши дониши хонандагон аз фанни алгебра (аз таҷриба).

11. Ташхиси навъи хатоиҳои хонандагон ҳангоми ҳалли мисолу масъалаҳо.

12. Омӯзиши тарзи ёфтани соҳаи муайянии функсияҳо дар синфҳои 10 - 11

13. Ташкили «бозӣ» дар дарсҳои математика дар синфҳои 5 - 6.

14. Омӯзиши ҳалли масъалаҳо доир ба мавзӯъи « Сфера ва кура»

 15. Омӯзиши «Ҳалли масъалаҳо доир ба ёфтани қиматҳои калонтарин ва хурдтарини функсия».

16. Тарз ва усулҳои ҳалли системаҳои муодилаҳои хаттӣ дар  синфҳои 8 - 11.

17. Истифодаи маводи тестӣҳангоми санҷишҳои фосилавӣ аз математика (синфҳои 5 - 6).

18. Нақши истифодаи технологияи муосири таълим дар ташаккули қобилиятҳои зеҳнӣ ва фикрии хонандагон.

19. Нақшаи намунавии тақвимӣ - мавзӯӣ аз фанни алгебра дар синфҳои 7 - 9.

20. Нақшаи намунавии тақвимӣ - мавзӯӣ аз фанни алгебра дар синфҳои 10 - 11.

21. Нақшаи намунавии тақвимӣ - мавзӯӣ аз фанни геометрия дар синфҳои 7 - 9.

22. Нақшаи намунавии тақвимӣ - мавзӯӣ аз фанни геометрия дар синфҳои 10 - 11.

Физика ва астрономия 

1. Тарзи гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва тайёр намудани хонандагон ба аттестатсияи хатм. 

2. Тарзи ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагӣ аз фанни физика (аз таҷриба).

3. Тарз, тартиби банақшагирии маводи омӯзишӣ дар маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон ба онҳо 

4.Метод ва усулҳои гузаронидани корҳои лабораторӣ аз фанни физика. 

5. Таҳияи тест ва усули гузаронидани санҷишҳои тестӣ аз физика.

6. Гузаронидани намоиш - таҷриба яке аз воситаҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарси физика.

7. Асосҳои педагогӣ, психологии ташаккули мафҳумҳои физикӣ ва истилоҳоти физикӣ.

8. Ҳалли масъалаҳои физикӣ ва аҳамияти он дар раванди таълими физика.

9. Тартиб додани масъалаҳои физикӣ – яке аз воситаҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарс.

10. Роҳҳои истифодаи технологияи муосири таълим дар дарси физика.

11. Меъёри баҳодиҳии 100 - хола ва шаффофияти дониши хонанда.

Биология ва экология

1. Тарз, тартиби банақшагирии маводи омӯзишӣ дар  маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон ба онҳо аз фанҳои биология ва экология

2. Роҳ ва усулҳои дуруст ҷиҳозонидани кабинети биология дар муассисаҳои таълимӣ.

3. Тартиби гузаронидани дарси кушод бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2020» аз фанни экология (аз таҷриба)

4. Истифодаи маводи дидактикӣ дар дарсҳои ботаника дар синфи 5.

5. Роҳу усулҳои гузаронидани корҳои мустақилона аз фанни биология дар синфҳои 5 – 6.

6. Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи фанни биология» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).

7. Фаъолгардонии корҳои беруназ-синфӣ ва беруназмактабӣ аз фанни биология ва экология дар муассисаҳои таълимӣ.

8. Роҳҳои истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ дар дарсҳои биология дар синфҳои 10 - 11.

9. Тест - воситаи муҳими арзёбии дониши хонандагон.

 10.Роҳҳои асосии баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон (аз таҷриба).

11. Ҳолат ва дурнамои ташаккули тафаккури экологии хонандагон ҳангоми дарс.

12. Таъсири шароити экологӣ ба ҳолати психофизиологии хонандагон.

13. Экскурсия - воситаи асосии шиносоӣ ба муҳити маҳал (аз таҷриба). 

Химия

1. Истифодаи маводи дидактикӣ ва ёрирасони таълимиӣ - маҳаки асосии рушди тафаккури хонандагон.

2.  Роҳу усулҳои ташкил ва гузаронидани корҳои лабораторӣ ва амалӣ аз фанни химия дар синфҳои 10 - 11 (аз таҷриба).

3. Татбиқи назария ва амалияи раванди инноватсионӣ дар дарсҳои химия.

4.Роҳҳои тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ дар дарсҳои химия.

5. Истифодаи саволномаҳои тестӣ дар раванди таълими химия дар синфи 9.

6. Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи фаннӣ» ва маҳфили фаннӣ дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).

7. Зарурати илмӣ – методии такмилдиҳии усулҳои ҷадиди таълими фанни химия бо истифода аз технологияи муосир.

Технологияи иттилоотӣ

1. Тартиб ва риояи техникаи бехатарӣҳангоми ҷиҳозонидани кабинети технологияи иттилоотӣ. 

2. Тарзу тартиби банақшагирии маводи омӯзишӣ дар  маҳфил ва ҷалби хонандагон ба он (аз таҷриба).

3. Истифодаи барномаҳои компютерӣ дар ҳалли мисолу масъалаҳо.

4. Нақши фанни технологияи иттилоотӣ дар худтакмилдиҳии касбии омӯзгорони фаннӣ.

5. Нақши технологияи иттилоотӣ дар гузаронидани санҷишҳои тестӣ.

6. Роҳу усулҳои таҳияи барномасозӣ дар таълими фанни технологияи иттилоотӣ. 

7. Тарзи ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ (аз таҷриба).

8. Чорабиниҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ ва самаранокии онҳо дар ҷараёни таълим.

9. Роҳҳои тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ дар раванди таълим (аз таҷриба).

                   География

1. Истифодаи харита ва дигар маводи иловагии таълим ҳангоми таълими фанни география (аз таҷриба).

2. Истифодаи саволномаҳои тестӣ дар раванди таълим - омили муайян намудани сатҳу сифати дониши хонанда.

3. Роҳҳои истифодаи таҷҳизоти таълимии муосир дар дарсҳои география.

4. Роҳу усулҳои ташкил ва гузаронидани корҳои амалӣ аз фанни география дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).

5. Ташкили бозӣ ва саёҳат ҳамчун воситаи донишандӯзии хонандагон дар раванди таълими фанни география.

6. Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи фаннӣ» ва маҳфили географӣ дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).

7. Воситаҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарси география.

8. Масъалаҳои экологӣ дар таълими фанни географияи Тоҷикистон.

9. Мушоҳида ва таҷриба – воситаи фаъолгардонии хонандагон дар раванди омӯзиши фанни география.

Нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ

1. Тартиб додани нақшаи тақвимӣ ва дарсӣ аз фанни нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.

2. Истифодаи самараноки воситаҳои аёнӣ дар дарсҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.

3. Ташкили самараноки фаъолияти маҳфил - яке аз омилҳои баланд бардоштани майлу рағбати хонандагон.

4. Усулҳои таълими тасвир аз асл дар ҷараёни дарс (аз таҷриба).

Синфҳои   ибтидоӣ

1. Гузариш ба муносибати таълими салоҳиятнокӣ: Дастовард ва мушкилот. 

2.Банақшагирии дарс дар асоси стандартҳо, китобҳои дарсӣ ва замимаҳо.

3. Таҳлил ва таҳияи воситаҳои арзёбии муносибати таълими салоҳиятнокӣ.

4. Таҳлили ҷанбаҳои асосии методикаи таълими фанҳои мактабӣ дар муносибати таълим ба салоҳиятнокӣ.

5. Истифодаи  методҳои  интерактивӣ (усулҳои ҳамкорӣ), суҳбат, мубоҳиса ва  нақшофарӣ дар ҷараёни  таълим.

6. Роҳҳои  омода намудани кӯдакон  ба мактаб ва мушкилоти  давраи гузариш.

7.  Усулҳои дар  кӯдакон  такмил додани қобилияти  дарккунии  матн ҳангоми шунидани  он.

8. Усули  гузаронидани санҷиши тестӣ ва аҳамияти он дар рушди дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ. 

9. Методикаи  ташкили  корҳои  беруназсинфӣ аз фанни  математика дар  синфҳои  камнуфус.

10. Ташаккули  шавқу  ҳавас  ва  донишандӯзии   хонандагон дар  раванди  таълими  математика.

11. Тарзи  таълими  ҳамгироии  байнифаннӣ - тасвир  намудан, сохтан, ҳисоб  кардан  ва сурудан. 

12. Роҳу усулҳои гузаронидани  бозиҳои  таълимӣ  дар  дарсҳои  забони  модарӣ (синфи  4).

13. Нақши китоб  дар  ташаккули неруи зеҳнии хонандагони  синфҳои ибтидоӣ.

14. Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагони синфҳои     ибтидоӣ дар раванди таълими фанни забони модарӣ.

15. Ҳалли масъалаҳои мураккаб аз фанни математика дар синфҳои 3 ва 4.

16. Истифодаи технологияи нави таълим дар дарсҳои  забони модарӣ, математика, санъат ва меҳнат.

17. Усулҳои таълими намудҳои хониш ва дарки маънӣ дар синфҳои   ибтидоӣ.

18. Роҳҳои истифода бурдани маводи камарзиш ва табиӣ дар раванди дарсҳои санъат ва меҳнат.

19. Роҳу усулҳои гузаронидани бозиҳои серҳаракат дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ.   

Синфҳои ӯзбекӣ

1.Бошланғич синфлар стандартининг зарурияти ва аҳамияти ва ни амалий қилишда таълимий фанларнинг роли.

2. Бошланғич синфлар стандартининг мақсад ва вазифалари унинг йӯналишлари.

3. Она тили, санъат ва меҳнат фанларининг ҳамгиро таълим      беришнинг аҳамияти ва зарурияти.

4. Ҳамгиро таълими - кичик ёшдаги ӯқувчиларнинг оғзаки ва ёзма нутқини ӯстириш асоси.

5. Она тили, санъат ва меҳнат фанларини ҳамгиро шаклда дастурга мувофиқ таълим бериш ӯқувчиларнинг билим, малака маҳоратига қӯйилган талобот.

6. Математика дарсларида ӯқувчиларни ҳавасмандлантириш йӯллари.

7. Ӯқувчиларни китоб ӯқишга шавқ - ҳавасини уйғотиш. (тажрибадан).

8. Бошланғич синфларда ӯқувчиларнинг оғзаки нутқини ӯстириш йӯллари, ӯқиш сифати.

9. Алифбе таълими ва унинг даврлари.

10.Тӯғри хатосиз ёзишда товуш таҳлилининг аҳамияти.

11. Алифбегача ва алифбе даврида ёзув таълими. Ҳуснихат гигиенаси.

12. Бошланғич синфларда тарбиявий ишларни ташкил этиш ва ӯтказиш.

13. Она тили дарсларида кӯргазмали асбобларнинг аҳамияти.

14. Она тили дарсларида кичик ёшдаги болаларни ҳавасманд -      лаштириш йӯллари ( тажрибадан).

Муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак

1. Шахсияти кӯдак ва муносибати педагогӣ ба он. 

2. Таҷрибаи педагогӣ – омили муҳими тайёр кардани мураббии оянда.

3. Усулҳои ба роҳ мондани таълими машғулиятҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ.

4. Ибни Сино дар бораи тарбияи ахлоқии кӯдакони синни томактабӣ (аз таҷриба).

5. Ташаккули маҳорат ва малакаҳои меҳнатии кӯдакони синни   томактабӣ.

6. Тайёрии психологӣ – педагогии кӯдакон ба мактаб.

7. Рушди тафаккури эҷодии кӯдакони синни томактабӣ тавассути саёҳат  ба ҷойҳои таърихӣ.

8. Ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва аҳамияти онҳо дар ташаккули фикрию ҷисмонии кӯдакон.

9. Роҳбарӣ ва идоракунии марказҳои инкишофи кӯдак.

10.Ҳуҷҷатнигории Маркази инкишофи кӯдак.

11. Таҳлили мазмун ва истифодаи дурусти Барномаи «Рангинкамон» бо назардошти талаботи стандарти инкишоф ва омӯзиши  барвақтии кӯдак.

Мактаб - интернатҳои ҷумҳурӣ

1. Иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор (аз таҷриба).

2. Омӯзиш, ҷамъбаст ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар мактаб - интернатҳо.

3. Ташкил ва моҳияти корҳои тарбиявӣ бо хонандагони мактаб - интернат дар хобгоҳ.

 4. Роҳбарӣ ва назорат ба фаъолияти роҳбарони синф ва мураббияҳо дар мактаб - интернат.

5. Тарбия – воситаи муҳими таҳсилот ва маданияту маърифати хонандагони мактаб - интернат.

6. Усулҳои фаъолгардонии хонандагони мактаб - интернат дар дарс.

7. Чорабиниҳои беруназсинфӣ ва нақши онҳо дар тарбияи ахлоқии хонандагони мактаб - интернат.

8. Шӯрои методӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорони мактаб - интернат.

9. Тарбияи хонандагони мактаб - интернат дар рӯҳияи росткорӣ, масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ .

Китобдорони муассисаҳои таълимӣ

1. Роҳҳои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ.

2. Саҳми чорабиниҳои беруназсинфию фарҳангӣ дар бедор намудани майлу рағбати хонандагон ба китобу китобхона.

3. Нақши китобу китобхона дар ҳаёти шахсии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа.

4. Роҳҳои самараноки ҷалби хонандагон ба китобхона.

5. Истифодаи маводи инноватсионии китобхонаи мактабӣ: роҳҳои ҷадиди ташкил ва ташаккули он.

6. Саҳми китобхонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ дар такмили маҳорати педагогии омӯзгорон ва ҷаҳонбинии хонандагон.

7. Китоб манбаи дониш ва омили муҳими ташаккули маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон.

Роҳбарони созмонҳои хонандагон

1. Тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва мусоидат дар солимгардонии ҳаёти хонанда - мақсади асосии фаъолияти созмони хонандагон.

2. Тартиби банақшагирии фаъолияти созмони хонандагон дар муассисаи таълимӣ тибқи нишондоди Низомномаи созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).

3. Ташкил ва фаъолияти созмон дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва умумии асосӣ. 

4. Пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон - асоси тарбияи ахлоқии хонандагон.

5. Роҳу усулҳои ба мактаб ҷалб намудани хонандагони душвор - тарбия (аз таҷриба).

6. Ваҳдати миллӣ - омили рафоқату дӯстӣ ва ҳусни башардӯстии хонандагон.

7. Нақши созмон дар ташаккули шахсияти хонандагон

8. Танзими расму оинҳои мардумӣ – омили асосии ташаккули шахсияти кӯдак

Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии

ибтидоии ҳарбӣ

1. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои милла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва равнақи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Тартиби ташкил, ҷиҳозонидани толор ва майдончаҳои варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).

3.Тарбияи хештаншиносӣ ва ҳарбӣ - ватанпарастӣ дар дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ.

4. Методикаи муосири таълими машқи саф дар синфҳои 10 - 11.

5. Аҳамияти машқҳои ҳарбӣ - варзишӣ дар тарбияи ватанпарастии хонандагон.

6. Ташаккули шахсият ва тарбияи ҳисси ватанпарастии хонандагон дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ.

7. Истифодаи технологияи муосири таълим дар раванди омӯзиши фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ».

8. Таҳлил ва баррасии роҳҳои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии хонандагони  синфҳои болоӣ дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ.

Технология (таълими меҳнат)

1. Роҳҳои ҷалби хонандагон ба интихоби мақсадноки касб вобаста ба талаботи бозори меҳнат.

2. Ташкил ва ҷиҳозонидани гӯшаи интихоби касб дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).

3. Нақши ҳунаромӯзӣ дар чорабиниҳои беруназсинфӣ.

4. Нақши роҳбари синф ва омӯзгорони фаннӣ дар дуруст интихоб намудани касб дар байни хонандагон.

5. Манбаъҳои шиносшавӣ бо касбҳои гуногун ва роҳҳои соҳиб шудан ба касб.

6. Ҳунарҳои миллӣ ва эҳёи онҳо.

7. Тарзи ташкил ва таҷҳизонидани кабинети интихоби касб.

8. Тарзи гузаронидани корҳои ташвиқотӣ оид ба интихоби касб дар байни хонандагон.

Суруд ва мусиқӣ

1. Мушкилоти тадриси дарси суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо (аз таҷриба).

2. Нақши санъат ва фарҳанг дар тарбияи зебопарастии кӯдакон ва наврасон.

3.Хусусиятҳои фарқкунандаи омӯзиши фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.

4. Истифодаи роҳу усулҳои нав дар таълими фанни «Суруд ва мусиқӣ» .

5. Муҳимияти омӯзиши суннатҳои қадимаи санъат ва мусиқии мардумӣ тавассути технологияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.

6.Усулҳои омӯзиш ва технологияи таълими фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфи 1.