Озмуни «Арӯси наврӯзӣ» ва Фестивали «Моҳпайкари Наврӯз» барои донишҷӯён

13-03-2017

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода (21-22 марти соли 2017) аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Арӯси наврӯзӣ» ва Фестивали либосҳои миллӣ таҳти унвони «Моҳпайкари Наврӯз» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ роҳандозӣ гардид.

Мутобиқи Тартиби баргузорӣ даври аввали озмунҳо имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар оғоз гардидаанд ва дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст мегарданд.

 

Чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур ин дар руҳияи масъулиятшиносӣ, ифтихор аз фарҳангу либоси миллии худ ва ҳисси худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудан, заминагузорӣ барои бунёди фардои оилаҳои солим, пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҳама гуна рафторҳои номатлуб, хушунату зӯровариҳои рӯҳиву ҷисмонӣ, рушди маънавиёти фарҳангию сиёсӣ ва маърифатию ҳукуқии ҷавондухтарон дар самти созандагиву бунёдкорӣ мебошад.