«Таҳсилоти Россия. Душанбе-2017» хотирмон буд

18-04-2017

Аз 13-ум то 15-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафорати Федератсияи Россия ва Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе («Руссодрудничество») дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур 6-умин намоиш-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти Россия. Душанбе-2017» барпо гардид. Пеш аз ифтитоҳи ярмарка имзои як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия бо макотиби таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд. 

Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зимни сухани ифтитоҳии худ иқдоми мазкурро аз боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои судманди соҳаи маориф ва илми Тоҷикистону Россия арзёбӣ кард. Аз ҷумла, қайд кард, ки ҳамасола беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои дуҷониба ба ихтисосҳои мавриди ниёз аз тариқи квота ба муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия барои таҳсил фиристода мешаванд. Дар баробари ин, чанд соли охир як қатор филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов, Донишкадаи хӯла ва пӯлоди шаҳри Москва ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва таъсис дода шуданд. 

Роҳбарияти Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе низ аз рушди ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар соҳаи илм ва маориф изҳори хушнудӣ намуд. Сипас,  намояндагони як қатор донишгоҳҳои Россия аз ҷумла, Некрасов Вадим Владимирович – муовини  ректори  Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск, номзади илмҳои техникӣ, Кечемайкин Владимир Николаевич-директори Донишгоҳи  давлатии миллии тадқиқотии ба номи Н.П.Огарёваи Мордова ва дигарон аз дастовардҳо дар самти омода кардани мутахассисон барои соҳаҳои  гуногун маълумот доданд.

Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев ва Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фралов Игор Семёнович намоиш – ярмаркаро ҳусни ифтитоҳ бахшида ва дар ҳамкорӣ бо  иштирокдорон аз он дидан карда, бо пешрафт, комёбӣ ва фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия ошно  гардиданд. 

Бояд қайд кард, ки дар мизи мудаввар, ки қабл аз ифтитоҳи намоишгоҳ-ярмарка баргузор гардид, асосан андешаҳо сари масъалаи пешрафт ва  мушкилоти муассисаҳои олии ҳарду мамлакат радду бадал шуданд. Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Нуралӣ Солеҳов  ва ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров дар қисмати шиносоӣ аз мавзӯи минбаъдаи ҳамкориҳо байни муассисаҳои олии ҳарду ҷониб ҳарф заданд. Чунонки Нуралӣ Солеҳов зимни суханрониаш қайд кард, минбаъд низ ҳамкориҳо дар соҳаи илм, маориф, фарҳанги байни ҷавонон дар байни давлатҳо таҳким меёбанд. Ба ақидаи ӯ, яке аз роҳҳои расидан ба ин аҳдоф ифтитоҳи кафедра ва факултетҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон буда, омӯзиши таъриху фарҳанги ҳамдигар аст. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С.Улуғзода ба таълиму тарбияи  муҳассилине  машғул аст, ки дар ин таълимгоҳ омӯзиши забони русӣ дар мадди аввал қарор дорад. Дар ин росто Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва филиалҳои дигари донишгоҳҳои  Россия дар Тоҷикистон низ саҳми муносиб доранд.

Дигар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳо изҳори ақида намуда, аз пешрафт, имконият, роҳҳои тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва ҳамкориҳои  минбаъдаашон иттилоъ доданд. Онҳо  дараҷаи ҳамкориҳо байни муассисаҳои олии Россияро мусбӣ арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки чунин ҳамоишҳо боиси равнақи кори онҳо хоҳад гашт. Минбаъд ин ҳамкориҳо  тавсеа ёфта, барои ҳарду ҷониб ҳам аз чанд ҷиҳат манфиатовар хоҳанд буд.

Зимни суҳбат директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Исматулло Шодиев иброз дошт, ки дар намоишгоҳ-ярмаркаи имсола намояндагони зиёда аз 40 донишгоҳу донишкадаҳои Россия иштирок доранд, ки шогирдонро дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла, бакалавриат, магистратура ва аспирантура қабул менамоянд. Қабул ба муассисаҳои олӣ ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ сурат гирифта, ба таври озмун қабул карда мешаванд. Масалан, соли гузашта аксар довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои Россия қабул гардида, бо стипендия таъмин гардиданд. И.Шодиев гуфт, намояндагони макотиби олии Россия бештар бо тарғиби ихтисосҳои техникӣ-геологӣ, технология, муҳандисӣ, иқтисодӣ ба ҷумҳурии мо омадаанд, ки Тоҷикистон ба онҳо ниёзи бештар дорад.

Меҳмонон  барои тарғиби довталабон ба шаҳру вилоятҳои Суғд, Хатлон, Қӯрғонтеппа низ сафар намуда, ҳамзамон, ба ҷойҳои таърихии  Тоҷикистон ошно гардиданд ва дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок карда, бо як қатор расму оин ва анъанаҳои миллиамон шинос шуданд. 

Ҳотами Ҳомид,

Насриддин Охунзода,

«Омӯзгор»