ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

20-02-2018
 Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм
        Сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2082 сомонию 10 дирам.
 
        Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
        Муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1710 сомонию 80 дирам,
        Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1040 сомонӣ.
 
        Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
        Мутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696 сомонию 80 дирам.
 
Талабот ба довталабон
 
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
 
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома  оид ба вазъи саломатии шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
              Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони 
           мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
 
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
           -3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
           2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ (омӯзгори фанҳои таълимӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
           -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
           3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ (педагогика ва психологияи томактабӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
           -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (омӯзгорӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
           Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 16 марти соли 2018 (ҳар рӯз аз соати 1400 то 1700)  дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj телефон: 221-67-07, факс: 221-70-25 
            Озмун  рӯзи 30 марти соли 2018  соати 10:00 баргузор мегардад.