ВНМО ва роҳҳои пешгирии он

15-02-2018
15-уми феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии донишҷуён ва устодони донишгоҳ бо мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВМНО-и шаҳри Душанбе Тоирхон Шерхонов баргузор гардид.
Вохӯриро  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  Зарина Юсуфова оғоз бахшида, қайд намуд, ки барномаи курси омӯзишӣ оид ба ВНМО дар ҳаҷми 6 соат пешбинӣ шуда, мавзӯъҳои мушаххасро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки дар дарсҳои кураторӣ оид ба ин мавзӯъ машғулиятҳо ба роҳ монда шудаанд. Баъдан, Тоирхон Шерхонов дар мавзӯи «Вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд.
Ӯ аз ҷумла, зикр кард, ки ВНМО бемории сироятӣ буда, қариб дар тамоми мамлакатҳои дунё ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст.  Эпидемияи ин беморӣ охирҳои солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфтааст. 
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Тоҷикистон бори аввал дар ҷумҳурӣ сироятёбӣ бо ВНМО соли 1991 ба қайд гирифта шуд. Ҳоло дар кишвари мо 9839, нафар гирифтори ин беморӣ мебошанд, ки аз ин 6542 нафарро мардон ва 3297 нафарро занон ташкил медиҳанд. Шумораи кӯдакони гирифтори ВНМО ба 906 нафар мерасад. Танҳо дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ 1207 ҳодисаи сироятёбӣ аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, ки  ин нисбат ба соли 2016-ум 166 ҳодиса ё 13,7% зиёд мебошад.
Барои паст намудани хавфи сироятёбӣ ва паҳншавии беморӣ, сатҳи маълумотнокии одамонро баланд бардоштан лозим аст.
Дар хотимаи вохӯрӣ доир ба роҳҳои пешгирӣ аз ин вабои аср филми таълимӣ намоиш дода шуд.
Н.Гулбекова 
мудири шуъбаи тарғибот