Конфронси миллии таҳлили якҷояи соҳаи маориф

08-09-2017
 “Дастгирии техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим ва банақшагирӣ, таҳияи буҷет ва мониторинг” EuropeAid /137704/DH/SER/TJ (Лоти1)

Лоиҳаи Дастгирии техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим ва банақшагирӣ, таҳияи буҷет вамониторинг” EuropeAid/137704/DH/SER/TJ (Лоти1) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани Конфронси миллии таҳлили якҷояи соҳаи маориф, ки 15-ум ва 16-уми сентябри соли 2017 дар толори Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад, кӯмаки худро мерасонад. Таҳлили якҷояи соҳаи маориф имконият фароҳам меорад, ки намояндагони ҳукумат, донорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷоя соҳаи маорифро таҳлил кунанд. Мақсади чорабинии мазкур фароҳам овардани замина барои таҳлили дастовардҳо ва мушкилоти соҳа, ки бояд ҳалли худро ёбанд, мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили якҷояи соҳаи маориф яке аз рукнҳои банақшагирии стратегиӣ ва миёнамӯҳлати соҳа ба шумор меравад. Нақшаи фаъолияти соҳаи маориф барои солҳои 2015-2017 имсол ҷамъбаст мешавад ва нақшаи миёнамуҳлати оянда барои солҳои 2018-2020 таҳия хоҳад шуд. Иштирокчиёни таҳлили якҷояи соҳаи маориф дар раванди конфронс имконият пайдо мекунанд, ки тавассути муҳокимаву баррасӣ самтҳои афзалиятнокро барои пайдо кардани сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ ва берунаро муайян намоянд.
 
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Салима Имомназарова, оид ба муносибарҳои ҷамъиятии лоиха “Дастгирии техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим ва банақшагирӣ, таҳияи буҷет ва мониторинг” EuropeAid /137704/DH/SER/TJ (Лоти1) муроҷиат кунед. Сурога Душанбе кучаи Нисормухаммад 13 А /Тел (+992)-93-903-0163 / salimaalimas@gmail.com