ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

10-07-2017

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ

ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

 

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1710 сомонию 80 дирам,

Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696 сомонию 80 дирам.

 

 

Талабот ба довталабон

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

 

- ариза ба унвони роҳбари роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома  оид ба вазъи саломатии шакли 086УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои
холии маъмурии хизмати давлат
ӣ

 

 1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм, ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ, ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

 

2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

 

          Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 4 августи соли 2017 (ҳар рӯз аз соати 1400 то 1700)  дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj телефон: 221-67-07, факс: 221-70-25

Озмун  рӯзи 11 августи соли 2017  соати 1000 баргузор мегардад.