14.05.2025

 img

14 майи соли 2025 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати дурӯза бо гурӯҳи корӣ таҳти унвони “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат (LEARN)” оғоз ёфт. Дар он муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, мушовири байналмилалӣ, сардорон ва кормандони раёсатҳои дахлдори вазорат ва агентӣ иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм иброз намуд, ки имрӯз мо, кормандони соҳаи маориф дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқсозии низоми таълим ба талаботи ҷаҳонӣ таъкид менамоянд, ҷамъ омадаем, то бо баҳрабардорӣ аз таҷрибаи муосир ва муҳокимаи муштараки мутахассисон заминаи боэътимоди амалигардонии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 ва лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”-ро фароҳам созем. Эътимод дорем, ки натиҷаи ин машварат дар такмили механизмҳои арзёбӣ, аккредитатсия, мониторинг ва таҳкими муҳити таълим саҳми назаррас хоҳад гузошт.

 

Сипас, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм кайд намуд, ки баргузории чунин машваратҳои сатҳи баланд, ки дар он мутахассисони соҳаи маориф ба таври муштарак санадҳои муҳимми меъёрию ҳуқуқӣ ва механизми арзёбию мониторингро мавриди таҳлил қарор медиҳанд, яке аз заминаҳои устувори амалисозии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 ба шумор меравад.

 

Дар идома аз ҷониби мутахассисони соҳа масъалаҳои баррасии лоиҳаҳои аввали ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, дастур ва шарҳҳои арзёбӣ, таҳлили мантиқи сохтори ҳуҷҷатҳо ва мувофиқа бо стандартҳои байналмилалӣ (ба мисли Ofsted, NIS ва ғ.), муҳокимаи мазмуни лоиҳаи Барнома (қоида)-ҳои иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия, усулҳои нави санҷиш ва мониторинг, роҳу равишҳои баҳогузорӣ, мусоҳибаҳо ва таҳлили ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди лоиҳаи муфассали Дастури мониторинг ва арзёбии сифати таълим ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Ҷаласа бо муҳокимаи васеъ ва табодули афкор миёни иштирокчиён идома ёфта, оид ба сохтори ҳуҷҷатҳо ва тартиби татбиқи онҳо тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

 

Қайд менамоем, ки машварат ду рӯз идома карда, 15 май ба анҷом мерасад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БОЗГУЗОРИИ МАШВАРАТ ОИД БА МУҲИТИ ТАЪЛИМ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ img
  • БОЗГУЗОРИИ МАШВАРАТ ОИД БА МУҲИТИ ТАЪЛИМ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ img
  • БОЗГУЗОРИИ МАШВАРАТ ОИД БА МУҲИТИ ТАЪЛИМ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ АВВАЛИНИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА МУКОЛАМАИ ИЛМИЮ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ОЛМОН ДАР ФОРМАТИ C5+1 12-14 майи соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон нишасти аввалини мизи мудаввар оид ба муколамаи илмию сиёсии Осиёи Миёна ва Олмон дар формати c5+1 баргузор гардид.   Мизи мудаввари сатҳи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои маориф ва илми давлатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ниёзӣ Сироҷиддин – директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон намояндагӣ кард.   Мизбони чорабинӣ – Флориан Франк - сардори шуъбаи 212 –и Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон нишастро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар идома бо суханронии хеш мавзуъҳои “Пешомадҳои ҳамкории тадқиқотӣ: самтҳои асосӣ, соҳаҳои алоқа, равандҳо”, “Консепсияҳои ҳамкории тадқиқотӣ: интизориҳо, усулҳои кор, мушкилот” ва “Маблағгузории ҳамкории тадқиқотӣ: ҳадафҳо, таҷриба ва табодули дониш” – ро бо ҳайати кишварҳои иштироккунанда мавриди баррасӣ қарор дод.   Вобаста ба мавзуъҳои дар болозикргардида, афзалиятҳо ва нуқтаҳои алоқаи ҳамкории илмии байналмилалӣ ҷиҳати иҷроиши мавзуъҳо миёни давлатҳои иштироккунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.   Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии муносибатҳои геополитикӣ, баргузории чунин мизи мудаввар миёни намояндагони давлатҳои Осиёи Миёна ва баррасии мавзуи илмӣ – таҳқиқотӣ саривақтӣ мебошад.   Изҳор гардид, ки ташаббуси Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон дар роҳандозии формати C5+1 “Муколамаи илмию сиёсии Осиёи Миёна ва Олмон” заминаҳои густурдаеро барои муколама ва табодули таҷрибаи илмӣ- таҳқиқотӣ миёни кишварҳои минтақа фароҳам меорад.   Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомӣ қайд намуд, ки шумораи донишҷӯён, магистрантон, докторанти (PhD), унвонҷӯён ва олимон, ки ба таҳсилу пажӯҳиш дар муассисаҳои олии Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳ доранд, сол ба сол афзуда, дар ҳамин радиф, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад, то ки сатҳи омодагии онҳо ба таҳсил ва пажӯҳиш дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна боз ҳам беҳтар гардад.   Мавсуф зимни баромади худ пешниҳод намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст, дар доираи амалисозии ҳадафҳои “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037”, “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамкориҳои илмӣ –таҳқиқотиро дар мавзуи “Тадқиқоти рушди сармояи инсонӣ (маориф ва илм)”, “Таҳқиқот оид ба трансформатсияи рақамӣ дар соҳаи маориф ва илм”, “Татбиқи иқтисоди "сабз" дар саноатикунонии кишвар”, “Тадқиқоти истифодаи самараноки энергияи "сабз" ва таъмини сарфаҷӯии энергия”, “Тадқиқоти рушди соҳаи сайёҳии экологӣ”, “Тадқиқоти экология ва идоракунии захираҳои об”, “Тадқиқоти кишоварзӣ ва иқлим”, “Таҳсилоти касбӣ: рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия”, “Тандурустӣ ва биотиббӣ” бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад.   Инчунин, қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, омода аст ҷиҳати густариши мубодилаи академии донишҷӯён, магистрантон, докторанти (PhD), унвонҷӯён ва олимон, лоиҳаҳои муштараки илмӣ, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои байналмилалӣ, нашрияҳо ва тадқиқоти муштарак ҳамкориҳои судмандро бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна ба роҳ монад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    52

    14.05.2025
  •  img
    ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОН БО ҶОЙИ КОР Имрӯз 14-уми майи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон суҳбат-вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор шуд.   Дар суҳбат-вохӯрӣ Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим, Шамсиддин Саъдуллозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Исозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ ва намояндагони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ташкилоту идораҳо иштирок карданд.   Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим оғоз гардид.   Сипас Шамсиддин Саъдуллозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, аз ҷумла баён намуд, ки тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025”, “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 27-уми майи соли 2017, №262) тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моариф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ, “Комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагон” барои зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амалӣ карда мешавад.   Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки мутобиқи банди 8-и Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, маблағҳои хароҷотшуда ба тариқи суд рӯёнида мешаванд. Даъвои судӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи банди 9-и қоида гуфта мешавад, ки бе пардохти маблағ диплом ба мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, вале тибқи роҳхат ба кор ҳозир нашудааст, дода намешавад.   Тоҷиддин Исозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар донишгоҳ 365 нафар донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ, тариқи буҷавӣ ва тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, хатм карда, ҳамчун мутахассис вориди бозори меҳнат мегарданд.

    52

    14.05.2025
  •  img
    АРЗЁБӢ ВА ТАҲЛИЛИ РАВАНДИ ТАТБИҚИ «БАРНОМАИ ҶОРӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2024 – 2028» ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Бо мақсади таҳлили раванди татбиқи “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028”, гурӯҳи кории Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (МҶТИК) ба вилояти Хатлон сафарбар гардид.   Ҳайати гурӯҳи корӣ дар рӯзҳои 14 то 26 майи соли 2025 аз як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боздид ба амал оварда, вазъи ҷорӣ ва сатҳи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ин муассисаҳоро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳад.   Дар доираи сафари хизматӣ, гурӯҳи корӣ истифодаи таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет, фаъолияти синфхонаҳо, истифодаи интернет дар равандҳои таълимӣ ва сатҳи рақамикунонии муҳити таълимиро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.   Ин иқдом дар доираи нақшаи кории Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информасионӣ ва коммуникатсия” барои соли 2025 амалӣ гардида, ҳадафи он тақвияти заминаҳои техникию иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи маориф мебошад.   Марказ итминон дорад, ки татбиқи мунтазами барномаи мазкур ба густариши имкониятҳои рақамӣ дар муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат намуда, шароити омӯзишро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар хоҳад намуд.

    7

    14.05.2025