14.05.2025

12-14 майи соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон нишасти аввалини мизи мудаввар оид ба муколамаи илмию сиёсии Осиёи Миёна ва Олмон дар формати c5+1 баргузор гардид.
Мизи мудаввари сатҳи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои маориф ва илми давлатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ниёзӣ Сироҷиддин – директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон намояндагӣ кард.
Мизбони чорабинӣ – Флориан Франк - сардори шуъбаи 212 –и Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон нишастро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар идома бо суханронии хеш мавзуъҳои “Пешомадҳои ҳамкории тадқиқотӣ: самтҳои асосӣ, соҳаҳои алоқа, равандҳо”, “Консепсияҳои ҳамкории тадқиқотӣ: интизориҳо, усулҳои кор, мушкилот” ва “Маблағгузории ҳамкории тадқиқотӣ: ҳадафҳо, таҷриба ва табодули дониш” – ро бо ҳайати кишварҳои иштироккунанда мавриди баррасӣ қарор дод.
Вобаста ба мавзуъҳои дар болозикргардида, афзалиятҳо ва нуқтаҳои алоқаи ҳамкории илмии байналмилалӣ ҷиҳати иҷроиши мавзуъҳо миёни давлатҳои иштироккунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии муносибатҳои геополитикӣ, баргузории чунин мизи мудаввар миёни намояндагони давлатҳои Осиёи Миёна ва баррасии мавзуи илмӣ – таҳқиқотӣ саривақтӣ мебошад.
Изҳор гардид, ки ташаббуси Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон дар роҳандозии формати C5+1 “Муколамаи илмию сиёсии Осиёи Миёна ва Олмон” заминаҳои густурдаеро барои муколама ва табодули таҷрибаи илмӣ- таҳқиқотӣ миёни кишварҳои минтақа фароҳам меорад.
Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомӣ қайд намуд, ки шумораи донишҷӯён, магистрантон, докторанти (PhD), унвонҷӯён ва олимон, ки ба таҳсилу пажӯҳиш дар муассисаҳои олии Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳ доранд, сол ба сол афзуда, дар ҳамин радиф, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад, то ки сатҳи омодагии онҳо ба таҳсил ва пажӯҳиш дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна боз ҳам беҳтар гардад.
Мавсуф зимни баромади худ пешниҳод намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст, дар доираи амалисозии ҳадафҳои “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037”, “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамкориҳои илмӣ –таҳқиқотиро дар мавзуи “Тадқиқоти рушди сармояи инсонӣ (маориф ва илм)”, “Таҳқиқот оид ба трансформатсияи рақамӣ дар соҳаи маориф ва илм”, “Татбиқи иқтисоди "сабз" дар саноатикунонии кишвар”, “Тадқиқоти истифодаи самараноки энергияи "сабз" ва таъмини сарфаҷӯии энергия”, “Тадқиқоти рушди соҳаи сайёҳии экологӣ”, “Тадқиқоти экология ва идоракунии захираҳои об”, “Тадқиқоти кишоварзӣ ва иқлим”, “Таҳсилоти касбӣ: рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия”, “Тандурустӣ ва биотиббӣ” бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад.
Инчунин, қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, омода аст ҷиҳати густариши мубодилаи академии донишҷӯён, магистрантон, докторанти (PhD), унвонҷӯён ва олимон, лоиҳаҳои муштараки илмӣ, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои байналмилалӣ, нашрияҳо ва тадқиқоти муштарак ҳамкориҳои судмандро бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна ба роҳ монад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон