14.05.2025

Имрӯз 14-уми майи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон суҳбат-вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор шуд.
Дар суҳбат-вохӯрӣ Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим, Шамсиддин Саъдуллозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Исозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ ва намояндагони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ташкилоту идораҳо иштирок карданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим оғоз гардид.
Сипас Шамсиддин Саъдуллозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, аз ҷумла баён намуд, ки тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025”, “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 27-уми майи соли 2017, №262) тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моариф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ, “Комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагон” барои зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амалӣ карда мешавад.
Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки мутобиқи банди 8-и Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, маблағҳои хароҷотшуда ба тариқи суд рӯёнида мешаванд. Даъвои судӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи банди 9-и қоида гуфта мешавад, ки бе пардохти маблағ диплом ба мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, вале тибқи роҳхат ба кор ҳозир нашудааст, дода намешавад.
Тоҷиддин Исозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар донишгоҳ 365 нафар донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ, тариқи буҷавӣ ва тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, хатм карда, ҳамчун мутахассис вориди бозори меҳнат мегарданд.